Забони арманӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Забони арманӣ (арманӣ: հայերեն լեզու) — яке аз забонҳои гурӯҳи забонҳои Ҳинду-Аврупоӣ аст. Забони арманӣ забони давлатии Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қаробоғи Кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар тамоми дунё бо забони арманӣ тахминан то 6,7 миллион нафар сухан мегӯянд. Мувофиқи пажӯҳиши Пажӯҳишгоҳи технологии Массачусетс забони арманӣ яке аз 50 забони маъмули ҷаҳон мебошад. Фарзияе вуҷуд дорад, ки забони арманӣ бо забони юнонӣ наздикӣ дорад. Забони арманӣ бо ҷумлаи забонҳои мурда (фригӣ, фракӣ, дакӣ, иллирӣ ва пеонӣ) ба шохаи забонии палеобалканӣ муттаҳид мешавад.
Remove ads
Инҷоро ҳам бингаред
Манбаъ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads