![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/d/dd/%25D8%25AA%25D8%25AE%25D8%25B7%25D9%258A%25D8%25B7_%25D9%2583%25D9%2584%25D9%2585%25D8%25A9_%25D8%25A7%25D9%2584%25D8%25A5%25D8%25B3%25D9%2584%25D8%25A7%25D9%2585.png/640px-%25D8%25AA%25D8%25AE%25D8%25B7%25D9%258A%25D8%25B7_%25D9%2583%25D9%2584%25D9%2585%25D8%25A9_%25D8%25A7%25D9%2584%25D8%25A5%25D8%25B3%25D9%2584%25D8%25A7%25D9%2585.png&w=640&q=50)
Аллоҳ
номи аслии Худо дар ислом / From Wikipedia, the free encyclopedia
Аллоҳ (ар. الله [ʔalˤːɑːh]) — дар ислом номи Худои якка ва ягона фармонравои Рӯзи ҷазо[1], ки ба одамон фиристодаи худро Муҳаммад салаллоҳро равон кард. Тарҷумаи шаҳодат аз забони арабӣ чунин аст: «Шаҳодат медиҳам, ки нест Худо, ба ғайр аз Аллоҳ, ва боз шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад — Расули Аллоҳ».
![](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/7/79/Allah.svg/265px-Allah.svg.png)
Тарзи хондан бо забони арабӣ:
|
Калимаи Аллоҳро, аз ҷониби ақвоми араб новобаста аз дин, мазҳаб ва замон истифода мебурданд[2]. Бештар калимаро ҳамчун истилоҳ барои ифодаи Худованд, арабони муслим, арабони насронӣ ва умуман муслимони ғайри араб истифода мебаранд. Айни замон аз ҷониби муъминон ва арабони насронӣ истифода мешавад[3]. Ба ғайр аз ин, насрониён ва дигарон дар Индонезия ва Малта зуд-зуд ёдоварӣ мекунанд[4][5][6]. Чунин истифодабарӣ дар байни сикҳои Малайзияи Ғарбӣ дар вақтҳои охир боиси баҳсҳои сиесӣ ва ҳуқуқӣ гашт[7][8][9].