Russian Woman

From Wikipedia, the free encyclopedia

Russian Woman
Remove ads

«Russian Woman» (англ. — «Зани рус»[1] ё ин ки «Зани Русия») — суруди овозхони тоҷик Манижа Сангин, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ мусиқии «Евровижн-2021» Русияро муаррифӣ карда буд. Ин суруд аввалин бор дар даври интихобии мусобиқоти мусиқии «Евровижн-2021», ки 8 марти соли 2021, аз ҷониби шабакаи аввали телевизионии Русия бо овози Манижа Сангин садо дод ва аз тарафи доварону тамошобинон бо соҳиб шудани холҳои зиёд нисбат ба рақибон, ба озмуни мусиқӣ байналмилалии «Евровижн-2021» роҳ ёфт.

Quick facts Номи мақола, Иштирокдори ...

Даври финалии озмуни мусиқии Евровижн-2021, ки 22 майи соли 2021, дар шаҳри Роттердам, давлати Ҳолланд баргузор гардид, бо соҳиб шудан ба 204 хол дар байни иштирокчиёни ин озмун Манижа Сангин бо иҷрои суруди Russian Woman ҷойи нуҳумро ишғол кард.

Суруди Russian Woman моҳи марти соли 2021 дар шакли ададӣ ба кулли ҳаводоронаш пешниҳод гардид.

Thumb
Манижа ҳангоми иҷрои суруди «Russian Woman» дар «Евровижн-2021»
Remove ads

Ҷоизаҳо

  • Моҳи апрели соли 2021 суруди «Russian Woman» барои гирифтани ҷоизаи «Eurostory Award», ки ба матни беҳтарин, байни сурудҳои «Евровижн-2021» баргузор шуда, пешниҳод шуд.
  • Дар овоздиҳии муттаҳид, байни доварон ва ҳаводорони Озмуни Евровижн-2021 ҷои дуюмро ишғол намуд, пас аз суруди Zitti e buoni гурӯҳи мусиқии Måneskin аз Итолиё, ки ҷои якумро соҳиб шуд.

Донистаниҳо

Навори видеоии Манижа Сангин ба суруди Russian Woman («Зани рус»), ки бо он Русияро дар 65-умин озмуни байналмилалии «Евровижн-2021» дар Роттердами Ҳолланд апрели соли 2021 муаррифӣ карда буд, дар шабакаи расмии озмун, дар YouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоиши соли 2021 беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни онҳо машҳуртарин шудааст.[2]

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads