Русия

кишваре дар Осиё ва Аврупо From Wikipedia, the free encyclopedia

Русия
Remove ads

Русия (русӣ: Россия) расмӣ Федератсияи Русия (русӣ: Российская Федерация) — кишварест, ки дар Аврупои Шарқӣ ва бахши шимолии Осиё. Дар солҳои 19221991 кишвар Ҷумҳурии Шуравии Федеролии Сосиалистии Русия ном дошт ва яке аз 15 ҷумҳурии ИҶШС буд. 12 июни соли 1990 аз Иттиҳоди Шуравӣ истиқлол ёфт ва Русия ном гирифт. Дар 2 апрели 1997 узви Иттиҳоди Русия ва Белорус шуд. Русия паҳновартарин кишвар дар ҷаҳон (17 075 400 км² ё 11,46 % аст ва қаламрави он 1/9 рӯйи Заминро дар бар мегирад. Пойтахти Русия шаҳри Маскав аст.

Quick facts

      Аз моҳи майи соли 2012 то кунун раисҷумҳури Русия Владимир Владимирович Путин аст.

      Русия бо 18 кишвар дар хушкӣ ҳаммарз аст: Норвегия, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Белоруссия, Украина, Абхазия, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ ва бо: Жопун ва ИМА дар дарё ҳаммарз аст, ки ин ҷойгоҳ ба он имкон медиҳад, ки нақши муҳимро ҳам дар Аврупо, ҳам дар Осиё дошта бошад.

      Қаламрави Русия ба 89 воҳиди идорӣ (субъект), аз ҷумла 48 вилоят, 24 ҷумҳурӣ, 9 карона, 3 шаҳри федеролӣ, 4 ҳавзаи мухтор (автономный округ) ва 1 вилояти мухтор (Еврейская автономная область) бахшбандӣ шудааст.

      Русия — кишвари гуногунмиллат ва аз ҷиҳати этникӣ гуногунфарҳанг аст. Аксарияти аҳолӣ (тахминан 75 %) ба мазҳаби православии дини масеҳӣ эътиқод дорад, ки аз рӯи шумораи аҳолии масеҳиёни мазҳаби православӣ дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Мусулмонон аз рӯи шумораи диндорони Русия, дар ҷойи дуюм қарор доранд.

      Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҳаҷми маҳсулоти дохилии Русия (ҲМД-ВВП) дар соли 2014 — 3,745 трлн долларро (25 636 доллар ба ҳар як сари аҳолӣ) ташкил медод.

      Remove ads

      Таърих

      Сиёсат ва ҳукумат

      Ҷуғрофия

      Бахшбандии кишварӣ

      Тақсимоти маъмурӣ

      Иқтисоди Русия

      Аҳолӣ

      Ҳайати миллӣ

      Фарҳанг

      Телевизион

      Маориф

      Дин

      Варзиш

      Сарчашма

      Пайвандҳо

      Эзоҳ

      Loading related searches...

      Wikiwand - on

      Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

      Remove ads