Дарёдор
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Дарёдор (форсӣ: دریادار) — дараҷае солорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новхудо якум ва пойинтар аз дарёбон дорад ва баробар бо гундсолор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст; контр-адмирал.
Дараҷаи пойинтар: Новхудо якум |
![]() Дарёдор |
Дараҷаи болотар: Дарёбон |
Remove ads
Вожашиносӣ
«Дарёдор» ба маънои «дарёдоранда; нигаҳдори дарё»[2] аз як вожа ва як пасванд сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (дарё) + пасванд (-дор), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[3]] аст.
дарё (порсии миёна: drayāb- < порсии бостон: drayah-[4]) + -дор (порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»)
Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Истилоҳи «дарёдор»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри севум» (аз ар. امیرالبحر < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[5].
Remove ads
Пешина
Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[6] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحر амиру-л-баҳр «дарёсолор»[7][8]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.
7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-адмирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.
Remove ads
Сарчашма
- Адмирал // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads