Олучаи дарвозӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Олучаи дарвозӣ (лот. Prunus darvasica) — буттаи мевадорест, ки ки бумии Тоҷикистон аст ва то 1,5—2,5 метр қад мекашад.
Баргаш байзашакл ё нештаршакл (дарозиаш 5—6 сантиметр), гулаш 5-баргаи сафед (диаметраш 1,5—1,8 сантиметр), мевааш (2,8—3,5 грамм) мудаввар, сиёҳтоб, пӯсташ ғафси, дурушт, сершира, таъмаш нордон, донакаш гирда ё тухмшакл (дарозиаш 1,—1,5 сантиметр). Мохи апрел гул мекунад; мевааш июл — август мепазад. Хоси Осиёи Миёна (Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олой) аст. Дар Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Хисору Дарвоз (1000—1400 метр аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Аз мевааш мураббо, рубъ (повидло) ва компот тайёр кардан мумкин аст (то 6,35 % қанд дорад).
Remove ads
Эзоҳ
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads