From Wikipedia, the free encyclopedia
Луиҷи Галвани (итол. Luigi Galvani, 9 сентябри 1737 — 4 декабри 1798) — пизишки итолиёӣ, анатомист, физиолог ва физикдон, яке аз бунёнгузорони таълимот дар бораи барқ ва электрофизиология, асосгузори электрофизиологияи таҷрибӣ.
Луиҷи Галвани 9 сентябри соли 1737 дар Болоня ба дунё омадааст. Ӯ аввал илоҳиёт ва баъд пизишкӣ, физиология ва анатомияро омӯхтааст. Дар соли 1759 вай Донишгоҳи Болонияро бо ихтисоси илоҳиётшинос хатм кард ва танҳо пас аз дифоъ кардани рисолаи худ ба тиб таваҷҷуҳ пайдо кард (ин дар зери таъсири падари шавҳараш — пизишки номвар ва профессори тиб Карло Галеаззи рух дод).
Корҳои илмии аввалини Луиҷи Галвани ба анатомияи муқоисавӣ бахшида шуданд. Соли 1771 таҷрибаҳоро оид ба омӯзиши кашишхӯрии мушакҳо оғоз намуда, ҳодисаи зери таъсири ҷараёни электрӣ кашишхӯрии мушакҳои қурбоқаро ошкор кард. Баъдтар Волта қайд кард, ки кашишхӯрии мушакҳои қурбоқа аз таъсири ҷараёни электрикӣ аз нуқтаи назари физикӣ чизи нав нест. Ҳодисаи индуксияи электрикӣ, маҳз ҳодисаи ба ном «зарбаи бозгаштӣ»-ро соли 1779 Магон баррасӣ намуда буд. Луиҷи Галвани кашишхӯрии мушакҳоро ҳангоми ба воситаи ноқил пайваст кардани он бо асаб ё ҳароммағз мушоҳида намуд. Инчунин муқаррар кард, ки мушак ҳангоми ба он дар як вақт расидани ду ноқили гуногун кашиш мехӯрад. Луиҷи Галвани аз таҷрибаҳои худ ба хулоса омад, ки манбаи нав ва шакли нави барқ вуҷуд дорад. Ба чунин хулоса Луиҷи Галваниро таҷрибаи тартиб додани занҷири сарбаста аз ноқилҳо ва мушаки қурбоқа водор кард. Ба туфайли таҷрибаҳои ӯ Алессандро Волта манбаи нави ҷараён — унсури галваниро кашф намуд[6].
Соли 1791 «Рисола дар бораи қувваи электрӣ ҳангоми ҳаракати мушак» ном асараш аз чоп баромад. Кашфиёти Луиҷи Галвани муддати дуру дароз дар китобҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ «галванизм» номида мешуданд. Истилоҳи мазкур то имрӯз дар номи баъзе дастгоҳҳо ва равандҳо боқӣ мондааст. Пажӯҳишҳои Луиҷи Галвани дар амалияи илми тиб ва баҳри дарёфти усулҳои таҷрибаи физиологӣ аҳаммияти бузург доранд[6].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.