Водии Зарафшон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Зарафшон — водӣ дар қисми марказии Осиёи Миёна, байни қаторкӯҳҳои Туркистону Оқтов ва Зарафшону Ҳисор. Дар ҳудуди он шаҳри Панҷакент (3,7 ҳазор км²), ноҳияҳои Айнӣ (5,2 ҳазор км²) ва Кӯҳистони Мастчоҳ (3,7 ҳазор км²) ҷойгир шудаанд. Ба он нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Туркистон, қариб тамоми қаторкӯҳи Зарафшон ва нишебии шимолии қаторкӯҳи Ҳисор, ки дар марзи Тоҷикистон воқеъ гаштаанд, дохил мешаванд. Масоҳаташ — 12,6 ҳазор км² (тақр. 9 дарсади масоҳати ҷумҳурӣ). Аҳолиаш — 392,8 ҳазор нафар (2017). Водии Зарафшон аз шарқ (мавзеи Куксу — ағбаи Мастчоҳ) ба ғapб (сарҳадди УУзбекистон) ба масофаи беш аз — 303 км, аз пиряхи Зарафшон (баландиаш 2775 м) то регзори Сандуқли (биёбони Қизилқум, баландиаш 185 м) ба масофаи — 781 км тӯл кашидааст.
Пайдоиши водӣ тектоникист; он фурӯхамидаи байникӯҳӣ буда, аз ҷинсҳои палеозой ва мезокайнозой таркиб ёфтааст. Ҷо-ҷо (дар қисми кӯҳии водӣ) 5 суфаи қадимии рӯди Зарафшон боқӣ мондааст, ки қадимтарини он аз сатҳи дарё 600 м баланд аст. Суфаҳо аз ҷинси кӯҳии конгломерат иборат буда, болои онҳо бо қабати хок пӯшида шудааст. Дар суфаҳои якум, дуввум ва севум маҳалҳои аҳолинишин, киштзору боғҳо ҷой гирифтаанд. Қисми болои водӣ андаке васеъ (1-3 км), канорҳояш начандон баланд. Поинтар аз деҳаи Оббурдони Куҳнаи Кӯҳистони Мастчоҳ, водӣ дараҳои амиқ ва нишебиҳои ростфуромадаи кӯҳҳоро дар бар мегирад. Дар байни деҳаҳои Хушекат (ноҳияи Айнӣ) ва Даштиқозӣ (ноҳияи Панҷакент), ба сабаби мавҷудияти ҷинсҳои нисбатан сахт, водӣ ниҳоят танг аст. Аз ин ҷо рӯ ба самти ғарб торафт паст мешавад. Дар ҳамвории Панҷакент бари водӣ ба 15 км, дар воҳаҳои Самарқанду Бухоро ва Қарокӯли Вилояти Чуй то ба 60-70 км мерасад.
Remove ads
Табиат, релеф
Табиати ҳавзаи рӯди Зарафшон гуногун буда, қисми ғарбии водӣ аз с. б. 850 м ва қисми шарқии он дар назди забонаи пиряхи Зарафшон 2775 м баланд аст. Ландшафти ҳозираи минтақаи табиию ҷуғрофиёии Зарафшон дар натиҷаи таҳаввулоти дурударози геологӣ ташаккул ёфтааст. Ҷинсҳои кӯҳии ин марз синну сол ва таркиби гуногун доранд. Дар водӣ раванди кӯҳпайдошавӣ ҳоло ҳам идома дорад, қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон ва Туркистони ин водӣ оҳиста-оҳиста баланд шуда истодаанд.
Релефи кӯҳистони Зарафшон бо мураккабӣ ва гуногуншаклии худ аз баъзе қисмҳои дигари Тоҷикистон то андозае фарқ мекунад ва бо номи «Кӯҳистон» — кишвари кӯҳӣ маълум аст. Барои ба шакли ҳозира омада расидани сохти сатҳи водии Зарафшон ҳодисоти гуногуни давраҳои геологӣ, корҳои эрозионии рӯди Зарафшону шохобҳои сершумори он ва пиряхҳои замони қадим таъсир доштаанд. Дар марҳалаи олиготсейни давраи севуми эраи кайнозой қаторкӯҳи Ҳисор ва минбаъд қаторкӯҳҳои Зарафшону Туркистон ба вуҷуд омадаанд. Аз ҳамон вақт сар карда то кунун шаклгирии релефи ин водӣ давом дорад. Яке аз шаклҳои муҳимми релефи водии Зарафшон ин шикастаҳои тектоникӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Зарафшону Туркистон мавҷуданд.
Ҷараёни баландшавӣ ва зилзилаҳо лағжишу фурӯғалтиҳои кӯҳҳоро тезонида, боиси басташавии маҷрои баъзе рӯду дарёҳо ва пайдошавии кӯлҳо шудаанд. Чунин лағзишу фурӯғалтиҳо дар ҳавзаи д-ҳои Мастчоҳ, Моғиён, Пасрӯд, Фон ва Яғноб борҳо рух додаанд. Соли 1890 дар муқобили деҳаи Зосун, соли 1918 дар водии Зиндон, соли 1932 дар деҳаи Урметан, соли 1956 дар деҳаи Фатмев, соли 1964 дар муқобили шаҳраки Айнӣ, баъдан дар деҳаҳои Ревад, Вашан ва Рарз лағшишу фурӯғалтиҳо пеши маҷрои дарёҳоро аз якчанд шабонарӯз то якчанд моҳ ва ҳатто то ба имрӯз бастаанд (яъне кӯлҳо пайдо шудаанд). Дигар шакли релеф ин махрут (конус)-ҳои лағжидаҳову фурӯғалтидаҳо мебошанд. Ба ҳавзаи д-ҳои Фон, Яғноб ва Моғиёну Киштӯд релефи партгоҳӣ ва дараҳои тангу тори ростфуромада хоссанд. Шаклҳои релефи эрозионӣ ва аккумулятивӣ дар доманаи кӯҳҳо, дараҳои паҳлуӣ дар шакли ғарами сангтӯдаю сангпораҳо дучор мешаванд. Фарсоиши физикӣ боиси ба вуҷуд омадани теппаҳои сангрезадор гаштаанд. Дар қисми шарқии водии Зарафшон, болооби рӯдҳои Яғноб, Искандар, Пасрӯд, Киштӯд ва Моғиён тӯдаҳои қайроқсанг дучор мешаванд. Онҳо маҳсули ҳаракати пиряхҳои замони қадим ва тармафуроиҳои пайдарпаянд.
Дарёбод (терраса)-ҳои соҳилӣ ва домани кӯҳҳо яке аз унсурҳои асосии релефи водии Зарафшон мебошанд. Дар канори рӯду дарёҳо ҳафт дарёбоди паси ҳам ҷойгиршуда муқаррар карда шудааст. Дарёбоди дуввум ва бахусус севвум хеле хуб инкишоф ёфта, беҳтар ҳифз шудааст. Паҳнои дарёбоди севвум дар болооби рӯди Зарафшон ба 0,5-1,5 км мерасад. Аксарияти деҳу деҳкадаҳо ва заминҳои корами водӣ дар ҳамин дарёбодҳо ҷойгиранд.
Барои қаторкӯҳи Туркистон релефи санглохӣ хос аст. Дар он айвонҳои харсангӣ, қуллаҳои нӯгтези аррамонанд бисёранд. Нуқтаҳои алоҳидаи қаторкӯҳи Туркистон, ба монанди қуллаи Пирях 4743 м, қуллаи Ҳирамшакл 5510 м баландӣ доранд. Нишебиҳои ҷанубии ин қаторкӯҳ нисбат ба шимолиаш фарозтар буда, онҳоро рӯдҳои паҳлуии д-ҳои Зарафшону Мастчоҳ бурида, дараҳои тангу борики дарозиашон 10-15 км падид овардаанд, ки аз ғарами сангтӯдаю сангпораҳо иборатанд. Дар қаторкӯҳи Туркистон беш аз 20 ағба мавҷуд аст, ки водии Зарафшонро ба водии Фарғона мепайванданд. Аз болои се ағба (Шаҳристон; 3351 м, Вешаб ва Оббурдан) роҳи автомобилгард мегузарад.
Агар қисми ғарбии ҳамвории Панҷакент аз с. б. 800 м баландӣ дошта бошад, қисми шарқии поинии водӣ дар баландии наздик ба 2800 м ҷой гирифтаааст. Дар байни водии Зарафшон аз ғарб ба шарқ фурӯхамидаги (пастхамӣ)-ҳои Панҷакент, Заҳматобод, Рарз, Оббурдан ва Мастчоҳ ҷойгир шудаанд. Нишебии рӯди Зарафшон дар ҳар як км беш аз 6 м аст. қаторкӯҳи Зарафшон асосан аз ҷинсҳои таҳшинии хоросанг, оҳаксангҳои мармарӣ, регсанг ва варақсангҳо иборат аст. Шохобҳои чапи рӯди Зарафшон — Фон, Киштӯд, Моғиён қаторкӯҳи Зарафшонро тарвоза (кӯндаланг) бурида гузашта, онро ба қисмҳо ҷудо кардаанд. Қисми шарқияшро то Фондарё қаторкӯҳи Мастчоҳ меноманд. Ин қисм камбар, теғаҳояш тез, ба шимол моил, ба ҷануб ростфуромада аст. Қуллаи Тутак 5433 м баландӣ дорад. Қисми мобайни Фондарёву шохобҳояш (Искандар, Пасрӯд) ва Киштӯдро кӯҳсори Фон меноманд, ки ба водию дараҳои сершумор ҷудо шудааст. Дар миёнаи кӯҳи Чақили Калон (2936 м) рӯди Моғиён ҷорист. қаторкӯҳи Ҳисор бахшгоҳи байни д-ҳои Ому ва Зарафшон мебошад. Дар қисми шарқии байни қаторкӯҳи Зарафшон аз шимол ва Ҳисор аз ҷануб водии танги Яғноб воқеъ гардидааст. Қуллаи Қазноқ дар қаторкӯҳи Ҳисор дар баландии 4491 м ва нақби «Истиқлол» дар баландии 2665 аз с. б. воқеъ гардидаанд. Ин нақб ҷануби Тоҷикистонро тавассути ҳавзаи рӯди Зарафшон бо шимоли он мепайвандад.
Remove ads
Сарватҳои табиӣ
Дар водӣ ва кӯҳҳои атрофи он захираҳои фаровони маъданҳои гуногун ва конҳои истихроҷи газу ангиштсанг, сурмаву симоб, волфраму тило, қалъагӣ, нуқра, сурб, руҳ, шпати даштӣ, сангҳои нимқиматӣ, масолеҳи бинокорӣ ва чашмаҳои оби маъданӣ мавҷуданд. Водии Зарафшон аз ҷиҳати захираи ангиштсанг дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Дар ҳудуди водӣ 17 кони ангиштсанг кашф шудааст (аз ҷумла, конҳои Фон — Яғноб, Киштӯд — Заврон, Шашқат, Моғиён, Искан, Соясанг, Тобасанг, Ғузн, Ревад — Вашан, Рарз, Утоғар, Палдорак ва ғ.).
Кони Фон — Яғноб дар 130 км шимолу ғарбтари ш. Душанбе, қад-қади д-ҳои Яғнобу Фон (н. Айнӣ) дар масофаи 24 км тӯл кашида, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Зарафшон ва шимолии қаторкӯҳи Ҳисор дар баландии 1600-3600 м аз с. б. воқеъ аст. Захираи пешгӯишудаи кон 1,5 млрд т, захираи тавозуниаш ба 800 млн т мерасад.
Кони Киштӯд — Заврон (кони ангиштсанг) 40 км дуртар аз ш. Панҷакент, дар самти шарқ, дар баландии 1500—2400 м аз с. б., кони ангиштсанги Шашқат дар ду тарафи соҳили рӯди Киштӯд, кони ангиштсанги Моғиён дар масофаи 42 км ҷанубу шарқии Панҷакент,, дар ҳавзаи Моғиёндарё, дар баландии 1600—2000 м воқеъ гардидааст. Кони ангиштсанги Тобасанг дар бахшгоҳи деҳаҳои Моғиёну Киштӯд дар наздикии ағбаи Тобасанг, 50 км ҷанубу шарқии ш. Панҷакент (дар баландии 3200 м) воқеъ буда, захираи пешгӯишудааш ба 290 млн. тонна мерасад.
Кони ангиштсанги Ғузн дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, соҳили чапи рӯди Мастчоҳ (Зарафшон), ҳавзаи рӯди Ғузн воқеъ буда, захираи ангишти он қариб ба 100 млн т баробар аст. Дар водии Зарафшон конҳои филиззоти ранга — сурб, руҳ, алюминий, мис, висмут низ мавҷуданд. Дар водӣ 3 кон ва 27 маҳалли маъдандори сурб ошкор шудааст. Дар ноҳияи Айнӣ се маҳалли хосси руҳ маълум аст. Маъдани конҳо аз сфалерит ва пирит иборат мебошад.
Дар водии Зарафшон 8 мавзеи ашёи хоми алюминий ошкор шудааст (5-то дар ш. Панҷакент, 2-то дар н. Айнӣ, 1-то дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ). Сиенитҳои нефелиндори Рухшифу Сабағ (ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) мақоми хос доранд. Захираи пешгӯишудаи кони Рухшиф — 1 млрд тоннаро ташкил медиҳад. Кони нефелини Ағбасой дар қисми шимолии қаторкӯҳи Ҳисор (ноҳияи Айнӣ) воқеъ буда, захираи он ба 700 млн. тонна мерасад. Конҳои начандон калони мис дар ҳавзаи дарёҳои Шингу Моғиён, Ворӯ ва Искандар дучор мешаванд. Умуман дар ҳавзаи рӯди Зарафшон 19 кони мис (11 кон дар ш. Панҷакент, 7 кон дар ноҳияи Айнӣ ва 1 кон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) мавҷуд аст. Захираи кони тилои Тарори Панҷакент — тақр. 100 ҳазор тонна мис. Кони висмут дар мавзеъҳои Чуқурак ва Очакрӯди Боло (ш. Панҷакент) ҷойгир шудааст.
Аз филиззоти нодир дар водии Зарафшон сурма, симоб, волфрам, қалъагӣ ва амсоли онҳо дучор мешаванд. Дар конҳои Туркпарида, Қарокамар, Валанги Дароз, Чорраҳа, Бузи Нова, Гӯрдара, Ҷиҷикрӯд ва Харсангӣ иктишофҳои мукаммали геологӣ анҷом дода шудаанд. Дар заминаи кони сурмаву симоби Ҷиҷикрӯд Корхонаи муштараки металлургии «Анзоб» фаъолият дорад. Конҳои сурмаи ҳавзаи д-ҳои Шингу Моғиён, Фон-Яғноб (аз қабили Пиндар, Учкадо, Харсангӣ) сифати хуб ва аҳаммияти саноатӣ доранд. Кони Харсангӣ аз ҷиҳати захира дар байни давлатҳои аъзои ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Конҳои сурмаву симоб дар Таваспину Сабағи н. Кӯҳистони Мастчоҳ низ кашф шудаанд. Дар водии Зарафшон 59 кон ва ҷойҳои зуҳуроти маъдани симоб муайян карда шудааст. Конҳои симоби Қавноқ, Кончоч, Тагикамар, Ҷиҷикрӯд, Рӯзиобнок, Симоб, Саридевор, Қарокӯл ва чанд кони дигар аҳаммияти саноатӣ доранд. Конҳои волфрам дар мавзеъҳои Сармат, Ҷилав, Такфон, Пете, Рарз, Мушистон, конҳои қалъагӣ дар мавзеъҳои Мушистон, Кумарғ, Тагобикӯл, Такфон, Самҷон, Сармат, Ҷилав, Амшут, Рарзи водии Зарафшон кашф шудаанд.
Дар ҳавзаи рӯди Зарафшон 10 кони маргимуш ошкор карда шудааст. Дар водӣ 118 кону мавзеъҳои нишонаҳои тилодошта (63 кон дар ш. Панҷакент, 30 кон дар н. Кӯҳистони Мастчоҳ ва 25 кон дар н. Айнӣ) ошкор карда шудаанд. Тилои пошхӯрда дар ҳавзаи рӯди Мастчоҳ байни шохобҳои Ревомутку Мадрушкат зиёд буда, мувофиқи озмоишҳои алоҳида ба 19280 мг/м³ (ба ҳисоби миёна 589 мг/м³) мерасад. Дар масофаи 2 км поинтар аз резишгоҳи рӯди Сабағ дар реги дарё миқдори тило 1575 мг/м³ (ба ҳисоби миёна 466 мг/м³)-ро ташкил медиҳад.
Захираи тило дар водии Зарафшон зиёд аст. Ба ин гурӯҳ конҳо ва баромадгоҳҳои кони Зок, Даҳони Дарвоза, Бодгаҳ, Намозгаҳ, Хамисурх дохил мешаванд. Ин конҳо бо кони Тарор дар дохили як минтақаи сохторӣ ҷойгир шуда, майдони ягонаи маъданиро ташкил додаанд.
Нуқра дуввумин филиззи муҳим ва асил дар водии Зарафшон мебошад. Дар кони Мирхонд (наздикии Тарор) захираи нуқра зиёд буда, он дар шакли ҳамсафар дар конҳои Ҷилав, Тарор, Ғиждарва, Чоре, Ҷиҷикрӯд, Кончоч пайдо мешавад. Конҳои Ҳасанча, Малахити Шимолӣ ва Сиёб аҳаммияти саноатӣ доранд.
Дар ҳудуди водии Зарафшон аз филиззоти сиёҳ конҳои начандон калони оҳану манган (марганес), инчунин хром низ дучор мешаванд. Ҳоло дар водии Зарафшон се манбаи оҳан, 6 манбаи манган ва 1 манбаи хром маълуманд. Минтақаҳои маъдандор то 2 км тӯл кашида, ғафсиашон то ба 27 м (Чангол) мерасад.
Дар водии Зарафшон ҳамчунин конҳои фосфорит (Ревад, Ҷиҷикрӯд. Киштӯд, Вашан ва Зосун) мавҷуданд, ки захираи масолеҳи ин конҳо қариб 35 млн т муайян карда шудааст. Флюорит аз масолеҳи асосии маъданҳои кӯҳӣ ва кӯҳиву кимиёӣ буда, он дар ш. Панҷакент [кони Кӯли Калон, Порвен, Арғ, Марғзор (Шинг)] зиёд ба назар мерасад, инчунин дар ин мавзеъ булӯри кӯҳӣ, сангпахта, сулфур, бор, гилҳои ба оташ тобовар, волластонит ва рангҳои маъданӣ дучор мешаванд. Кони флюорити Кӯли Калон соли 1933 кашф шудааст. Аз сангҳои гаронбаҳо дар водии Зарафшон зумуррад (берилл), лоҷуварди зарафшонӣ (содалит), фирӯза, беҷода (гранат), лаъли кабуд (аметист), родолит, ақиқ (сердолик), арагонит, яшм, рухом (оникс), мармар ва ғ. мавҷуданд.
Кони зумуррад дар тагоби деҳаи Самҷон (Кӯҳистони Мастчоҳ) воқеъ гардидааст, ки баъзе булӯрҳои он то 3 т вазн доранд. Лоҷуварди зарафшонӣ (содалит) дар ҳавзаи рӯди Сабағ (Кӯҳистони Мастчоҳ) воқеъ гардида, дар шакли линза ва лонаҳои андозаашон аз 3х5 см то 0,6×1 м захираи калон дорад. Тӯли кони маъдани лоҷуварди зарафшонӣ ба 1 км ва бараш то 250 м мерасад.
Дар водии Зарафшон кони мармар (Мадм, Ёрӣ, Ағбаи Ҷунбон, Талоқи Марзич, Шашқат, Чуксанг) бисёр аст. Дар байни онҳо кони мармари Тилогули деҳаи Фароби ш. Панҷакент сифати хуби истеҳсолӣ дошта, тахтасангҳои мармарии он дар корхонаи муштараки «Мармари Зарафшон» коркард ва истеҳсол мешаванд.
Водии Зарафшон аз ҷиҳати захираи обҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад. Дар ҳудуди ин водӣ пиряхҳои хурду калон, дарёҳои пуроб, кӯлҳои дилрабо ва чашмаҳо бисёранд. Ин захираҳо сарватҳои беҳамтои табиӣ буда, манбаи оби нӯшокӣ, сарчашмаи обёрии сунъӣ, манбаи асосии рушди неруи барқи обӣ, хоҷагии моҳипарварӣ, обшор намудани чарогоҳ, сохтмон, хидмати маишӣ, таҷдиди саломатӣ ва ғ. мебошанд.
Remove ads
Иқлим
Иқлими Зарафшон — континенталӣ; ҳарорат ва миқдори боришот вобаста ба маҳал гуногун буда, аз ғарб ба шарқ ва аз доманаи қаторкӯҳҳо то ба қуллаи онҳо тағйир меёбад. Тобистони водӣ гарми нисбатан хушк, зимистонаш сарди муътадил. Ҳарорати миёнаи солона 12-15°С; январ аз −1°С то −7°С, июл 25-29°С. Баъзе рӯзҳои тобистон ҳарорати ҳаво дар ҳамвориҳо то ба 44°С, дар қисми кӯҳии водӣ ба 33°С мерасад.
Водии Зарафшон аз ҷиҳати миқдори боришот ба қисмҳои ғарбӣ, марказӣ, шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ тақсим мешавад. Миқдори боришоти солона (асосан аз ноябр то апрел) 114—400 мм буда, аз ғарб ба шарқ тадриҷан зиёд мешавад. Дар қисми ғарбӣ (Панҷакент то Урметан) 250—350 мм, марказӣ (аз Урметан то Мадрушкат) соле 160—200 мм, қисми шарқӣ (то пиряхи Зарафшон) 200—300 мм, дар ҷанубу шарқ (ҳавзаи рӯди Яғноб) 300—400 мм ва дар кӯҳсори Фон 800—1300 мм боришот мешавад. Рӯзҳои ҳарораташон аз 10 дараҷа баланд 200—210 шабонарӯзро ташкил медиҳанд. Миқдори рӯзҳои гарм барои кишти зироат, боғу токдорӣ, картошкапарварӣ кифоят мекунад. Давомнокии зимистон дар ҳамвории ғарбии водӣ 30-40 шабонарӯз буда, ба самти Кӯҳистони Мастчоҳу Яғноб то 4-6 моҳ давом мекунад. Дар қисми ғарбии водӣ барф то 50 рӯз, дар қисми шарқиаш қариб то 100 рӯз боқӣ мемонад. Ғафсии қабати барф дар ғарб 20-25 см, дар баландкӯҳҳо аз 0,5 м то ба 2 м ва беш аз он мерасад.
Водии Зарафшон аз ҷиҳати намнокӣ ба зерноҳияҳои ғарб ва шарқ тақсим мешавад. Зерноҳияи ғарб камбориш (250—350 мм) ва шарқ хушк (170—250 мм) аст. Дар зерноҳияи ғарб боришот дар фаслҳои зимистон, баҳор ва аввали тобистон мешавад. Зерноҳияи ғарб барои кишти зироатҳои лалмӣ мувофиқ аст.
Хусусиятҳои сохти сатҳ ва нишондиҳандаҳои иқлимӣ дар ҷойгиршавии пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва хоку олами зинда нақши амиқ доранд. Пиряхҳои кӯҳистони водии Зарафшон дар ҳолати обшавӣ (таназзул) қарор доранд. Дарёи бузургтарини водӣ рӯди Зарафшон аст. Шабакаҳои ҳидрографии ҳавзаи рӯди Зарафшон нобаробар ҷойгир шуда, ба он аз тарафи чапу рост беш аз 200 рӯди хурду калон ҳамроҳ мешаванд. Аз ин шумора 86 рӯд беш аз 10 км ва 3 рӯд беш аз 50 км дарозӣ доранд. Дарозии умумии шохобҳои аз 10 км фузунтар қариб ба 1700 км мерасад. Манбаи асосии рӯди Зарафшон ва шохобҳои он барфу пиряхҳои баландкӯҳ мебошанд. Захираи обҳои зеризаминии водии Зарафшон дар 1 сол 0,33 км³-ро ташкил медиҳад.
Водии Зарафшон аз ҷиҳати шумораи умумии кӯлҳояш пас аз Помир дар ҷои дуввум меистад. Кӯлҳои калонаш — Искандаркӯл ва Денгизкӯл. Ин кӯлҳо асосан дар ҷои ба ҳам васлшудаи қисми ғарбии қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор, дар ҳавзаи шохобҳои калони рӯди Зарафшон аз қабили Моғиён (16 кӯл), Киштӯд (28 кӯл), Пасрӯд (4 кӯл) ва Искандардарё (12 кӯл) воқеъ гардидаанд. Ҳамчунин дар водии Зарафшон «Ҳафткӯл» (Марғузор, Нофин, Ҳушёр, Миҷгон, Хурдак, Ҳазорчашма, Соя), Кӯли Калон, кӯлҳои Ало ва Аловуддин (Панҷакент) мавҷуданд. Ҳамасола ба ин мавзеъҳо сайёҳони зиёде меоянд. Кӯли Калон боз ҳафт кӯли хурд (Коҷар, Сиёҳ ё Хунӣ, Молшӯ, Бибиҷонак, Сафедак) дорад, ки дар онҳо бештар ширмоҳӣ ва дигар намудҳои моҳӣ ҳастанд. Дар водии Зарафшон 9 чашмаи обҳои маъданӣ мавҷуданд, ки аз онҳо чашмаҳои маъдании Тагикамар, Новибедак, Обишир (дар саргаҳи рӯди Ҷиҷикрӯд) ва Анзоб дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Ҳисор воқеъ гардидаанд ва аҳаммияти барқароршавандагӣ (рекреатсионӣ) доранд. Чашмаи маъдании Анзоб дар қисми шимолии ағбаи Анзоб воқеъ аст. Оби он аз ҷиҳати таркиби кимиёӣ ва хосиятҳои шифобахшиаш ба чашмаи машҳури Кисловодск шабоҳат дорад.
Хоки қисми кӯҳии водӣ қаҳваранг ва қаҳваранги равшан (кушод), дар қисмҳои миёна ва поини он хокистарранг ва хокистарранги тира аст. Дар водӣ регзорҳо низ мавҷуданд. Дар ташаккул ва паҳншавии хокҳои водии Зарафшон релеф, ҷинсҳои онро созмондиҳанда, иқлим ва олами наботот таъсири бузург доранд. Аз ҷиҳати таркиб, хусусият, ранг ва тарзи ҷойгиршавии амудӣ хокҳои водии Зарафшонро ба қисмҳои ғарбӣ, марказӣ ва ҷанубӣ тақсим кардаанд. Дар ҳамвории Панҷакент аз баландиҳои 800 то 900 м хокҳои хокистарранги муқаррарӣ, дар баландиҳои 900—1500 м хокҳои хокистарранги тира паҳн шудаанд. Инчунин дар кӯҳистони водии Зарафшон ба миқдори кам хокҳои торфию ботлоқӣ мавҷуданд.
Remove ads
Олами набототу ҳайвонот
Дар водии Зарафшон беш аз 1800 намуди рустаниҳои олиташаккул дучор мешаванд, 23 намуд моҳӣ, 2 намуд обхокӣ, 23 намуд хазанда, 234 навъи паранда ва қариб 60 намуд ҳайвоноти ширхӯр мавҷуданд. Олами набототи водӣ ба таври зинаӣ ва ё ба таври минтақаҳои варзӣ (амудӣ) ҷойгир шудаанд. Дар саргаҳи водӣ аз дарахтҳо арча, туғ, шунг, дулона, бурс, заранг, хаданг, фарк, рем (рим), дар дарёбодҳо, доманаи қаторкӯҳҳо то баландиҳои 1200 м асосан рустаниҳои биёбонии шибоғ, ҷорӯбак, явшону шӯра мерӯянд. Дар баландии 1200—2000 м гиёҳҳои эфемерӣ (баҳорсабз), пиёзи кӯҳӣ, бунафшаи кӯҳӣ, лола, чинорак, анҷибар, юған, камол (роба) ва аз рустаниҳои буттагӣ ва нимбуттагӣ зирк, настаран, вағнич, мушол, ирғай, қот, ғӯш, зағоза (хома) ва ғ. месабзанд. Дар баландии 2000—2700 м биёбонҳои явшонзор, шибоғи тунукбарг, ҷо-ҷо дашти типчоқзор ва ҷангалҳои кӯҳӣ мавҷуданд. Дар баландиҳои 2700-3400 м марғзорҳои кӯҳӣ воқеъ гардидаанд. Дар баландиҳои 3400-4000 м чалов, бетага, нахӯдак ва дигар намуди рустаниҳо мерӯянд. Дар водии рӯди Зарафшон тӯғайҳо ташаккул ёфтаанд, ки асосан аз буттаҳо, сафедор, санҷид, лифток ва ангат иборатанд.
Аз рустаниҳои нодир дар қаторкӯҳи Зарафшон аз пӯшидатухмҳо пиёзи анзур, камоли навъи овчинников, сунбулкаҳ, зарафшония, хораки дарвозӣ (хори гӯсфанд), гули искандарӣ, момогулак (кӯҳи Дашти Қозӣ ва наздикии резишгоҳи рӯди Киштӯд), муша, пуфакнахӯдак (деҳаҳои Фатмовут, Рарз), нахӯди хуросонӣ, тангагиёҳ, тангагиёҳи моғиёнӣ, гули баҳман, савсан, тағорашиканак (гули сияҳгӯш), шоҳлола, занбақлола, лола, лолаи ҳумро, сич, гули сангӣ, ширешкаҳак (Моғиён, Мазори Шариф), ғулқ, думи рӯбоҳ, чукрихасак, гули тӯтиё, нардсунбул (Мадм), испараки моғӣ, кабудиспарак, дарахти ширинбодом, рим (рем дар деҳаи Ворӯ) мавҷуданд, ки ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Дар кӯҳсорони деҳаи Ёвони н. Айнӣ арчаву гиёҳҳои нодир, рустаниҳои гуногун мерӯянд. Арчазори «Алибахшӣ»-и деҳа ба «Китоби сурхи СССР» дохил карда шудааст.
Олами ҳайвоноти водии Зарафшон ғанӣ аст. Дар ҳавзаи рӯди Зарафшон аз ҳайвонот гург, рӯбоҳ, хирс, шағол, паланг, гуроз, нахчир, суғур, силовсин, қашқалдоқ, савсор, ҷайра, ғурм; аз парандаҳо бургут, лошахӯр, уқоб, кабк, мурғи ҳилол, мурғобӣ, лаклак, кабӯтар, мусича, гунҷишк, майна, зоғ, аккаи ало; аз хазандаҳо калтакалос, морҳои чипор, афъӣ, гурза, агамаи туркистонӣ, бузмакак, сангпушт, аз хояндаҳо муш, ҷайра, калламуш, аз обхокиҳо ғуку қурбоққа вомехӯранд.
Табиати водии Зарафшон зери фаъолияти бисёрасраи хоҷагидории одамон хеле тағйир ёфтааст. Доманакӯҳҳо ва миёнакӯҳҳо дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна аз набототи алафӣ, буттагӣ ва дарахтон ғанӣ буданд. Ҳоло буттазору ҷангалзор кам шудаанд ва дар бисёр мавзеъҳо тамоман аз байн рафтаанд. Ин ҳолат боиси пайдоиши селу тармафуроӣ гардидааст. Марғзорҳои ҳавзаи рӯди Яғноб, Искандар, Пасрӯд, Киштӯд, Моғиён чарогоҳҳои хуби тобистона доранд. Дар натиҷаи таҳаввулоти инқирозии наботот олами ҳайвоноти водӣ низ камшумор шудааст.
Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихию ҷуғрофиёии пешин дар туғайзори Саразму Панҷакент паланг, гург, шағол, рӯбоҳ, хонгул, мурғи даштӣ ва ғ. фаровон ва ин мавзеъ шикоргоҳи шоҳону ҳокимони Бухорову Самарқанд ва Панҷакент будааст. Соли 1959 дар мавзеи Искандаркӯл парваришгоҳи ландшафтӣ-комплексӣ, соли 1972 бо мақсади ҳифз ва нигоҳ доштани бурсзорҳое, ки аз зардолубурс, сарвбурс ва паққакбурс иборатанд, дар қисми шимолии қаторкӯҳи Зарафшон парваришгоҳи давлатии «Сойи Вота» дар масофаи 4,1 ҳазор га ташкил карда шуд. Барои аз нав ба вуҷуд овардани ҳайвоноти азбайнрафта ва афзудани намудҳои нодири боқимонда дар туғайзори байни Сӯҷинаю Майкаттаи рӯди Зарафшон соли 1976 дар майдони 3,38 ҳазор га парваришгоҳи давлатии «Зарафшон» бунёд гардид, ки саршумори мурғи даштии зарафшонӣ ва гавазни холгули овардашударо афзун мегардонад.
Remove ads
Таърих
Водии Зарафшон аз қадимтарин сарзаминҳои тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар бораи мавҷудияти он дар маъхазҳои куҳани таърихӣ, аз ҷумла дар китоби муқаддаси Авесто (ҳазораи 1 то м.), «Ҳудуду-л-олам» (дар бораи Бутамон, кӯҳҳо ва рӯдҳои он) маълумот дода шудааст. Деҳаҳои ин водӣ таърихи на кам аз 2,5-3-ҳазорсола доранд. Дар асри 4 то м. Суғди Қадим, ки водии Зарафшон як ҷузъи он буд, аз ҷониби лашкари Искандари Мақдунӣ истило шуд. Суғдиёни кӯҳистон, аз ҷумла сипаҳсолори Суғд Спитамен ба муқобили онҳо муқовимати сахт нишон доданд. Аз ҷумла, дар китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров омадааст: «Ба қавли Ариан Искандар муқовимати суғдиёни кӯҳистонро бо машаққати зиёде фурӯ менишонад, вале дар натиҷаи ин лашкаркашӣ 22 ҳазор нафар аз халқи маҳаллӣ кушта мешаванд. Лашкари юнону мақдунӣ ҳам талафоти зиёд медиҳад. Худи Искандари Мақдунӣ сахт ярадор мешавад». Ин навиштаҳо гувоҳи онанд, ки ин муҳориба дар яке аз мавзеъҳои саргаҳи водии Зарафшон рух додааст ва дар он аҷдоди панҷакентиён, фалғариён, яғнобиҳо ва мастчоҳиёни имрӯза, ки ба қисми кӯҳистонии Суғд дохил мешуданд, ширкат варзидаанд. Суғд дар замони салтанати Кушониён яке аз марказҳои бузургтарини сиёсии Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт.
Асоси этникии аҳолии водиро тоҷикон ташкил медиҳанд. Шаҳри Панҷакент калонтарин маркази аҳолинишини водии Зарафшон буда, дар қисми марказии ҳавзаи рӯди Зарафшон воқеъ аст. Ҳафриёт ва омӯзиши Панҷакенти Қадим бо ташаббуси Б. Ғафуров, таҳти роҳбарии олими шарқшинос А. Ю. Якубовский собит карданд, ки Панҷакенти Қадим ягона шаҳри давраи асримиёнагии Мовароуннаҳр будааст, ки қариб ҳамаи сохтмонҳои меъмории он то замони мо пурра боқӣ мондаанд. Солҳои 80 асри 20 харобаҳои Тали Хамтӯда (дар назди деҳаи Мазори Шариф), Мустафотеппа (дар назди Саразм) ва қабр (мадфан)-ҳои дашти Саразмро олимони бостоншинос А. Исҳоқов, А. Раззоқов, У. Эшонқулов ва С. Бобомуллоев мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор доданд. Олимони тоҷик собит карданд, ки Саразм яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ буда, таърихи беш аз 5500-сола дорад. Ин далелро Симпозиуми байналмилалие, ки соли 1994 дар ш. Панҷакент баргузор гардид, аз ҷиҳати илмӣ асоснок кард.
Шаҳри Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадими Осиёи Марказӣ буда, дар ин макон одамон аз асри санг сукунат доранд. Дар давраи энеолит ва асри биринҷӣ (ҳазорсолаҳои 4-и то м.) дар мавзеи Саразм яке аз тамаддунҳои кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии минтақа ташаккул ёфт ва рушд кард. Дар шаҳраки қадимии Саразм, ки дар қисми ғарбии ш. Панҷакент воқеъ аст, бештар иморатҳои маъмурии масоҳаташон 100—160 м² сохта шудаанд. Атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хоҷагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота кардаанд ва баъзан онҳоро кӯчаю паскӯчаҳои сангфарш (регмайдаҳои дарёӣ) аз ҳам ҷудо мекунанд. Саразм дар тӯли 1500 соли мавҷудияти худ (миёнаи ҳазорсолаи 4 — ибтидои ҳазорсолаи 2 то м.) аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккул ва рушду густариши фарҳанги ориёӣ мақоми бузург доштааст. Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносии Саразм ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Дар масофаи 1,5 км аз шаҳр, дар наздикии деҳаи Деваштич харобаҳои Шаҳри бостонии Панҷакент воқеъ аст, ки дар асрҳои 5-8 маркази бузурги мадании давлати Суғд буд.
Дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна воҳаи Панҷакент як мулки мухтори вил. Самарқанд ва дар асрҳои 7-8 Панҷакенти Қадим пойтахти он буд. Дар асрҳои 5-8 Панҷакент дуввумин бузургшаҳри Суғди Самарқанд ба ҳисоб мерафт. Баъди тасарруфи Самарқанд соли 715 аз ҷониби арабҳо ҳокими Панҷакент Деваштич худро шоҳи Суғд эълон карда, Панҷакентро ба яке аз марказҳои суғдиён дар мубориза бар зидди истилогарони араб табдил дод. То соли 722 (то шикасти Деваштич) шаҳр дар ин мақом карор дошт.
Дар ибтидои асри 8 шаҳраки Панҷаканд тавассути сипоҳи арабҳо забт ва ба ҳайати хилофат ҳамроҳ карда шуд. Пас аз ташаккули давлати бузурги Сомониён шаҳраки нав ва тамоми воҳа ба он дохил шуд. Дар асрҳои баъдӣ низ Панҷакент ҳамчун яке аз шаҳрҳои бонуфузи Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим мақоми намоёнро ишғол карда, дар ривоҷи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқҳои ҳамҷавор саҳмгузорӣ кардааст. Дар асрҳои 9-12 Панҷакент ба Самарқанд тобеъ буд. Дар ибтидои асри 13 ҳангоми хуҷуми муғулҳо Панҷакент куллан хароб шуд. Панҷакенти Нав дар оғози қарни 14 дар мавзеи назди Қаволаи шаҳри имрӯза бунёд гардид ва то миёнаи асри 18 он ҷо қарор дошт. Дар асрҳои 16 ва миёнаи асри 19 Панҷакент тобеи аморати Бухоро буд.
Мавзеъҳои поиноби рӯди Зарафшонро ҷуғрофиёдонҳои асримиёнагӣ воҳаи Бухоро меномиданд. Аз сабаби пурра истифода шудани оби рӯди Зарафшон ва хушкидани он дар ин воҳа ба ривояте номи ш. Бухоро аз маънии бухор шудан пайдо шудааст. Ин воҳа низ асосан ба минтақа (округ)-и Зарафшон ворид буда, дар давраҳои гуногун ҳудуди маъмурию ҷуғрофии худро вобаста ба фазои мавҷудаи сиёсӣ тағйир додааст. Соли 1868 пас аз забти Самарқанд аз ҷониби Руссия Панҷакент ба таври ихтиёрӣ ба ҳайати минтақаи Зарафшон дохил гардид. Олим ва муҳаққиқи рус, узви Ҷамъияти ҷуғрофиёии Империяи Руссия А. Н. Соболев, ки иштирокчии экспедитсияи «Искандаркӯл»-и генерал Абрамов будааст, дар асари худ «Зарафшон» дар бораи округ (минтақа)-и Зарафшон қайд кардааст: «Аз рӯи тақсимоти маъмурӣ округи Зарафшон дар асоси сарзамини истилокардаи русҳо охири моҳи июни соли 1868 таъсис ёфт. Соли 1872 округи Зарафшон ба се бахш: Каттақӯрғон (Кушонияи бостонӣ), Самарқанд ва Панҷекат тақсим карда шуд. Бахши Панҷекат туманҳои Ургут, Панҷекат, Фон, Фалғар, Мастчоҳу Фалғарро дар бар мегирифт». Дар водии Зарафшон бори нахуст дар ш. Панҷакент роҳи нақлиётӣ бунёд гардид ва хатти телефон кашида шуд. Пас аз инқилоби болшевикӣ (солҳои 1918-24) Панҷакент ба ҳайати Ҷумҳурии Туркистон ва баъд аз тақсимоти марзии соли 1924 ба ҳайси вилояти ҷудогона дар ҳайати ҶМШСТ ва соли 1929 ба ҳайати ҶШС Тоҷикистон дохил гардид.
Аз соли 1926 то соли 1930 Панҷакент минтақаи мустақил буд. 23 ноябри соли 1930 минтақаи Панҷакент барҳам дода шуд ва дар заминаи он ду ноҳия — Панҷакент ва Заҳматобод ташкил ёфт. Он замон Панҷакент дорои 4 волост ва 15 ҷамоат буд. 27 июни соли 1953 он ба шаҳри тобеи ноҳия ва аз 14 октябри соли 1959 ба шаҳри тобеи вил. Ленинобод (Суғд) табдил шуд. Ноҳияи Айнӣ (солҳои 1930-55 Заҳматобод) то солҳои 1930 ба волостҳои Фалғар ва Искандара дохил мешуд. Он аз 4.1.1963 ба н. Панҷакент (то 6.1.1965) ҳамроҳ карда шуд. Соли 1952 як қисми аҳолии деҳаи Ғузни н. Кӯҳистони Мастчоҳ ба н. Пахтаарали вил. Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳоҷир шудаанд. Дар он ҷо деҳаи Фирдавсӣ, маҳаллаи Тоҷиквулро ташкил кардаанд, ки ҳоло шумораи аҳолиаш ба 14 ҳазор нафар расидааст. Солҳои 1957-58 як қисми хоҷагиҳо ва аҳолии н. Кӯҳистони Мастчоҳ тибқи Укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон бо мақсади корамсозии заминҳои лабташнаи дашти Дилварзини тоҷик (имрӯза н. Мастчоҳ) ба ин минтақа ва н-ҳои Бобоҷон Ғафуров (к-зи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви собиқ н. Ленинобод), Спитамен (деҳаи Янгиободи собиқ н. Нов), Ҷаббор Расулов (собиқ Пролетар) ва Зафаробод кӯчонида шуда, ноҳия (Мастчоҳи Кӯҳӣ) барҳам хӯрд. Дертар (2.1. 1969) дар ҳудуди пешинаи ин ноҳия ҷамоати деҳоти Лангари н. Мастчоҳ таъсис ёфт ва як қисми аҳолӣ баргашта, дар ҳайати к-зи Жданов (аз соли 1974 Иттиҳодияи байниколхозии гӯсфандпарварии н. Мастчоҳ) кор мекарданд. Иттиҳодия то соли 1991 амал мекард ва саршумори чорвояш ба 76 ҳазор сар расида буд. 2.2.1996 н. Кӯҳистони Мастчоҳ аз нав таъсис ёфт ва як қисми аҳолӣ баргашта, онро аз нав обод карданд ва дар ҳайати к-зҳои ба номи Бобоҷон Ғафуров, Бобохон Ҳамдамов ва Пирмуҳаммад Дӯстов фаъолият мекарданд.
Як қисми аҳолии водии Яғноби н. Айнӣ дар асрҳои 16-17 ба водии рӯди Варзоб (деҳаҳои Куктеппа, Зуманд, Ғарав, Роғ, Дара, Харангон) ва водии Ҳисор (деҳаҳои Мавлонҷари Боло, Обшорон, Ободдара) кӯчидаанд. Баҳори соли 1970 қисми дигари аҳолии водии Яғноб ба н. Зафаробод кӯчонда шуданд. Айни замон як қисми аҳолии ин минтақа аз н. Зафаробод ба водии Яғноб баргашта, онро дубора обод кардаанд. Дар водии Яғноб забони яғнобӣ, ки бозмондаи забони матруки суғдӣ аст, ба таври маҳдуд (дар гӯиш) вуҷуд дорад.
