Ҷаҳони сеюм (русӣ: Третий мир) истилоҳи сиёсии нимаи дуюми садаи XX буда, давлатҳои мустақилро, ки бевосита дар Ҷанги Сард ширкат надоштанд, ифода мекунад [1]. Аслан маънои он кишварҳое буд, ки ба сателлитҳои ИМА ("дунёи аввал") ё иттиҳоди сотсиалистӣ ("дунёи дуюм") ҳамроҳ нашудаанд. Баъдан, ин мафҳум барои муайян кардани кишварҳое, ки аз ҷиҳати сатҳи рушд заиф мебошанд (синоними мафҳуми "кишварҳои рӯ ба тараққӣ") истифода мешавад ва баъзан ҳамчун пейоратив (мафҳуми манфӣ) истифода мешавад . Мафҳуми ҷаҳони сеюм ба илм дар доираи неомарксизм ворид карда шуд.[2]

Thumb
кишварҳои капиталистӣ
кишварҳои сотсиалистӣ "Ҷаҳони сеюм" - Кишварҳои ба блокҳо ҳамроҳнашуда (соли 1974)

Таърих

Ба маънои муосири худ, ин мафҳум бори аввал дар як мақолаи олими фаронсавӣ Алфред Сови дар маҷаллаи L'Observateur 14 августи соли 1952 истифода шудааст [3], ки дар он кишварҳои ҷаҳони сеюмро бо амволи сеюм дар ҷомеаи анъанавӣ муқоиса кардааст. Дар аввал, ин мафҳум ба кишварҳое ишора мекард, ки дар давраи Ҷанги Сард на ба ҷаҳони Ғарб (НАТО) ва на ба кишварҳои сотсиалистӣ (СШВ) тааллуқ надоштанд. Ҷаҳони сеюм майдони рақобат дар байни қудратҳои пешрафта буд. Аз соли 1974 инҷониб маоистҳо худро бо «ҷаҳони сеюм» муаррифӣ карда, ба истилоҳ «сотсиал-империализм» ва «ревизионизм»-и СССР-ро маҳкум мекунанд. Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ (русӣ: Движение неприсоединения) ба блокҳо кӯшиши ба қувваи мустақили сиёсии байналмилалӣ табдил додани ҷаҳони сеюм буд. Кишварҳои рӯ ба тараққиро инчунин кишварҳои "ҷаҳони сеюм" меноманд. 

Кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар навбати худ аз рӯи дараҷаи рушди иқтисодӣ ба се гурӯҳи асосӣ тақсим карда мешаванд. Кишварҳои камтараққӣ – кишварҳои Африқо, миёнатараққӣ – кишварҳои Осиё ва муқоисатан тараққиёфта – кишварҳои Амрикои Лотинӣ.

Эзоҳ

Ҳамчунин нигаред

Пайвандҳои берунӣ

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.