Ноҳияи Шаҳритӯс
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ноҳияи Шаҳритӯс (то 2021 — ноҳияи Шаҳритуз[2]; форсӣ: ناحیۀ شهرتوس) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 29 августи соли 1930 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[3] ва 7 январи соли 1944 бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд[4].
Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳритӯс (форсӣ: شهرتوس) аст, ки дар канори рӯди Кофарниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 112 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Бохтар ҷой дорад. Аз Шаҳритӯс то Душанбе 230 км роҳ аст.
Remove ads
Ҷойгоҳ
Ноҳияи Шаҳритӯс бо сарзамине 2380 км² дар дараи рӯди Кофарниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарё, дар шарқ — бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб — бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст. Дар ҳудуди ноҳия водии Бешкент ҷойгир аст, дарозиаш 70 км, бараш то 5 км. ва яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист. Дар ҷануби он аз оби Чилучорчашма тақр. 1000 га замин обёрӣ мешавад.
Remove ads
Таърих
Ниёгони маҳал дар дараи рӯди Кофарниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст[5]. Дар сарзамини Шаҳритӯс осори бисёре аз гаҳи бостон ва садаҳои миёна бозмонда аст[6]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин ёдгориҳои Хоҷа Машҳад (асрҳои XI-XII), Мақбараи Хоҷа Дурбод (асрҳои XI- XII), ёдгории таърихӣ - табии Чилучорчашма ва Тиллоҳалоҷӣ аст. Сарзамини кунунии ноҳияи Шаҳритӯс дар садаҳои миёна бахше аз Қубодиён ва вилояти торихии Хутталон буд. Пас аз инқилоби Бухоро 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 Шаҳритуз бахше аз вилояти Сталинобод ва дертар вилояти Қурғонтеппа гардид.
Дар соли 2021 ҳарфи 'з' дар номи ноҳия ба 'с' иваз шуда, номи Шаҳритусро гирифт[2].
Remove ads
Номгузорӣ
Бино бар ривояте, Шаҳритӯсро паҳлавони ҳамосӣ ва бостонӣ Тӯс писари Нӯзар бунёд гузошта аст.
Мардум
Бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳия 117,4 ҳаз. тан бошанда доштааст.[7]. Мардуми ноҳияи Шаҳритус ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
132,7 | 135,7 |
Бахшбандӣ
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шаҳритӯс 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат[7] дорад:
Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Шаҳритӯс Раиси Ҳукумати он аст, ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳритӯс Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шаҳритӯс барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисодиёт
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Омӯзишу парвариш
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ниҳодҳои фарҳангӣ
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Беҳдошту беҳзистӣ
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Адабиёт
- Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
- Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958.
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads