Разморо

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Разморо (форсӣ: رزم‌آرا) — дараҷае размоварӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размдор ва пойинтар аз размозмо дорад ва баробар бо сарновёр дар нерӯи дарёӣ аст; сержанти калон[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Размдор

Разморо
Дараҷаи болотар:
Размозмо
Quick facts Разморо, Кӯтаҳнивишт ...

Разморо дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми ҷонишини фармондеҳи таҳмро дорад, ки ягоне размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки аз ду ё чанд рада ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3][4].

Remove ads

Вожашиносӣ

«Разморо» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси замони ҳозираи феъли «оростан» (оро)] аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma-рада” < эронии бостон: *raźman-ороиши ҷангӣ” аз √*raź-оростан; тартиб додан, идора кардан[5]) + оро (порсии миёна: ārāy < порсии бостон: *ā-rāda- < √*rād-омода кардан, оростан; назму тартиб додан’)[6].

«Разморо» дар фарