Давлати исломии Ироқу Шом

From Wikipedia, the free encyclopedia

Давлати исломии Ироқу Шом
Remove ads

«Давлати исломӣ» (ар. الدّولة الإسلاميّة, ад-Давлату-л-Исломия), ихтисоран ДИ, қаблан «Давлати исломии Ироқу Шом» (ар. الدولة الإسلامية في العراق والشام ихтисоран ДОЪИШ (ар. داعش) — як созмони байнулмилалии[11] тундрави[12] исломгаро ва пайрави омӯзаи ваҳҳобӣ аз исломи суннӣ.

Quick facts Таърихи таъсис, Номи расмӣ ...

Ин гурӯҳ аз июли 2014 иддаои хилофати ҷаҳонӣ кард ва худро Давлати исломӣ (ар. الدّولة الإسلاميّة) номид. Ҳамчунин замоне бахшҳои бузурге аз шимол Ироқ ва шарқи Сурияро бо ҷамъиятҳои 2,8 ва 8 миллиюн нафар ва бахшҳои кӯчакеро дар Либия, Нигерия ва Афғонистон ба тасарруфи худ дароварда буд.

Ин гурӯҳ ба раҳбари Абубакри Бағдодӣ аз муҷоҳидини салафии ҷудошуда аз шабакаи Алқоъида таъсис шуда ва бо давлатҳои Ироқ, Сурия ва дигар гурӯҳҳои шӯришии мухолифи давлати Сурия вориди ҷанг шудааст. ДОИШ яке аз тундравтарин гурӯҳҳои исломгаро дар Ховари Миёна буд. Ин гурӯҳ илова бар Ироқ ва Сурия бахшҳое аз Либия ва Нигерияро низ дар контроли худ даровард. Гурӯҳҳои ҳампаймони ДОИШ дар нуқот дигари дунё мисли Афғонистон ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ низ фаъол ҳастанд.

Remove ads

Таърих

ДОИШ чанд марҳалаи муттаҳидшавиро аз сар гузаронда, ба ҳайати худ теъдоди зиёди созмон ва гурӯҳҳои террористиро дохил кардааст. 15 октябри 2006 дар натиҷаи муттаҳид гардидани гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Ироқ, аз ҷумла «ал-Қоида» дар Ироқ ва Анҷумани машваратии муҷоҳидон, созмони «Давлати Исломии Ироқ» («ДИИ») ташкил ёфта буд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Ироқ гурӯҳҳои мусаллаҳи «ДИИ» дар ш. Мавсил, музофоти Бағдод, Анбор ва Диёла ба муқобили ҳукумати марказии Ироқ ва низомиёни ИМА муборизаи мусаллаҳона мебурданд. Роҳбарони ин созмон Абуайюб ал-Мисрӣ ва Абуумар ал-Бағдодӣ буданд. Пас аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия (2011), «ДИИ» фаъолияти худро дар хоки Сурия низ густариш дода, аз апрели 2013 ДОИШ ном гирифт. 29 июни 2014 ДОИШ дар бораи ташкил додани хилофати умумиҷаҳонӣ эълон намуд (мақомоти роҳбарикунандааш дар шаҳри ар-Раққаи Сурия). Аз апрели 2010 роҳбари ДОИШ Иброҳим Аввод Иброҳим Алӣ ал-Бадрӣ ас-Сомарроӣ мебошад, ки бо номи Абубакр ал-Бағдодӣ машҳур аст. Теъдоди ҷангиёни ДОИШ қариб 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳайати асосии роҳбарикунандаи дастаҳои низомии ДОИШ-ро собиқ низомиён ва хидматчиёни артиши Саддом Ҳусайн ташкил медиҳанд. Ба ҳайати роҳбарикунандаи ДОИШ ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Шарқи Наздик, Аврупо, ИМА, Руссия ва ғ. дохиланд. Сардори ДОИШ «халифа» маҳсуб шуда, ҳокимияти номаҳдуд дорад. Дар назди «халифа» мақоми машваратӣ – Шӯро фаъолият менамояд, ки аъзои он аз тарафи ӯ таъйин мешаванд. Роҳбарии умури идораи минтақаҳои тобеи ДОИШ-ро дар Ироқ ва Сурия «волӣ»-ён ба уҳда дошта, дар навбати худ «волӣ»-ёни музофотҳо ба онҳо тобеъ мебошанд. Дастгоҳи роҳбарони ДОИШ дар маҳалҳо, бинобар тағйирёбии доимии вазъият, маълум нест. Идораи низомии минтақаҳо аз тарафи Шӯрои низомӣ амалӣ гардида, фаъолияти хадамоти амниятиро Шӯрои кашф роҳбарӣ менамояд. Ҳайати шӯроҳо аз тарафи «халифа» асосан аз ҳисоби собиқ низомиёни артиш ва хадамоти ҷосусии давраи Саддом Ҳусайн таъйин мегардад. Вазифаи Шӯрои кашф таъмини амнияти шахсии «халифа» низ мебошад. Шӯрои ёрии низомӣ ба гурӯҳҳои тарафдори ДОИШ дар кишварҳои дигар ёрии моддӣ ва низомӣ мерасонад. Назорати иҷрои меъёрҳои шариат ва ахлоқи исломӣ аз тарафи Шӯрои ҳуқуқӣ назорат карда мешавад. Ин Шӯро масъулияти ташкили таблиғи ормонҳои ДОИШ-ро дар арсаи байналмилалӣ, даъват ва ҷалби ҷангҷӯёни довталабро ба сафи артиши ДОИШ ба уҳда дорад. Таҳияи қонунҳо ба уҳдаи Шӯрои маъмурӣ вогузор гардидааст. Ҳалли масъалаҳои хоҷагӣ ва иҷтимоӣ, танзими фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба уҳдаи мушовирони «халифа» вогузор шудааст. Манбаъҳои асосии даромади ДОИШ: фурӯши нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар «бозори сиёҳ», ғоратгарӣ, асир гирифтан ва фурӯхтани одамон, тиҷорати ёдгориҳои беназири таърихӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра. Ба ДОИШ сарватмандони калони кишварҳои арабии халиҷи Форс ёрии бузурги молиявӣ ва низомӣ мерасонанд.

СММ ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ДОИШ-ро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин ба муқобили аҳолии осуда дар Ироқу Сурия ва кишварҳои дигари ҷаҳон айбдор менамоянд. ДОИШ махсусан ба муқобили курдҳо, ақаллиятҳои мазҳабии язидиҳо, шиаҳо ва насрониёни сокини ду кишвари арабӣ муборизаи оштинопазир мебарад. Мутобиқи маълумоти Созмони ҳифзи ҳуқуқи байналмилалии «Amnesty International», марти 2015 ДОИШ беш аз 3 ҳазор язидӣ, аз ҷумла занон, кӯдакон ва мӯйсафедонро ба асорат гирифта буд. ДОИШ нест кардани ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии то аҳди исломро ҳадафи худ қарор дода, то сентябри 2015 беш аз 700 ёдгории нодири таърихиро дар ҳудуди Ироқ ва Сурия аз байн бурдааст.

Remove ads

ДОИШ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ

ДОИШ аз тарафи аксарияти кишварҳои ҷаҳон (Аврупо, ИДМ, аксарияти кишварҳои Шарқи Наздик ва ғайра) ҳамчун созмони террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ мамнӯъ эълон гардидааст[13][14][15][16][17][18].

Барои мубориза ба муқобили ДОИШ эътилофи байналмилалӣ ташкил ёфтааст, ки ба ҳайати он ИМА, кишварҳои узви Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), аксари кишварҳои Шарқи Наздик ва ғайра дохиланд. Ҳарчанд Федератсияи Руссия расман ба ҳайати эътилофи байналмилалӣ дохил нест, аз ибтидои ноябри 2015 бар асоси Созишномаи дуҷониба бо ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия амалиёти низомии худро ба муқобили ДОИШ дар ин кишвар оғоз намуд. ДОИШ фаъолияти худро дар Афғонистон низ созмон додааст. Ибтидои соли 2015 чандин гурӯҳи низомии мухолифи ҳукумати Афғонистон, аз ҷумла бахше аз собиқ ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон, худро тарафдори ДОИШ эълон намуданд. Тарафдорони ДОИШ дар вилоятҳои Қундуз, Нангарҳор, Зобул, Ғазнӣ, Кунар, Нуристон, Ҳилманд, Фароҳ ва ғ. мавҷуданд. ДОИШ дар Покистон низ нуфуз дошта, тарафдорони он ба муқобили артиши давлатӣ меҷанганд.

Тоҷикистон

Мувофиқи маълумоти мақомоти қудратии Тоҷикистон то ноябри 2015 ҳудуди 700 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи ДОИШ пайвастанд, ки беш аз нисфашон кушта шудаанд. Майи 2015 Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДОИШ-ро созмони террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ намуд[19]. 24 июни 2015 Парламенти Тоҷикистон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид намуд, ки мутобиқи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар фаъолияти ДОИШ аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум мегарданд.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads