From Wikipedia, the free encyclopedia
Галлий (лот. Gallium), Ga — унсури кимиёӣ аз гурӯҳи III-и Ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 31, массаи атомиаш 69,72.
31 | Галлий |
69,723 | |
3d104s24p1 |
Галлийро соли 1875 кимиёдони фаронсавӣ Л. Де Буабодран кашф намудааст. Ба шарафи номи лотинии Фаронса — Galliа Галлий ном мондаанд.
Филиззи зудгудози сафеди нуқрагун; ҳарорати гудозишаш 29,8°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2403°С, зичиаш 5,1 г/см3. Галлий ягона филиззест, ки дар фосилаи ҳарорати 29,8-2400°С моеъ мебошад.
Хосияти кимиёии Галлий ба алюминий мушобеҳ аст. Дараҷаи оксидшавии пайвастҳои Галлий +3 мебошад; пайвастҳои дараҷаи оксидшавиашон +1 Ga2O ва +2 GaCl2 низ маълуманд. Дар ҳаво бо пардаи оксидӣ пӯшида мешавад. Дар шароити муқаррарӣ бо хлору бром, ҳангоми гарм кардан бо йод, оксиген ва сулфур вокуниш мекунад. Дар кислотаҳои сероб бо ихроҷи ҳидроген ҳал мегардад. Бо оксиди Ga2O3 ва ҳидроксиди Ga(OH)3 хосияти амфотерӣ зоҳир менамояд, бо кислотаву ишқорҳо ба реаксия дохил шуда, намак ҳосил мекунад. Галлийи холисро аз электролизи маҳлули Ga(OH)3 ба даст меоранд. Пайвастҳои Галлий дар ҳарорати паст гудохта ва бухор мешаванд. Галлий бо филиззот хӯлаҳои зудгудоз ҳосил менамояд, масалан, хӯлаи он — индий дар ҳарорати 16°С гудохта мешавад. Пайвастҳои Галлий бо сурма Sb ва арсен As хосияти нимноқилӣ доранд. Аз сабаби он ки Галлий филиззи зудгудоз ва безаҳр аст, онро метавон ба ивази симоб дар дандонсозӣ истифода намуд. Галлийи моеъ бо аксари филиззот хӯла ва пайвастҳои хосияти механикиашон заиф ҳосил менамояд. Бинобар ин, мавҷудияти Галлий дар таркиби филиззот боиси суст шудани устувории онҳо мегардад.
Галлий дар табиат дар шакли ду изотоп — 69Ga (60,5 %) ва 71Ga (39,5 %) вуҷуд дорад. Изотопҳои радиоактиви он низ маълуманд. Галлит CuGaS2 аз ҷумлаи минералҳои Галлий аст. Галлий дар таркиби руҳ, оҳан ва алюминий дучор меояд.
Мавҷудияти Галлийро Д. И. Менделеев чор сол қабл аз Л. Де Буабодран пешгӯӣ карда, онро экаалюминий номида буд. Галлий 1,5∙10−3% -и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Мансуби унсурҳои пароканда аст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.