Неъматулло Ҳикматуллозода
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Неъматулло Ҳикматуллозода ( Ҳикматуллозода Неъматулло тав. 7 майи соли 1969, ш Душанбе) — ходими давлатӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2015)
Remove ads
Зиндагинома
Неъматулло Ҳикматуллозода 7 майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишкадаи хоҷагии халқи Москва ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро солҳои 1986-1987 аз техники шуъбаи меллиоратсия ва обтаъминкунии замини Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем»-и Кумитаи давлатии агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ба сифати эксперти корхонаи хурди «Ориё»-и Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷиквнешторг», мутахассиси дараҷаи 1, сармутахассис, сардори шуъбаи иқтисодии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ шуда фаъолият намудааст. Аз ноябри соли 2012 то феврали соли 2015 муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2015 то 24 январи соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]
Соли 2009 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads