Энрике Иглесиас
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Энрике Иглесиас (исп. Enrique Miguel Iglesias Preysler; тав. 8 майи 1975, Мадрид) — овозхон, муаллифи суруд, таҳиякунанда ва ҳунарпешаи испониёӣ.
Remove ads
Зиндагинома
Энрике Иглесиас 8 майи соли 1975 дар шаҳри Мадриди Испания, дар оилаи овозхони сарватманд ва обрӯманди испанӣ ба дунё омадааст. Падараш овозхони машҳури Испания Хулио Иглесиас, модараш Исабел Прейслер — рузноманигори мувафақ аз Филиппин, апааш Мария Исабел ва бародараш Хулио Хосе мебошанд. Иглесиас бо тахаллуси «Энрике Мартинес» (испанӣ Enrique Martínez) фаолияти эҷодии худро оғоз кардааст. Ҳоло Энрике Иглесиас яке аз машҳуртарин овозхонҳои мусиқии Амрикои лотинӣ ба шумор меравад, ки дорои ҷоизаҳои зиёд, мисли «Грэмми» ва «American Music Awards» мебошад.
Фаъолияти эҷодӣ
Дар давоми фаолияти эҷодиаш Энрике зиёда аз 40 синглҳо ва 10 албомҳои студиявиро сабт кардааст, ки 116 маротиба дискҳои платинавӣ, 227 маротиба дискҳои тилоӣ гардидаанд ва фуруши умумии онҳо 100 млн пластинкаҳоро ташкил дод. Вай ҳоло дар Аврупо ва ИМА кору фаолият дорад.

Remove ads
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads