Опера
From Wikipedia, the free encyclopedia
О́пера (аз лот. opera — меҳнат, маснуот, асар) — жанри санъати мусиқӣ-драмавист.
Асоси Опера-либретто дар ин жанр бо воситаҳои драматургияи мусиқӣ, тавассути мусиқии вокалӣ ва оркестрӣ таҷассум кунонда мешавад. Опера ҳамчун жанри мураккаб дар худ намудҳои гуногуни саноеъ: драматургия, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, хореография ва ғ.-ро муттаҳид мекунад. Хислати қаҳрамонон бештар дар партияҳои яккахонон (ария, ариоза, ариетта, кватина, монолог, баллада, суруд) кушода мешавад. Дар опера речитатив-бо оҳанги махсус ифода кардани нутқ омили таъсир-бахши драматургияи мусиқӣ мебошад. Дар операи ҳаҷвӣ, ба ҷои речетатив нутқи гуфтугӯӣ (одатан диалог) истифода мешавад. Дар опера ансамбли мусиқӣ (дуэт, трио, квартет, квинтет ва ғайра) низ мавқеи муҳим дорад. Мавқеи хор дар опера гуногун аст. Ба воситаи хор манзараҳои муҳташами ҳаёти халқ нишон дода мешавад (мас., мавқеи хор дар драмаҳои мусиқии М. Мусоргский «Борис Годунов» ва «Хованшина»). Дар опера оркестр мавқеи калон дорад. Яке аз ҷузъҳои намоиши операвӣ балет ва саҳнаҳои хореографӣ мебошанд.[1]