Зарафшон (шаҳрак)

From Wikipedia, the free encyclopedia

Зарафшон (шаҳрак)
Remove ads

Зарафшон (пешинаСарвода) — шаҳракест, дар ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз шаҳрак то маркази ноҳия 30 км, то маркази вилоят (ш. Хуҷанд) 196 км, то ш. Душанбе 115 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2200 нафар (январи 2016).

Quick facts Зарафшон, Кишвар ...
Remove ads

Таърих

Шаҳрак 25 апрели соли 1952 ба муносибати бунёди Комб. маъдантозакунии Анзоб таъсис ёфтааст.

Аҳолӣ

1959[2]1970[3]1979[4]1989[5]2013[6]201920202022
866693182820502200250024003000

Иқтисод

Дар шаҳрак 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 дорухона, маркази саломатӣ, беморхонаи марказии ноҳиявӣ, 3 китобхона, 3 маркази фароғатӣ, 2 боғчаи бачагон, мактаби мусиқӣ, 70 мағоза, тарабхонаи «Қаҳрамон — Олим Нозимов», 7 ошхона, шуъбаи милитсия, филиали бонкҳои «Амонатбонк», «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк», «Бонки Эсхата» ва маркази қарздиҳии хурди «Рушди водии Зарафшон» мавҷуданд. Дар ҳудуди шаҳрак Корхонаи муштараки филизкори (металлургӣ)-и «Анзоб», корхонаи истихроҷи ангишти «Фон — Яғноб» фаъолият доранд. Аҳолии шаҳрак дар корхонаҳои дар ҳудуди шаҳрак мавҷудбуда кор ва фаъолият мекунанд. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар шаҳрак қалъаи Искандари Мақдунӣ мавҷуд аст.

Шахсиятҳои маъруф

Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ Олим Нозимов, Сангин Эшов, дорандаи ордени Ленин Қаландар Солеҳов ва ходими давлатӣ Мирзобек Мирзобадалов (собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар ҳамин шаҳрак таваллуд шудаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads