![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/a/ae/Darwin%2527s_finches_by_Gould.jpg/640px-Darwin%2527s_finches_by_Gould.jpg&w=640&q=50)
Тағйирпазирии ирсӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Тағйирпазирии ирсӣ (тағйирпазирии генотипӣ) — пайдо шудани аломатҳо ва хосиятҳои нав дар асоси дигар шудани маводи ирсӣ.
Ба тағйирпазирии ирсӣ он тағйиротҳои зоҳирии организм хосанд, ки бо генотип вобаста буда, дар наслҳо боқӣ мемонанд. Албатта, ин навъи тағйиротҳо гуногунанд ва баъзан аломатҳои тағйирёфта ба чашм намоён мебошанд. Масалан, пойҳои кӯтоҳ дар гӯсфандони анконӣ, парнадоштани паррандагон, дигар шудани панҷаҳои гурба, набудани пигмент (албинизм) ва кӯтоҳангуштӣ дар одам.[1]
Ин тағйирпазирӣ устувор буда, аз насл ба насл мегузарад ва бо ин роҳ навъҳои нав пайдо мешаванд. Масалан, навъи паканаи нахӯди хушбӯй, рустаниҳои махмалгул ва ғайра дар асоси ҳамин тағйирпазирӣ ба вуҷуд омадаанд.