Ноҳияи Шаҳринав
ноҳияи Тоҷикистон From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ноҳияи Шаҳринав — ноҳия дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст. Маркази ин ноҳия деҳаи Шаҳринав аст.
Remove ads
Таъсис
Ноҳияи Қаратоғ 17 сентябри соли 1927 ташкил шудааст. Дар соли 1929 номи ноҳияи Шаҳринавро гирифт. Ҳудуди маъмурии он дар ҷануб то ба ноҳияи Лақай-Тоҷик (имрӯза ноҳияи Рӯдакӣ), дар шарқ то ба ноҳияи Сталинобод ва дар ғарб то ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон тӯл кашида буд, Дар арозии он 308 даҳа мааҷуд буда аҳолиаш зиада аз 61 ҳазор нафарро ташкил макард.
Аз ноҳияи Шаҳринав бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ 29 январи соли 1932 ноҳияи Хисор ва соли 1935 ноҳияи Регар (ҳоло Турсунзода) ҷудо карда шуданд. Соли 1959 бо мақсади калон кардани ноҳияҳо ноҳияи Шаҳринав барҳам дода шуд, як қисми он ба ноҳияи Ҳисор ва қисми дигараш ба ноҳияи Регар ҳамроҳ гардид.
Соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Шаҳринав аз нав барқарор гардид.
Remove ads
Ҷойгоҳ
Ноҳияи Шаҳринав дар водии Ҳисор ҷойгир шудааст. Дар шимол бо ноҳияи Айнӣ, дар ғарб бо ноҳияи Турсунзода, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯдакӣ ва дар шарқ бо ноҳияи Ҳисор ҳамсарҳад аст.
Мардум
Бино бар саршумори соли 2010 аҳолии ноҳия 96 600 нафар[2] ва дар соли 2016 аҳолии ноҳия 111 500 нафар[3] мебошад. Мардуми ноҳия ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.
Бахшбандӣ
Ноҳияи Шаҳринав ба 7 ҷамоати деҳот 1 ҷамоати шаҳрак, 70 деҳа ва 14 хоҷагиҳои ҷамоавӣ тақсимбандӣ шудааст.
Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Шаҳринав Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳринав — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Шаҳринав ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Иқтисодиёт
Дар ноҳия 2 ташкилоти сохтмонӣ, 600 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 4 корхонаҳои саноатӣ ва Омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ фаъолият дорад.
Кишоварзӣ
Майдони умумии заминҳо 100696 га, замини киштбоб 10571 гектар, аз он ҷумла замини обӣ 5024 гектар.
Шаҳринав дар замони шуравӣ аз ҷиҳати пахтакорӣ яке аз ноҳияҳои пешқадам ба ҳисоб мерафт, барои дастовардҳои кории солҳои панҷоҳум 12 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ноил гардидаанд. Раҳмаатулпо Аҳмадов — котиби аввали ноҳия, Холбобо Баротов — раиси хоҷагии «Ленинград», Акрамҷон Ҳаанов — раиси хоҷагии ба номи В. И. Ленин, Нисопат Додобоева — колхозчии колхози ба номи Ленин, Тоҷибой Абдуплоев, Маҳкамбой Давлатов, Мухаррам Мирзобобоееа, Мирзоир Тоҳиров, Тоҷибой Абдуплоев, Василченко К. П. аз қабили онҳо буданд.
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads