Бохтар
From Wikipedia, the free encyclopedia
Бохтар ё Балх (порсии бостон: Bāxtrī- < авестоӣ: Bāxδī- < эронии бостон: *bāxθrī- < ҳиндуэронӣ: *ˡbag-: baj ‘бахш, пора’ > санскрит: bāhlīka- > ведоӣ: bálhika- балхӣ: βαχλο < порсии миёна: Bāxl, Bālx < юн.-қад. Βακτριανή) номи мардуме дар шимолу ғарби Ҳинд’;[1] — сарзамине таърихӣ, ки миёни қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳисор, ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон, дар миёноби Омударё ҷойгир аст. Маркази ин сарзамин Зарринасп ном дошта, ки дар каронаи чапи Омударё дар шимоли Афғонистон ҷой дошт. ИН сарзамин дар ҷануб бо ноҳияи Гандҳара, дар шарқ — бо Бадахшон, дар ғарб — бо Марғиён (Маргиана) ва дар шимол — бо кӯҳсори Сакоинишин ҳамсоя буд. Ноҳияи Бохтари қадим ниҳоят макони бонуфуз ва қадим аст. Мувофиқи рисолаҳои юнонӣ дар Бохтари асрҳои то-милодӣ нуздаҳ мардумони гуногуннажод якҷоя зиндагӣ ба сар мебурданд. Шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст[2]
Забони расмии мардумони Бохтари қадим — ҳиндии Баҳлика — дар ҳазорсолаи аввали пас аз милод «забони бохтарӣ»- забони порсӣ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад, аммо дар мукотиба алифбои юнонӣ, иборат аз бисту чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба ғайри ин, мардумони Бохтари қадим ба забонҳои Тохарӣ (Тохрӣ), ҳинду-эронӣ, ҳиндӣ ва туркӣ гап мезаданд, ва аз алифбои Оромӣ (Суриё) ва Браҳмӣ (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони тоҷикон ҳисоб меёбанд.