Размовар

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Размовар (форсӣ: رزم‌آور‎) — дараҷае размоварӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размюз ва пойинтар аз размдор дорад ва баробар бо новёр дувум дар нерӯи дарёӣ аст; сержанти хурд[1].

Quick facts Размовар, Кӯтаҳнивишт ...

Мақоми созмонии размовар, бино бар Ойинномаи хидмати дохилӣ ва Ойинномаи инзиботии Нерӯҳои мусаллаҳ, фармондеҳи рада аст, ки он ягоне размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ будаву аз ду гурӯҳ (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; гурӯҳ[2]; отделение[3].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Размюз

Размовар
Дараҷаи болотар:
Размдор
Remove ads

Вожашиносӣ

«Размовар» аз «разм овардан» ба маънои «ҷанг кардан, ҷангидан; размидан; набард кардан» сохта шудааст. Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «овардан» (овар)] аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma-рада」 < эронии бостон: *raźman-ороиши ҷангӣ」 аз √*raź-оростан; тартиб додан, идора кардан[4]) + овар > асоси замони ҳозираи феъли овардан.

«Размовар» ба маънии «ҷанговар, разманда» дар осори адабии форсӣ бисёр ба кор рафтааст[5]. Чунончи, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» гуфта:

Ки гурдон кадоманду солор кист,
Зи размоварон ҷангро ёр кист[6].

Чун яке аз куҳантарин маъниҳои разм — «рада» буда, ки номи хурдтарин ягони размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, ِ «размовар» ба маънии 「фармондеҳи рада」 гирифта шудааст. Мақулаи дастурии ин вожа сифат ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + пасванд (-вар)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии иштиқоқӣ истифода шудааст. Пасванди «-вар» дар ин вожа ба маънои «доранда» аст ва ба исм афзуда мешаваду сифат месозад. Ин пасванд гоҳе ба гунаи «-овар» низ ба кор меравад, ки дар «ҷанговар», «таковар» дида мешавад[7]. Бо чунин рӯйкард, размовар ба маънои «фармондеҳи рада» аст, ки мақоми созмонии ӯро дар силсиламаротиби низомӣ бозтоб медиҳад.

«Размовар» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «сержанти хурд» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[8].

Remove ads

Пешина

Quick facts Сипоҳи Ҳахоманишиён, Ягонҳо ...

Размовар ҳамчун мақоми размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён (порсии бостон: *spāda- [сипоҳ]), ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфта буд, аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуд, ки сардораш *daθapati- [даҳабад] буд[9]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *θatapati- [садабад] буд[10]. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуд, ки онро *hazārapati- [ҳазорабад] фармондеҳӣ мекард[11]. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварабад] буд[12]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] буд[13].

Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳбад бо сержант ё старшина, садбад бо лейтенант ё капитан, ҳазорбад бо майор ё полковник, беварбад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.

Сержант (фр. sergent, аз лот. serviens) худ ба маънои «чокар, хидматгор, хидматгузор» аст ва ҳамчун рутба нахустин бор дар асри XV дар артиши Фаронса ва сипас артишҳои Олмон ва Бритониё ба кор рафтааст. Дар садаҳои миёна дар нерӯҳои муздур ва артиши кишварҳои урупоӣ шаш намуд сержант хидмат мекард:

  1. дар радаҳокапрал ё сержанти хурд.
  2. дар таҳмҳосержант.
  3. дар ваштҳомастер-сержант ё сержанти калон.
  4. дар гурдонҳоштаб-сержант.
  5. дар ҳангҳосержант-майор, ки дертар майор номида шуд.
  6. дар ситоди сарфармондеҳи артиш (капитан-генерал) — генерал-сержант-майор, ки дертар генерал-майор номида шуд.

Дар Артиши Сурх дараҷаи «сержант» ҳамчун рутбаи шахсӣ 2 ноябри соли 1940 ҷорӣ шуда буд.

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шуда ва чаҳор рутба дорад:

  1. сержанти хурд,
  2. сержант,
  3. сержанти калон,
  4. старшина.

Дар нерӯҳои мусаллаҳ барои фармондеҳии ҳар ягони размӣ мақоми созмоние дар назар гирифта шудааст. Бино бар ойинномаҳои низомӣ, мақоми созмонии ин дараҷадорон фармондеҳии рада, тонк, зиреҳпӯш ва дигарҳо аст.

Размовар ҳамчун дараҷаи сержантӣ соли 1991 дар нерӯҳои заминиву ҳавоии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[14]:

  1. размовари севум = сержанти хурд;
  2. размовари дувум = сержант;
  3. размовари якум = сержанти калон.
Remove ads

Пайвандҳо

Манобеъ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads