бошгоҳи футболи испонӣ From Wikipedia, the free encyclopedia
«Барсело́на» (исп. Fútbol Club Barcelona) — яке аз машҳуртарин бошгоҳи футболи испонӣ аз вилояти худмухтори Каталония. Ин бошгоҳ ба номи «Ба́рса» (исп. Barça) низ машҳур аст.
Барселона | ||||
Номи пурра | Futbol Club Barcelona | |||
Лақаб | Barça (Барса)[1] Blaugranas (Нилунориҳо)[2] Cataloness (Каталониҳо)[3] Cule (Мақъад)[4][5] | |||
Таъсис | 29.11.1899 | |||
---|---|---|---|---|
Майдон | «Камп Ноу» | |||
Ғунҷоиш | 99 354 | |||
Президент | Жоан Лапорта | |||
Мураббӣ | Хави | |||
Капитан | Серхи Роберто | |||
Рейтинг | ҷойи 5-ум дар раддабандии УЕФА[6] | |||
Сарпараст | Rakuten | |||
Сайт | fcbarcelona.com | |||
Мусобиқа | Лигбартари футболи Испониё (Ла Лига) | |||
2023/24 | 2. | |||
| ||||
2022/2023 |
«Барселона» яке аз пурарзиштарин бошгоҳҳои варзишии ҷаҳон аст. Тибқи маълумоти «Deloitte», дар мавсими 2022/23, бошгоҳ бо даромади солонаи 638,2 миллион евро дар ҷои ҳафтум аст[7].
Соли 1899 аз ҷониби як гурӯҳ футболбозони аврупоӣ бо сарварии Жоан Гампер таъсис дода шудааст. Клуб беш аз 140 000 нафарро дар бар мегирад. Варзишгоҳи асосии клуб — «Ноу Камп» пургунҷоиштарин варзишгоҳ дар Аврупо (2012) мебошад. Дар мавсими 2006/07 «Барселона» дар байни бойтарин клубҳои ҷаҳон бо даромади 291,1 млн евро ҷойи севумро ишғол кард. «Барселона» чор маротиба (1979, 1982, 1989, 1997) Ҷоми ҷомдорони УЕФА, чор маротиба (1992, 2006, 2009, 2011) Ҷоми чемпионҳои УЕФА (1992, 1997, 2009, 2011) ва чаҳор маротиба (1992, 2006, 2009, 2011) Суперҷоми УЕФА-ро ба даст овардааст. Солҳои 2009 ва 2011 дар байни клубҳои футболи ҷаҳон чемпиони ҷаҳон шудааст. Ҳуҷумкунандаи «Барселона» Лионел Месси чор маротиба барандаи «Тӯби тилоӣ» ва аз рӯйи ин нишондод рекордсмени ҷаҳон шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.