Дарёсолор

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Дарёсолор (форсӣ: دریاسالار) — дараҷае солорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз дарёбон ва пойинтар аз новгонсолор дорад ва баробар бо сипаҳсолор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[2]; адмирал.

Quick facts Дарёсолор, Кӯтаҳнивишт ...

Дарёсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми фармондеҳи бузургнов дар нерӯи дарёиро дорад.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Дарёбон

Дарёсолор
Дараҷаи болотар:
Новгонсолор
Remove ads

Вожашиносӣ

«Дарёсолор» ба маънои «фармондеҳи нерӯи дарёӣ»[3] аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (дарё) + исм (солор)] аст:

дарё (порсии миёна: drayāb- < порсии бостон: drayah-)[4] + солор (порсии миёна: sardār < эронии бостон: *sara-dāra- > паҳлавӣ: sārδār[5])

Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[3].

Истилоҳи «дарёсолор»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри якум» (аз ар. أمیرالبحر < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[6].

Remove ads

Пешина

Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[7] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحر амиру-л-баҳр «дарёсолор»[8][9]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.

7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-ад­мирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.

Remove ads

Ному нишони дарёсолор дар нерӯҳои дарёии кишварҳои ҷаҳон

Сарчашма

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads