Иқтисоди Тоҷикистон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Иқтисоди Тоҷикистон — ба далели тавоноиҳои ҷуғрофиёӣ ва табиии худ, яке аз манотиқи муҳимми иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва аз ҷойгоҳе вежа бархурдор аст. Пас аз эъломи истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, лағв шудани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбуди ҷиддии захираҳои молиявӣ иқтисод ва тиҷорат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ омаданд.
Quick Facts Кишвар, Макони кунунӣ ...
Кишвар | |
---|---|
Макони кунунӣ | |
ММД-и номиналӣ | 7 145 701 018,7492 $[1] |
ММД-и номиналӣ ба сари аҳолӣ | 801 $[2] |
ММД (ПТХ) | 28 564 097 213 доллари байналмилалӣ[3] |
ММД ПХТ ба сари аҳолӣ | 3 201,771 доллари байналмилалӣ[4] |
Нархи рушди иқтисод (ММД)-и воқеӣ | 6,9 ± 0,1 фоиз[5] |
Захираҳо | 1 291 955 730 $[6] |
Фоизи беқурбшавии пул (инфлятсия) | 6,1 ± 0,1 фоиз[7] |
Гурӯҳи вобаста | Category:Lists of companies of Tajikistan[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close
Минбаъд марҳалаҳои гузаштаро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то айни замон шартан ба 3 давра метавон ҷудо намуд.
- давраи аввал — солҳои 1991-94 — таҳлили низоми шӯравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори муқовиматҳои шаҳрвандӣ
- давраи дуюм — солҳои 1995-99 — раҳо гардидани иқтисоди кишвар аз ҳолати буҳронӣ, тағйироти сохторӣ ва институтсионалӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ;
- давраи сеюм — солҳои 2000—2014 — солҳои рушди устувори иқтисодӣ.
Мувофиқи пешгӯии иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, соли 2018 афзоиши воқеии ММД Тоҷикистон то 5,9 фоиз бештар шуда, соли 2019 то ба 6,1 фоиз мерасад. Қобили зикр аст, ки соли 2016 рушди воқеии ММД Тоҷикистон 6,9 фоизро ташкил дода буд[8].