Қоҷориён
From Wikipedia, the free encyclopedia
Дудмони Қоҷор ё Силсилаи Қоҷор ё Қоҷорён (форсӣ: قاجاریان) — як силсилаи салтанатии эронӣ[1] бо асолати турк[2][3][4][5], бавежа аз эли Қоҷор буд, ки аз 1789 то 1925[6][7] бар Эрон ҳукумат мекард. Бунёнгузори ин силсила Оқомуҳаммадхони Қоҷор буд[8][9][10]. Сардудмони Қоҷория марбут ба яке аз тоифаҳои туркманони Эрон ба номи эли Қоҷор буд, ки бар асари юриши муғул аз Осиёи Марказӣ ба Эрон муҳоҷират карданд. Онон ибтидо дар перомуни Арманистон сокин шуданд. Эли Қоҷор яке аз ҳафт эли аслии қизилбош буд, ки шоҳ Исмоили I ба ёрии тавони низомии онҳо силсилаи Сафавияро бунён ниҳод ва ба далели кумакҳои бузурге, ки ба дарбори Сафавӣ менамуд, қудрати бештаре ёфт. Шоҳ Аббоси бузург як даста аз ононро дар Астаробод (Гургони имрӯзӣ) сокин кард.
Quick Facts Таърихи таъсис, Бунёнгузор ...
форсӣ: قاجاریان | |
Парчам | Coat of arms |
Таърихи таъсис | 1785 |
---|---|
Бунёнгузор | Оқомуҳаммадхони Қоҷор |
Кишвар | |
Иваз шуд ба | Дудмони Паҳлавӣ |
Таърихи фурӯпошӣ | 12 декабр 1925 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Close