Ҳувахшатра
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳувахшатра, Ҳувахштра, Киаксар (асри VII то м., Ҳагматона — 585 то м.[1]) — севумин шоҳи Мод (625—585 то м.), писари Фравартиш ва падари Остиёг.
Quick Facts Ҳувахшатра, Таваллуд ...
Таваллуд |
асри VII то м. |
---|---|
Даргузашт | 585 то м.[1] |
Падар | Фравартиш |
Фарзандон | Иштувегу ва Amytis of Media[d] |
Close
Мод дар даврони ҳукумати Ҳувахшатра аз марзҳои ҷуғрофиёии қавмии худ фаротар рафту бисёр густариш ёфт ва ба бузургтарин имперотурии замони худ табдил шуд, ки аз самти мағриб то рӯди Ҳолис (Қизилирмоқ) ва аз самти машриқ то Омударё ё Сирдарё мерасид. Бархе аз пажӯҳишгарон номи вайро баргирифта аз ду вожаи порсии бостон ҳу (хуб) ва хшасра (шоҳ) донистаанд, ки дар кулл ба маънии «подшоҳи хуб» аст.