Новгонсолор

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Новгонсолор (форсӣ: ناوگان‌سالار) — яке аз болотарин дараҷаҳои солорӣ дар нерӯи дарёӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст; адмирал флота.

Quick facts Новгонсолор, Кӯтаҳнивишт ...

Новгонсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми фармондеҳи олии нерӯи дарёии кишварро дорад.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Дарёсолор

Новгонсолор
Дараҷаи болотар:

Remove ads

Вожашиносӣ

«Новгонсолор» ба маънои «фармондеҳи нерӯи дарёӣ» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (новгон) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

новгон (форсӣ: ناوگانмаҷмуъае аз киштиҳои ҷангӣ’)[1] + солор (форсӣ: سالار < порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < эронии бостон: *sara-dāra-)[2].

«Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[3].

Remove ads

Пешина

Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[4] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحر амиру-л-баҳр «дарёсолор»[5][6]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.

7 майи 1940 дар Новгони дарёии Иттиҳоди Шуравӣ дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-ад­мирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.

Истилоҳи «дарёсолор»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри якум» (аз ар. أمیرالبحر < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[7].

Remove ads

Ному нишони новгонсолор дар нерӯи дарёии бархе аз кишварҳои ҷаҳон

Сарчашма

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads