From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳава́йӣ (англ. ва ҳав. Hawaiʻi), инчунин Ҷазираи Бузург (англ. Big Island) — галаҷазира дар қисми марказии уқёнуси Ором.
ҳав. Hawai'i | |
Номида ба шарафи | Hawaiʻiloa[d] |
---|---|
Қитъа | Уқёнусия |
Кишвар | |
Воҳиди марзию маъмурӣ | Ҳавайӣ[d] |
Минтақаи замонӣ | HAST[d] |
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Уқёнуси Ором |
Мавқеият | Уқёнуси Ором |
Баландтарин нуқта | Mauna Kea[d] |
Шумораи аҳолӣ |
|
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 4 205 м |
Дарозӣ |
|
Бар | 131 км |
Масоҳат |
|
Периметр | 504 км |
Official symbol | M. polymorpha[d][2] |
Official color | сурх[3] |
Шумори пайгирон | 22 159 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Галаҷазира бештар аз 3600 км тӯл кашида, аз 8 ҷазираи нисбатан калон ва 12 ҷазираи хурди дар натиҷаи оташфишонии вулканӣ бавуҷудомада иборат мебошад. Майдони умумии он 16,7 ҳазор км2. Аҳолиаш 1,7 млн нафар (2014). Пойтахт — шаҳри Гонолулу дар ҷазираи Оаху. Ҷазираҳои калон кӯҳсоранд ва боқӣ аз пуштакӯҳҳо иборатанд. Ҳарорати миёнаи моҳона 18-25°С. Боришоти солона аз 3500 то 12500 мм дар мавзеъҳои камшамол муайян шудааст. Ҷангалзорҳои тропикӣ ва марғзорҳо дорад. Дар галаҷазираҳо бештар аз 2500 навъи рустаниҳо месабзанд. Аҷдоди полинезиягиҳо дар галаҷазираҳо тақрибан аз асрҳои 4-5 сокин шудаанд. Ибтидои ҳазорсолаи 2 бошандагони галаҷазира бо дигар ҷазираҳои уқёнуси Ором робита барқарор намуданд. То ба ҷазираҳо омадани аврупоиён гавайиҳо давлат надоштанд, фақат иттиҳоди қабилаҳои ҷудогона вуҷуд дошт. Галаҷазираҳоро соли 1778 баҳрнаварди британиягӣ Ҷеймс Кук кашф кард ва онҳоро ҷазираҳои Сандвичҳо номид. Президенти чилучорумини ИМА Барак Обама дар шаҳри Ҳонолули ҷазираҳои Ҳавай таваллуд шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.