Давлати исломии Ироқу Шом
From Wikipedia, the free encyclopedia
«Давлати исломӣ» (ар. الدّولة الإسلاميّة, ад-Давлату-л-Исломия), ихтисоран ДИ, қаблан «Давлати исломии Ироқу Шом» (ар. الدولة الإسلامية في العراق والشام ихтисоран ДОЪИШ (ар. داعش) — як созмони байнулмилалии[11] тундрави[12] исломгаро ва пайрави омӯзаи ваҳҳобӣ аз исломи суннӣ.
Ин гурӯҳ аз июли 2014 иддаои хилофати ҷаҳонӣ кард ва худро Давлати исломӣ (ар. الدّولة الإسلاميّة) номид. Ҳамчунин замоне бахшҳои бузурге аз шимол Ироқ ва шарқи Сурияро бо ҷамъиятҳои 2,8 ва 8 миллиюн нафар ва бахшҳои кӯчакеро дар Либия, Нигерия ва Афғонистон ба тасарруфи худ дароварда буд.
Ин гурӯҳ ба раҳбари Абубакри Бағдодӣ аз муҷоҳидини салафии ҷудошуда аз шабакаи Алқоъида таъсис шуда ва бо давлатҳои Ироқ, Сурия ва дигар гурӯҳҳои шӯришии мухолифи давлати Сурия вориди ҷанг шудааст. ДОИШ яке аз тундравтарин гурӯҳҳои исломгаро дар Ховари Миёна буд. Ин гурӯҳ илова бар Ироқ ва Сурия бахшҳое аз Либия ва Нигерияро низ дар контроли худ даровард. Гурӯҳҳои ҳампаймони ДОИШ дар нуқот дигари дунё мисли Афғонистон ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ низ фаъол ҳастанд.