Гектор Берлиоз

From Wikipedia, the free encyclopedia

Гектор Берлиоз
Remove ads

Берлиоз Гектор (1803-1869) — композитори барҷастаи фаронсавӣ, дирижёр, нависандаи соҳаи мусиқӣ. Узви Институти Фаронса (1856).

Quick facts Гектор Берлиоз, Иттилооти асосӣ ...
Remove ads

Эҷодиёт

Берлиоз Гектор Консерваторияи Парижро аз синфи композитсия Ж.Ф. Лесюэр хатм намудааст. Асари нахустини ӯ – Симфонияи фантастикӣ («Лавҳае аз ҳаёти артист») – Берлиозро ба қатори композиторони барҷастаи Фаронса ба ҷои якум монд, ҳамчунин дар оянда чун офарандаи жанри нав – мусиқии симфонии барномавӣ эътироф шуд. Сужети асарҳояшро Берлиоз асосан аз адабиёти асарҳои нависандагони бузург: Байрон (увертюраи «Корсар», симфонияи «Гаролд дар Италия»), Шекспир (увертюра «Корол Лир», операи комедиявӣ «Беатриче ва Бенедикт», симфонияи драматикии «Ромео ва Юлия»), Ҳёте (қиссаи драмавии «Таънаомезии Фауст») ва ғ. Берлиоз такмили таъсирноки «Марселеза»-ро барои хори калон ва оркестр иҷро кард. Ба хотираи қурбониҳои инқилоби Фаронсаи с. 1848 Берлиоз Симфонияи мотамӣ-музуфариятиро бахшид ва ғ. Композитор-навовар ба шаклҳои мусиқӣ навоварӣ даровард, худро ҳамчун нобиғаи оркестровка нишон дод. Берлиоз дирижёри мумтоз ва нависандаи мусиқӣ буд. Ӯ дар Фаронса ва дигар мамлакатҳо консетрҳои зиёд дода, ба Россия низ сафарҳои ҳунарӣ доир намудааст (1847 ва 1867-68). Берлиоз рисолаи бузург барои инструментовка ва мақолаҳои зиёде дар хусуси мусиқӣ ва мусиқичиён навиштааст.[2]

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads