From Wikipedia, the free encyclopedia
Алт — сози тории камончадоре, ки сохти скрипкаро дошта, ҳаҷман калонтар аст. Сабаби аз скрипка (violino) паст садо додани алт ин аст, ки ҳаҷман аз он калонтар буда, ба қадри квинта (панҷ садо) паст ҷӯр мешавад. Торҳои алт чунин ҷӯр доранд: тори IV — до (с), тори III — сол (д), тори II — ре1 (d1), тори I — ля1 (а1). Меъёри овози алт аз «до»-и октаваи хурд то «ми»-и октаваи сеюмро фаро мегирад. Нотаҳо барои соз дар мифтоҳи алт ва скрипка навишта мешаванд. Тарзи навохтану хусусиятҳои овозбарории алт ба скрипка шабоҳат дорад. Намунаҳои нахустини Алт ҳанӯз дар миёнаи асри XVI пайдо шуда буданд. Устои бузурги итолиёӣ скрипкасоз А. Страдивари намунаҳои беҳтарини Алтро кор карда баромадааст. Муддати зиёд аст, ки Алт дар квартетҳои торӣ истифода бурда мешавад. Дар оркестр алт дар гурӯҳи созҳои тории камончадор баъди скрипкаҳо навишта шуда, овозҳои мобайнро пурра месозад. Алт ҳамчун сози якканавозӣ низ аз миёнаи асри XIX маъмул аст. Дар ансамбл (иштирокчии ҳатмии квартети созҳои камончадор) ва оркестри симфонӣ (одатан дар оркестр 8 — 10 алтнавоз) истифода мешавад. Алтро чун сози якканавозӣ низ ба кор мебаранд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.