Водии Зарафшон сераҳолӣ мебошад. Дар он н-ҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, ш-ҳои Панҷакенту Самарқанд, Каттақӯрғону Навоӣ ва Когону Бухоро ҷой гирифтаанд. Шумораи умумии аҳолии водии Зарафшон (қисми тоҷикистонӣ) соли 2017 ба 392 ҳазор нафар (аз ҷумла аҳолии ш. Панҷакент 287,3 ҳазор нафар, н. Айнӣ 80,2 ҳазор ва н. Кӯҳистони Мастчоҳ 24,5 ҳазор) расид. Дар ҳудуди ин водӣ 1 шаҳр (Панҷакент), 2 ноҳия (Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ), 23 ҷамоати деҳот (Амондара, Вору, Ёрӣ, Косатарош, Лоиқ Шералӣ, Моғиён, Рӯдакӣ, Саразм, Халифа Ҳасан, Хурмӣ, Фароб, Чинор, Шинг, Сӯҷинаи ш. Панҷакент, Айнӣ, Анзоб, Дардар, Рарз, Урметан, Фондарё, Шамтучи н. Айнӣ, Иван-тоҷик ва Лангари н. Кӯҳистони Мастчоҳ), 273 деҳа, 5 шаҳрак [Меҳрон, Зарафшон, Айнӣ, Суғдиён, шаҳраки Геологҳо (ҳоло ба номи Боймурод Холмуродов)] воқеъ мебошанд.
Зичии аҳолӣ дар ҳамвориҳои қисми ғарбии водӣ 27-62 нафар дар 1 км², дар н-ҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ 27-15 нафар дар 1 км² аст.
Ноҳияи Айнӣ ва ш. Панҷакент фурудгоҳ доранд. Тармим ва бозсозии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент (18.10. 2015), дар ин самт бунёду азнавсозии пулҳо ва ба истифода дода шудани нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» мушкилии мусофирони водиро осон карда, яке аз қадамҳои устувори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ буд.
Remove ads
Кишоварзӣ
Водии Зарафшон аз қадимулайём чун яке аз минтақаҳои обод ва аз ҷиҳати иқтисодиву маданӣ рушдкардаи Осиёи Миёна машҳур буд. Дар ин ҷо боғдорӣ, ғаллакорӣ (гандум, ҷав, шолӣ, ҷуворимакка), картошкапарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, кирмакдорӣ, занбӯрпарварӣ ва пахтакорӣ (дар вил-ҳои Самарқанду Бухоро) ривоҷ ёфтааст. Дар даврони Шӯравӣ водии Зарафшон яке аз минтақаҳои бузургтарини истеҳсоли тамоку буд ва ҳар сол дар майдони 7 ҳазор га тамоку парвариш карда мешуд (дар ш. Панҷакент Иттиҳодияи бузурги коркарди тамоку фаъолият дошт). Баъди қабул гардидани Барномаи рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-15 водӣ ба яке аз минтақаҳои бузурги картошкапарварӣ табдил ёфт. Аз ҷумла, дар давоми 4 соли охир дар ш. Панҷакент майдони кишти картошка то 2 ҳазор га зиёд гардида, истеҳсоли он ба 65 ҳазор т расонда шуд. Шоликорӣ низ яке аз бахшҳои асосӣ ва сердаромади соҳаи кишоварзии Панҷакент буда, истеҳсоли солонаи он то ба 9 ҳазор т мерасад. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ яке аз минтақаҳои бузурги картошкапарварии ҷумҳурӣ буда, он зиёда аз 70 дарсади даромади соҳаи кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳад.
Дар водии Зарафшон дарахтони зардолу, себ, ангур, тут, чормағз ва шафтолу парвариш меёбанд. Иқлими водии Зарафшон бештар барои парвариши себу нок ва ангур мусоид аст. Дар водии Зарафшон ангури миёнапазро дар баландиҳои 1500—1600 м, ангури пешпазакро дар баландиҳои 1800—1900 ва ангури хеле пешпазакро то баландиҳои 2000 м парвариш мекунанд. Дарахтони зардолу дар баландиҳои 2300 м парвариш ёфта, ҳосили хуб медиҳанд.
Солҳои 90 асри 20-ум 43 дарсади мева, 32 % ангур, 15 % шир, 6 % гӯшт ва тамокуи вил. Суғд дар водии Зарафшон истеҳсол мешуд. Солҳои 2004-08 дар водӣ ба ҳисоби миёна ҳар сол 2924,6 т ангур, қариб 9505,8 т мева, 15,6 т асал (аз ҷумла 10 т дар н. Айнӣ, 3,6 т дар ш. Панҷакент ва 2 т дар н. Кӯҳистони Мастчоҳ), ба ҳисоби миёна соле 60 т пила истеҳсол шудааст, ки он 2 дарсади маҳсулоти истеҳсолкардаи ҷумҳуриро ташкил медод. Соли 2017 дар н. Кӯҳистони Мастчоҳ 1514 т гӯшт, 6080 т шир, 2379 т ғалла, 67484 т картошка, 7607 т мева, 1065 т сабзавот, 142 т пашм, 35,2 т асал, 6200 дона тухм, 3520 т ангишт, дар н. Айнӣ, 2237,6 т гӯшт, 5219,7 т шир, 47000 дона тухм, 87,8 т пашм, 4,3 т пила, 19 т асал, 1,8 т моҳӣ, 4220,2 т ғалла, 10928 т картошка, 2393 т мева, 15,9 т ангур, 4330,2 т сабзавот, дар ш. Панҷакент 2316,5 т гӯшт, 15347,4 т шир, 2,2 млн дона тухм, 19,7 т асал, 67 т пашм, 21,8 т пила, 37596 т картошка, 24861 т сабзавот, 978 т полизӣ, 26028 т ғалла, 5122 т ангур, 29 т моҳӣ истеҳсол гардид. Ҳоло дар 7 ҳавзи хоҷагии моҳипарварии ш. Панҷакент соле то 28-29 т моҳӣ истеҳсол мешавад.
Барои парвариши чорво ҳавзаи д-ҳои Фон, Яғноб ва Киштӯд мувофиқтаранд. Солҳои охир дар баъзе хоҷагиҳои н-ҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба парвариши қутос (ғажгов) ва асп машғуланд.
Remove ads
Саноат
Саноати водии Зарафшон аз корхонаҳои истихроҷ ва коркарди филиззоти ранга, сӯзишворӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ иборат аст. Ноҳияи Айнӣ яке аз манбаъҳои муҳимми таъминоти корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии мамалакат бо ангишт мебошад. Аз ҷумла, Корхонаи истихроҷи ангиштсанги «Фон — Яғноб» соле то 300—400 ҳазор т ангишт истихроҷ мекунад. Бузургтарин корхонаҳои саноатии водии Зарафшон: Ширкати металлургии «Анзоб», Корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Анзоб», ҶДММ «Талко Ресурс», ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик», коркарди мева ва истеҳсоли шарбати ҶДММ «Шамтуч», истеҳсоли обҳои маъдании «Санги гирён» — ҶДММ «Зеробод», ҶДММ «Мустафо» (н. Айнӣ), ҶДММ Корхонаи муштараки «Зарафшон», ҶДММ «Муҳандис-Бинокор», ҶДММ «Ризо», з-дҳои хиштпазӣ, консерваи меваи ҶДММ «Зоиршо», коркарди шолӣ, ҶСШК Комбинати гӯшту шири Панҷакент, истеҳсол ва коркарди санги мармари ҶСК «Мармари Зарафшон», корхонаи маъдантозакунии ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» (дар деҳаи Рукнобод, иқтидори истеҳсолии солонаи он 75 ҳазор т маъдан), з-ди шаробпазии ҶСК «Парандис» (ш. Панҷакент), корхонаи истихроҷи ангишти «Ғузн» (ҳоло ҶДММ «Қудрат-2010», н. Кӯҳистони Мастчоҳ). Октябри соли 1994 Корхонаи муштараки Тоҷикистону Британия — «Зарафшон» ба фаъолият оғоз намуда, соли 1996-ум 1,7 млн т маъдан коркард ва соли 1998-ум 3200 кг тилои холис истеҳсол кард. Моҳи октябри соли 2015 дар ш. Панҷакент ф-каи дуввуми ҶДММ Корхонаи муштараки заршӯии «Зарафшон» ифтитоҳ гардид, ки дар он соле то 2,2 т тилои холис истеҳсол ва дар 1 шабонарӯз 10 ҳазор т маъдан коркард мешавад.
Доир ба иқлим, наботот, хок ва сарватҳои табиӣ, релеф, сохти геологӣ ва ҳидрографияи водии Зарафшон муҳаққиқон А. П. Федченко, И. В. Мушкетов, В. А. Комаров, Р. Б. Баротов, П. Баротов, А. П. Костенко, М. Н. Нарзиқулов, К. Зарафшон Зокиров, И. А. Абдусаломов, И. К. Ҷабборов ва роҷеъ ба мавқеи суғдиён дар Осиёи Миёна, нақши онҳо дар пешбурди маданияти моддӣ ва маънавӣ шарқшиносону бостоншиносони русу тоҷик В. В. Бартолд, М. С. Андреев, А. А. Фрейман, А. А. Семёнов, В. Р. Чейлитко, А. Ю. Якубовский, А. И. Тереножкин, О. И. Смирнова, В. JI. Воронина, Б. И. Маршак, А. Мухторов, А. Ҷалилов, Н. Неъматов, А. Исҳоқов, Ю. Ёқубов, Ҳ. Назаров, У. Эшонқулов, А. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Ш. Қурбонов, И. Раҳматуллоев ва кишваршиноси маҳаллӣ Р. Маҳмудов таҳқиқоти муҳим анҷом додаанд.
Remove ads
Маориф
Мактабҳои нахустини шӯравӣ дар водии Зарафшон дар хонаҳои мардум, аз ҷумла дар н. Кӯҳистони Мастчоҳ дар хонаҳои Маликмаҳмад (нахустомӯзгор Маҳмадалӣ — Алӣ Ҷаббор), Муллораҷаб ва дар н. Панҷакент соли 1901 дар хонаи Азимбойи Хоҷамуҳаммад (машҳур бо номи Қозӣ Азимбой, хатмкардаи мадрасаи Бухоро) ҷойгир буданд. Аксари хатмкардаҳои мактаби Қозӣ Азимбой ходимони ҷамъиятӣ шудаанд. Мардуми ин водӣ дар маҳфилу суҳбатҳои аҳли илм маснавихонӣ, бедилхонӣ мекарданд ва саводи зеҳниву шифоҳии онҳо дар шакли зарурӣ ташаккул меёфт. Муҳаммадраҳими Муллошароф яке аз аввалин муаллимони маҳви бесаводӣ дар деҳаҳои Нови Чомоқ ва Шинги Боло, муаллимони нахустин М. Ҳокимов, Ш. Ғоибов, Б. Мухторова, М. Юлдошева, О. Бӯтаева, Зарафшон Хоҷамуродова, М. Наҷмиддинова, рӯди Абдуллоева, Муаллимони хизматнишондодаи Тоҷикистон Н. Алиева, М. Раҳимова буданд. Таълим то соли 1930 бо ҳуруфи форсӣ ва солҳои 1930-40 дар асоси алифбои лотинӣ сурат мегирифт.
Ҳоло дар водии Зарафшон Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ (Панҷакент), 234 муассисаи таълимӣ (аз ҷумла 172 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 58 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3 литсейи касбӣ, литсей-парваришгоҳ, гимназия), 17 кӯдакистон, 3 мактаби мусиқии бачагона, 2 мактаби варзишӣ фаъолият доранд.
Remove ads
Фарҳанг, доираи адабӣ
Ҳавзаи фарҳангии водии Зарафшон дар таърихи тамаддуни халқи тоҷик мақоми хосса дорад. Дар водии Зарафшон мактаби мусиқию овозхонии Артисти халқии СССР Ҷ. Муродов тавлиду тавсеа ёфтааст. Саҳми Ҷ. Муродов дар равнақи эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ташаккули ҳунари санъаткорони ин минтақа Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон А. Шодиев, М. Насриддинов, Х. Зарафшонӣ, Ҳунарпешагони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Зарифов, О. Бобоев, А. Бердиев, Н. Амонқулова, Р. Идиев, Қ. Зарифов, Р. Ботуров, М. Абдулов, Т. Ҷалолов бузург аст. Ҳофизони халқии Тоҷикистон Б. Облоқулов, У. Баҳриев, А. Сатторов, Ҳ. Ёров, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон И. Саломов, Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Р. Қосимова, Л. Азизова, Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон Х. Хӯҷаева, шашмақомсаро (ҳунарманд)-и мардумӣ И. Бобоев дар ҳамин водӣ таваллуд шудаанд. Муассисаҳои маданӣ-маърифатӣ барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва маърифати мардуми ноҳия корҳои муҳиммеро анҷом доданд. Соли 2018 дар водии Зарафшон 14 хонаи фарҳанг, 3 кохи фарҳанг, театри халқӣ, 33 клуб, 5 осорхона, бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ансамбли тарона ва рақс, ансамбли шашмақомсароёни «Навои Панҷакент», ансамбли фолклории «Марворид», 79 китобхона, 13 тарабхона, 10 меҳмонхона, зиёда аз 484 маркази савдо ва нуқтаи савдои хусусӣ фаъолият доранд.
Ҳанӯз дар нахустин асари ҷуғрофии замони Сомониён «Ҳудуду-л-олам» ин мавзеъ бо номи Бутамон ёд шуда, дар баъзе сарчашмаҳои дигар ин макони сарсабзу обод бо ишорат ба таваҷҷуҳи олимон ва донишварону сухандонон чун «водии дарвешон» низ унвон карда мешавад. Тавсифи «водии дарвешон»-и муаллифи номаълум, пеш аз ҳама, ба хотири шумораи зиёди суханварону адибон, маорифпарварону орифон ва донишмандони ин водӣ будааст.
Қофиласолори шеъри форс-тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамин водӣ ба дунё омадаву ба камол расидааст. Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ чун меросбари асили устоди шоирон бо идомаи беҳтарин суннатҳои назми оламгири тоҷик ин давраи таърихии адабиётро як навъ ҷамъбаст намудааст. Туғрал ҳамчун вориси яке аз пешвоёни тариқати нақшбандия — Хоҷа Аҳрори Валӣ тавассути ашъору афкори худ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии мардум саҳми арзишманд гузоштааст.
Шоирони соҳибдевони ин водӣ Муҳаммадзамон ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутӣ (1203/1788-1266/1849), Тамҳид — Қорӣ Солеҳи Похутӣ, Абдӣ — Мирзо Абдуллоҳи Самарқандӣ (аз мавзеи Ёрии вил. Урметан, сокини Самарқанд), Мулло Абдуллоҳи Саҳбо, Мулло Абдукарими Сипандӣ, Аҳмад Мираминзода (Аҳдӣ), Камолии Рашнагӣ, Мулло Мирҷамол, Мулло Одинамуҳаммад, Мулло Бобур (Ишқӣ), шоирони халқии тоҷик Мелии Киштӯдӣ, Юсуф Вафо, Нозеҳи Пасрӯдӣ, Мазмуни Зерободӣ (асри 18) ва дигарон аз худ ашъори комиле ба мерос гузоштаанд. Минбаъд Шоирони халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, Гулназар, У. Раҷаб, К. Насрулло, Қ. Киром, рӯди Наҷот, шоирон Ф. Ансорӣ, М. Шералӣ, Меҳринисо, Баҳринисо, А. М. Хуросонӣ, Ноҳид, Сармад, С. Сафар, У. Олим, А. Сомонӣ, И. Зарифӣ, Нависандагони халқии Тоҷикистон Сорбон, Ӯ. Кӯҳзод, узви ИН Ҷ. Одина, Б. Насриддинов, Баҳманёр, А. Рабизода, Б. Ғанӣ, Н. Каримов, С. Абдуллоҳ, М. Шукурзода, Ф. Абдулло (Ардамеҳр), Ю. Юсуфӣ, Қ. Рустам, М. Солеҳ, М. Боқӣ, Б. Одинаев, Ф. Каримов ва рӯди Тоҳирӣ дар ин сарзамин зуҳур кардаву машҳур шудаанд.
