Евгений Велихов

From Wikipedia, the free encyclopedia

Евгений Велихов
Remove ads

Велихов Евгений Павлович (2 феврал 1935, Маскав5 декабр 2024[1], Мерсин[2][3] ё Маскав[4][5]) — физикдон-назарияпардози рус, доктори илмҳои физика ва математика (1966), академик (1974), ноиби президенти АИ ИҶШС (1978—1991) ва АИ Руссия (1978—1996). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1985).

Quick facts Евгений Велихов, Таърихи таваллуд ...
Remove ads

Зиндагинома

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав (1958). Аз соли 1958 дар Институти энергияи атомии ба номи И. В. Курчатов кор кардааст. Аз соли 1988 директори Институти мазкур. Солҳои 1971-78 директори филиали ҳамин ин-т — Лабораторияи магнитии АИ ИҶШС (минбаъд Институти таҳқиқоти инноватсионӣ ва термоҳастаии Троиск), мудири кафедраи физикаи ҳастаи Донишгоҳи давлатии Маскав (аз соли 1971), роҳбари Барномаи термоҳастаии ИҶШС (аз соли 1975) буд. Асарҳояш асосан ба физикаи плазма, ҳидродинамикаи магнитӣ, муаммои синтези термоҳастаии идорашаванда бахшида шудаанд. Президенти Маркази илмии «Институти Курчатов» (аз соли 1992), президенти ширкати «Росшелф», ноиби президенти Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Руссия, Котиби Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Руссия (аз соли 2006) ва аз соли 2010 узви Шӯрои илмии машваратии Фонди «Сколково». Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1984), Мукофоти давлатии ИҶШС (1977), Мукофоти давлатии Федератсияи Руссия дар соҳаи илм ва технология (2002), Мукофоти ба номи М. Д. Миллионшикови АИ ИҶШС (1986), Мукофоти «Энергияи глобалӣ» (2006). Бо ордени «Барои хидмати шоиста дар назди ватан» (дараҷаи IV) сазовор гаштааст (2010).

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads