Педро Санчес

From Wikipedia, the free encyclopedia

Педро Санчес
Remove ads

Педро Санчес Перес-Кастехон ( исп. Pedro Sánchez Pérez-Castejón 29 феврали 1972, Мадрид ) - Иқтисоддон ва сиёсатмадори испанӣ , Котиби генералии Ҳизби сотсиалистии коргарии Испания (ҲСКИ) аз 26 июли соли 2014 то 1 октябри соли 2016 ва аз 17 июни соли 2017. Сарвазири Испания аз 2 июни соли 2018.

Quick facts Педро Санчес, Secretary General of the PSOE[d] ...
Remove ads

Зиндагинома

Соли 1995 дар Донишгоҳи Мадрид дараҷаи бакалаври иқтисодро гирифт ва баъдтар таҳсилашро дар Донишгоҳи Врижеи Брюссел идома дод . Дар соли 2012 ӯ дар Донишгоҳи Камило Хосе Села унвони докториро гирифтааст .

Фаъолияти сиёсии худро дар Созмони ҷавонони Ҳизби сотсиалистии коргарии Испания (ҲСКИ) оғоз кардааст. Вай ба ҳайси мушовири сиёсӣ дар Парлумони Аврупо, дар дафтари намояндаи СММ дар Босния ва Ҳерсеговина ва дар идоракунии ҳизб кор кардааст. Аз соли 2004 то 2009 узви Шӯрои шаҳри Мадрид буд. Соли 2008 дар Донишгоҳи Камило Хосе Села муаллими иқтисод шуд. Вай баъдтар аъзои Конгресси вакилон, палатаи поёнии генерал Кортес интихоб шуд .

Remove ads

Дар сари ҳукумат

1 июни соли 2018 порлумон дар бораи сарнавишти сарвазири феълӣ Мариано Рахой, ки ҳизбаш дар моҷарои коррупсионӣ даст дошт, раъйпурсӣ баргузор кард: 180 вакил раъйи нобоварӣ, 169 нафар раъйи - зид, як овоз бетараф. [14] Баъд аз ин, шоҳи Испания Филипп VI ба мақоми сарвазири нави кишвар, Педро Санчесро пешниҳод кард, ва ӯ ба кор шурӯъ кард.

Мариано Рахой баъд аз ба истеъфо баромадан, ба Девони вазирон номи нав дод: "Ҳукумати Франкенштейн" (зеро ки фраксияҳои аз ҷиҳати идеолужӣ мухталифи парлумонӣ танҳо бо нафрати умумӣ ба ҳизби ҳокими халқӣ солҳои тӯлонӣ муттаҳид мешуданд) ва ӯ инчунин ибтидои давраи ноустувории иқтисодӣ дар Испанияро пешгӯӣ кард [15].

Remove ads

Пайвандҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads