Шералӣ Хайруллоев

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Шералӣ Хайруллоев (Хайруллоев Шералӣ Хайруллоевич; тав. 8 ноябри 1949, ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон) — ходими низомӣ ва давлатии тоҷик, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—2013)[1], генерал-полковник (1999).

Quick facts Шералӣ Хайруллоев, 3-умин Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
Remove ads

Зиндагинома

Шералӣ Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ

Thumb
Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ИДМ

Аз соли 1970 то 1977 дар вазифаҳои Ёвари сардори шуъбаи молияи қ/ҳ 6604-и шаҳраки Паймаи поёни кишвари Красноярск, Сардори шуъбаи молияи қ/ҳ 6694 шаҳри Қизили РАСС Тува, Сардори хадамоти хӯроквории қ/ҳ 6700 кишвари Красноярск, Муовини командири қ/ҳ 6694 шаҳри Қизили РАСС Тува фаъолият намудааст[2].

Солҳои 1977-1988 дар вазифаҳои Муовини сардори профилакторияи муолиҷавию кории Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон, Сардори муассисаи ислоҳотию кории №3/5-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон, Сардори муассисаи №3/7-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон, Муовини сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию кории ВКД ҶШС Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1988—1995 Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1995—2013 Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

25 январи 2014 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъйин гардид[3].

Remove ads

Унвону ҷоизаҳо

Рутбаи ҳарбии генерал-полковник дошта, бо ордени Ситораи Президент дараҷаи II, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оила

Оиладор, падари се фарзанд.

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads