Ҳахоманишиён
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ҳахоманишиён ё Нахустин империяи Форс (дар манбаъҳои ғарбӣ) (ба порсии бостон: 𐎧𐏁𐏂 'Xšāça') (550 - 330 пеш аз мелод) як подшоҳии бостонии эронӣ дар Ғарби Осиё буд, ки тавассути Куруши Кабир дар соли 550 пеш аз мелод асос гузошта шуд. Дар даврони Хашёршо (Ҳашёршоҳ) - и якум ба бузургтарин вусъати худ расид, ки аз нимҷазираи Қрим, Балкан, Аврупои Шарқӣ дар Ғарб, то дараи Синд дар Шарқ масоҳат дошт.

Сарсулолаи хонадони Ҳахоман аз мулки Форс аст. Писари Ҳахоман Куруши II-ро асосгузори Давлати Ҳахоманишиҳо мешуморанд, ки ӯ солҳои 550 −530 пеш аз мелод ҳукумронй кардааст. Номи давлат аз номи сулолае, ки Куруши Кабир ба он тааллуқ аст, гирифта шудааст. Куруш худро «шоҳи Аншан» ва «шоҳи Порсу», яъне шоҳи Форс меномид. Куруш мамлакатҳои зиёди дигарро забт карда, империияи бузурги Ҳахоманишиёнро ташкил намудааст.
Remove ads
Хонадони Ҳахоманишиён
- Куруши II Кабир (550—530 п. м.)
- Камбуҷияи II (530—522 п. м.)
- Дориуши I (522—486 п. м.)
- Ҳашёршоҳи I (486—465 п. м.)
- Ардашери I (465—424 п. м.)
- Ҳашиёршоҳи II (424 п. м.)
- Суғд (424—423 п. м.)
- Дориуши II (423—404 п. м.)
- Ардашери II (404—358 п. м.)
- Ардашери III (358—338 п. м.)
- Арсас (338—336 п. м.)
- Дориюши III (336—330 п. м.)
Давлати Ҳахоманишиҳо аз ҷониби шоҳи Юнону Македони Искандари Македонӣ соли 330 пеш аз мелод забт гардидааст.
Remove ads
Нигаред
Пайвандҳо
- ТаърихиТоҷикистон Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2007 сол.
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads