Сарновёр

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Сарновёр (форсӣ: سرناویار) — дараҷае размоварӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новёр якум ва пойинтар аз меҳновёр дорад ва баробар бо разморо дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Новёр якум

Сарновёр
Дараҷаи болотар:
Меҳновёр
Quick facts Сарновёр, Кӯтаҳнивишт ...
Remove ads

Вожашиносӣ

«Сарновёр» (форсӣ: سرناویار) аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожааш ба сурати [исм (сар) + исм (новёр)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

сар + новёр (форсӣ: ناو < порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam-киштӣ’)

Дар забони форсии имрӯз таквожи «ёр», сарфи назар аз ин ки пасванд шумурда шавад ё вожае мустақил, ба исми ҳирфа ё исми масдар мепайвандад ва исми ҳирфае месозад, ки дар як сохтори силсиламаротибӣ зери дасти як мақоми болотар анҷоми вазифа мекунад[2]. Пасванди «-ёр» дар вожаҳое чун «сарҳангёр», «додёр» (муовини додситон; додситонёр), «донишёр», «устодёр» ҳамин маъноро мерасонад[3].

Remove ads

Рутбабандӣ

Новёр ҳамчун дараҷаи размоварӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[4]:

Пешина

Ҳамтои дараҷаи «сарновёр» дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ «старшинаи калон» (русӣ: главный старшина) буд, ки соли 1940 ҷорӣ шуда буд[5]. Ҳамтои ин дараҷа дар Нерӯи дарёии Артиши Эрон «новустувор» аст, ки соли 1935 ҷорӣ шуда буд[6].

Эзоҳ

Пайвандҳо

Нигаред

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads