OnePlus 2

From Wikipedia, the free encyclopedia

OnePlus 2
Remove ads

OnePlus 2смартфони ширкати хитоии OnePlus мебошад, ки 29 июли 2015 сол пешниҳод шудааст. Ин смартфони дуюми силсила мебошад. OnePlus 2 аз намуди қаблӣ бо дизайн ва хусусиятҳои техникӣ тафовут дошт.[1]

Quick Facts Бренд, Созанда ...
Remove ads

Хусусиятҳои техникӣ

Дар намуд маротибаи аввал дар ширкати OnePlus сканери изи ангуштон истифода шудааст, ки ба тугмаи “ба қафо” насб шудааст.[2][3] Инчунин OnePlus 2 якумин смартфон дар ҷаҳон бо васлаки USB Type-C мебошад.[4]

OnePlus 2 [5]
Экран 5.5

LTPS IPS LCD, 1080 x 1920 px, 16:9

Corning Gorilla Glass 3

RAM 3/4 GB
Ҳофизаи флеш 16/64 GB
Камера 13 MP, AF, f/2.0, 1/2.6", 1.3 µm, 4K@30fps, 4K(DCI)@24fps, 1080p@60fps, 720p@120fps
Камераи пеш 5 Мп, f/2.4, 720p@30fps
Пардозанда 4x1.56 GHz & 4x1.82 GHz
Системаи омилӣ Android 5.1 (Lollipop), Oxygen 3.5.6
Андозаҳо 151.8 x 74.9 x 9.9
Вазн 175
Remove ads

Низоми амалиётӣ

OnePlus 2 бо танзимоти фирмавии OxygenOS 2.0 истеҳсол мешуд, ки дар заминаи Android 5.1 Lollipop истеҳсол шудааст.[6]

Таҷдиди OxygenOS 3 дар заминаи Android 6.0.1 моҳи майи 2016 сол сурат гирифт.[7]

OnePlus 2 таҷдиди расмиро дар заминаи Android 7 "Nougat" нагирифтааст.[8] Ғайрирасмӣ OnePlus 2 то Android 8.0 Oreo дар танзими LineageOS 15 таҷдид кардан мумкин аст.[9]

Дар OnePlus 2 маротибаи аввал чангаки "Alert Slider" пайдо шуд, ки назди тугмаи танзимкунии баландии садо насб шудааст. Чангак барои тағйир додани се реҷа дар смартфон, ки қаблан истифодабаранда интихоб кардааст, имкон медиҳад, тибқи танзимоти барномавӣ - ин “Бе овоз”, “Ларзиш” ва “Занг”.[10]

Remove ads

Фурӯш

Фарзияи White Basic бо 16 Гб хотираи насбшуда 329 $, фарзияи Sandstone Black Premium бо 64 Гб 389$ арзиш дошт.[11]

Сарпӯши фирмавии қафои смартфон аз кевлар ё бамбук 27$ арзиш доштанд.[12]

OnePlus 2 дар Аврупо, ИМА ва Ҳиндустон дар миёнаи моҳи август ба фурӯш баромад.[13] Фурӯш тибқи даъват, ба монанди OnePlus One амалӣ шуданд.

Дар 72 соат пас аз оғоз шудани фурӯш 1 миллион OnePlus 2 фармоиш дода шуд.[14] Пас аз як ҳафта 2 миллион фармоиши пешакӣ амалӣ шуд.[15] Дар моҳи сентябри 2015 сол шумораи умумии фармоишоти пешакӣ 5 миллионро ташкил кард.[16]

12 октябри 2015 сол OnePlus намуди OnePlus 2 аз 12:00 то 13:00 HKT/CEST/PDT дар сомонаи худ бе даъват мефурӯхт.[17]

Далели шавқовар

Ширкати OnePlus бо Netflix барои рекламаи намудҳои OnePlus 2 ва OnePlus X ба мувофиқа омад. Аз ин рӯ дар мавсими чоруми силсилаи «House of Cards» хонуми якум смартфони OnePlus 2 истифода мекунад.[18][19]

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads