From Wikipedia, the free encyclopedia
Гуаякил ё Сантяго де Гуаякил (исп. Guayaquil) — шаҳри бузургтарини Эквадор, маркази маъмурии ноҳияи Гуяас. Дар фосилаи 270 км ҷанубу ғарби Кито, дар соҳили рости дарёи Гуаяс (70 км дуртар аз резишгоҳи он ба халиҷи Гуаякили уқёнуси Ором) воқеъ аст. Аҳолиаш 2,7 млн нафар (2014; бо аҳолии атрофаш 3,3 млн). Истгоҳи р. о., Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Хосе Хоакина де Олмедо дорад. Аввалин маҳалли аҳолинишинро тақр. соли 1534 истилогари испониёӣ Ф. Сауляно дар резишгоҳи дарёи Бабаойо бунёд кард. Соли 1537 шаҳр ба ҷои имрӯзааш кӯчонида шуд ва Сантяго-де-Гуаякил ном гирифт. Соли 1822 дар Г. конференсия баргузор гардид, ки бо қарори он С. Боливар роҳбари Ҷунбиши озодихоҳии Амрикои Ҷанубӣ таъйин гардид. Дар асри 19 маркази ҳаракати озодихоҳии Эквадор буд. Аз соли 1838 қароргоҳи усқуф. Заводи илмию истеҳсолӣ (дар асоси лӯлаи нафти Лаго — Агрио — Кито), заводи пӯлодгудозӣ дорад; саноати мошинасозӣ, семент, коркарди чӯб, пойафзор, қанд, хӯрокворӣ рушд кардааст. Соли 1962 бандари нави амиқоби Пуэрто Ново, соли 1979 пешбандари Пуэрто Маритим сохта шуданд, ки 90 дарсади молҳои воридотӣ ва 50 дарсади молҳои содиротии Эквадор (банан, қаҳва, какао) тавассути ин бандарҳо ҳамлу нақл мешаванд. Бандари моҳигирӣ дорад. Дар қисмати куҳнаи Лас-Пеняс майдони Пласа Колон ва харобаҳои қалъаи Ла Планчада воқеанд. Дар Г. ҳамчунин калисои Санто-Доминго (1548), калисои ҷомеи Сан-Франсиско (1547) мавҷуданд. Осорхонаҳои шаҳрӣ, «Наим Исайяс» (бостоншиносӣ, санъати давраи мустамликадорӣ), донишгоҳҳои Лайка Висенте Рокафуэрте, политехникии Салесиана, католикии Сантяго-де-Гуаякил (хусусӣ), мактаби олии политехникӣ, консерватория, академияи рассомӣ дорад. Дар ҷанубу ғарби шаҳр дар соҳили уқёнуси Ором истироҳатгоҳи бошукӯҳи Плаяс ҷойгир аст.
исп. Santiago de Guayaquil | |||||
|
|||||
Song of October Ninth[d] | |||||
Кишвар | Эквадор | ||||
Музофот | Гуаяс | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таърихи таъсис | 15 август 1534 | ||||
Масоҳат | |||||
Баландӣ | 4 ± 1 м | ||||
Вақти минтақавӣ | UTC−05:00[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Коди телефон | 04 | ||||
Нишонаи почта | 090101 - 090158 | ||||
Вебгоҳи расмӣ(исп.) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.