Remove ads
Ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ
Дар водии Зарафшон аз замонҳои қадим қалъаҳо бунёд шудаанд, ки онҳо бештар қароргоҳ ва ё маҳалли зисти ҳокимони давр будаанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Вешисти ш. Панҷакент харобаи Қалъаи Дарун (ҳокимнишин буда, дидбонгоҳ доштааст ва аз тарафи офтобрӯя атрофро назорат мекардаанд), дар деҳаи Оббурдани н. Кӯҳистони Мастчоҳ Қалъаи Оббурдан (1870), дар наздикии деҳаи Кум харобаи қалъаи Муғ ва дар канори деҳаи Мадм димнаи Гардани Ҳисор (асрҳои 7-8, маркази вил. Бутамон) ошкор карда шуд, ки солҳои 716—722 қароргоҳи Утт — валиаҳди шоҳ Деваштич будааст. Корнамоиҳои Деваштич то ҳол достони шуҷоату матонат ва ҷасорату ватандӯстӣ барои наслҳои бисёр давраҳои таърихӣ мебошад. Соли 1932 аз қалъаи Муғи деҳаи Хайрободи н. Айнӣ навиштаҳои қадимае ёфт шуданд (аввалин бор дар Осиёи Миёна), ки бо номи «катибаҳои суғдӣ» маъруф гардиданд. Соли 1979 хонандагони мактаби шаҳраки Сарвода аз як ғори кӯҳӣ муҷассамаи чӯбии бути Меҳрро ёфтанд, ки ба замони Суғдиён мутааллиқ аст. Дар масофаи 6 км дуртар аз деҳаи Махшевади н. Айнӣ андаруни сахраи кӯҳӣ Ғори Хоҷа Исҳоқ (мазори Хоҷа Исҳоқ, 1424), дар деҳаи Ёрии Панҷакент Ғори Сомеъ воқеанд. Дар деҳаи Панҷрӯд мақбара («Маҷмааи фарҳангӣ-таърихии Панҷрӯд»), дар маркази ш. Панҷакент Осорхонаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858—941), Мадрасаи Миролим Додхоҳ, дар деҳаи Мазори Шариф ёдгории таърихии асрҳои 10-12 Мақбараи Муҳаммади Башоро ва дар муқобили он осорхонаи инфироди (хона-музей)-и Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ (1941—2000) мавҷуд аст. Дар деҳаи Зосуни н. Айнӣ маҷмааи таърихӣ-фарҳангӣ бунёд шудааст, ки аз мақбара, осорхонаи инфиродӣ ва муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (18.10.2015 ба ифтихори 150-солагии шоир бунёд шудааст) иборат аст. Масҷидҳои деҳаҳои Оббурдан, Дардар, Пасрӯд ва ғ. дар замони Сомониён бо устокории нафис бино ёфтаанд. Дар шаҳраки Айнӣ харобаи манораи Варзи Манор ва дар деҳаҳои Фатмеву Рарз манораҳои (асрҳои 11-12) аз хишти хом сохташуда то кунун боқӣ мондаанд. Дар баромадгоҳи ш. Панҷакент мақбараи Халифа Ҳасан, дар маркази деҳаи Ёвони н. Айнӣ мақбараи Ҳазрати Имом Муҳаммади Варшақ, дар деҳаи Рунҷ марқади Хоҷа Дарвеш Муҳаммади Хуҷандӣ, дар деҳаи Палдораки н. Кӯҳистони Мастчоҳ мақбараи Муҳаммад Юсуфхоҷа (Махдуми Аъзам) ва писари эшон Муҳаммад Аминхоҷа (Эшони Шаҳид) воқеанд, ки зиёратгоҳи мардум мебошанд. Дар маркази деҳаи Вешаби н. Айнӣ мазоре бо номи марқади яке аз шахсиятҳои бузурги олами ирфон — Мавлоно Шамсуддини Табрезӣ маъруф аст, ки зиёратгоҳи сайёҳон мебошад. Амирони Бухоро низ ба ин мазор таваҷҷуҳ доштаанд, аз ҷумла бо фармони амир Насруллоҳ дар болои гӯрхонаи ин бузургвор хонақоҳ сохтаанд, ки Абдураҳмони Мустаҷир таърихи бунёди онро соли 1842 тахмин кардааст.
Remove ads
Ашхоси маъруфи водӣ
Ходимони давлатӣ Ч. Имомов, И. Бобоҷонов (аввалин раиси инқилобии волости Панҷакент), О. Мӯминова, О. Отабоева, А. Бердиев, М. Авезов, М. Абдушаҳидов, М. Икромов, Ҷ. Қурбонов, Ҳ. Муродов, С. Зарипов, М. Раҳимов, У. Шокиров, С. Бобоев, И. Оқилов, Б. Бобоев, М. Шерализода, И. Салоҳиддинов, Ш. Самадов, Х. Юсуфӣ, Ҳ. Бобоев, И. Зиёзода, О. Латифӣ, М. Икромов, И. Ҷунайдов, М. Бобоева, М. Мирзобадалов, М. Ҳоҷиев, рӯди Холиқов, Ё. Ғиёсов, Р. Раҳматзода, Н. Раҳматуллозода, Х. Абдулхайров, Ш. Ахмедов, О. Салимов, Н. Оқилов, Х. Шарифов, З. Насриддинов, М. Халифаев, С. Шарифов, Раисони Суди Олии Тоҷикистон Б. Ҳамдамов, С. Фатҳиллоев, генералҳо А. Азимов (собиқ котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон), Х. Ҳамроқулов, И. Қаноатов, М. Муҳаммадиев, У. Охунов, Т. Турдиев, Қ. Ҳасанов, аввалин барпокунандагони сохти колхозӣ М. Ғаюров, Ш. Муҳаммадиев, Ҳ. Раҳимов, К. Мансуров, М. Қиёмов, Ҳ. Хӯҷамуродов, М. Тошев, Ҳ. Шоисматов, Х. Авезов, аз аввалин занҳои судяи ҷумҳурӣ Б. Раҳимова, журналистони шинохта Б. Бердиева, рӯди Рӯзиев, О. Шукурзода, А. Ҳасанов, Х. Атовулло, Ш. Ҳамдампур, Қ. Хӯҷамов, А. Муродӣ, Ҷ. Юсуфӣ, М. Рустам, Ш. Ҳақназаров, С. Зарафшонфар, Р. Камолов, К. Мӯсо, Т. Солеҳзода, М. Самадӣ, собиқ Раиси суди вилояти Хатлон Қ. Бобокалонова, полковник Қ. Мирзоева, нахустин лочиндухтари тоҷик О. Муҳаммадҷонова, академикҳо Ф. Раҳимӣ, Н. Қаюмов, Б. Сангинов, И. Ғаниев, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Файзиев, А. Бадалов, А. Шарифзода, Ш. Рустамов, М. Муллоаҳмадов, Т. Бобоев, С. Исҳоқов, Х. Ибодинов, Ҷ. Низомов, Б. Ҷумъаев, М. Султонов, акад. АИ идоракунии Руссия У. Саидов, акад. АИ педагогӣ-иҷтимоии Руссия Қ. Восеъ, узви пайвастаи АИ байналмилалии мактабҳои олӣ ва ҷомеашиносии Руссия О. Тошев, узви вобастаи Академияҳои илмҳои байналмилалии таҳсилоти олӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣ А. Ҷабборов, узви вобастаи Академияҳои илмҳои байналмилалии гуманитарӣ ва иҷтимоӣ Р. Раҷабов, узви вобастаи АИТТ С. Аҳмадзода, узви вобастаи Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Шербоев, М. Нуъмонов, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон А. Шарипов, узви вобастаи АИ Федератсияи Руссия А. Ҳусейнов, докторони илм — А. Афсаҳзод (Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон), А. Сатторзода, Б. Тилавов, О. Хоҷамуродов, Ш. Исрофилниё, М. Маҳмудзода, Қ. Мухторӣ, Ҷ. Холов, Ш. Солеҳов, Г. Шарипова, Ш. Сӯфиев (филология), А. Низомов (санъатшиносӣ), У. Тоҳиров, Р. Нарзиқулов, С. Расулов, З. Аҳмадҷонова, С. Авезов, А. Маҳмадмуродов, Р. Дадобоев, Ш. Раҷабалиев, Ҷ. Сангинов, С. Зарипов (тиб), Б. Қодиров, З. Бобоева, Р. Қурбонов, Ш. Рӯзиев (педагогӣ), С. Расулов, А. Сабурова, В. Бобоҷонов, Н. Баҳриддинов, М. Нуъмонов, М. Исмоилов, (биология), А. Бобозода, Н. Усмонов, С. Юнусова, М. Ҳоҷиев (физика ва математика), М. Каримов, В. Абулҳаев (кимиё), С. Мухторов, К. Абдулов, И. Келдиев, Р. Раҳимов, М. Шукуров, С. Исломов, С. Бобомуллоев, Н. Убайдуллоев, Ҳ. Тоатов, Н. Мирзоев, Ф. Зикриёев, Ш. Воҳидов, С. Муллоҷон (таърих), М. Нурмаҳмадов, С. Исломов, Ш. Дӯстбоев, Ҷ. Ҷумъаев, А. Эшбоев, Т. Қурбонов, А. Насимов, З. Султонов, С. Ҳабибов, П. Давронов (иқтисод), В. Ғафуров (техника), Н. Ёрбоев, А. Ҳабибов (байторӣ), С. Шарофов, И. Бобоҷонов, И. Сафаров, А. Маликова (ҳуқуқ), З. Шарифов, Х. Ҷабборов (кишоварзӣ), рӯди Бобоев, М. Давлатов (фалсафа) ва садҳо нафар номзадҳои илм, ҳайкалтарош А. Аминов, Рассоми халқии Тоҷикистон К. Ёдгоров, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Ш. Шарипов, Қ. Халилова, С. Абдуллоева, Н. Раҷабов, С. Давлатов, Ҳ. Амиров, О. Нозимов, донишноманигорони варзида А. Нуров, Ҷ. Азизқулов, Н. Шарипов, Устодони варзиш М. Исоев, бародарон Сино, Фирдавсӣ, Фирӯз Рофиевҳо, З. Руҳулов, У. Устопиров дар ҳамин водӣ таваллуд шудаанд.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads