Бохтар (шаҳр)
шаҳр, маркази вилояти Хатлон / From Wikipedia, the free encyclopedia
Бохтар (солҳои 1944 — 2018 Қӯрғонтеппа) — шаҳр, маркази маъмурии вилояти Хатлон дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар соҳили дарёи Вахш, дар баландии 428 м аз сатҳи баҳр ҷой дорад. Бохтар дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир буда, бо 126 700[2] нафар ҷамъият (пас аз Душанбе ва Хуҷанд) сеюмин шаҳри Тоҷикистон аст.
Шаҳр | |
Бохтар | |
37°50′11″ с. ш. 68°46′49″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Раиси шаҳр | Абдулмаҷид Мӯминзод (аз 2024) |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Қӯрғонтеппа (то 2018), Леваканд |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 428 м |
Минтақаи замонӣ | {{{минтақаи замонӣ}}} |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 126 700[1] тан (2022) |
Номи қавмӣ | бохтарӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3222 |
Нишонаи почта | 735140 |
qurghonteppa.tj | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз ӯзбекҳо ва русҳо низ зиндагонӣ мекунанд.
Шаҳри ҳозираи Бохтар дар солҳои 1944 — 1992 бо номи Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Қӯрғонтеппа гардид ва аз соли 1993 то 2018 маркази маъмурии вилояти Хатлон буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии вилояти Хатлон, номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.[3][4]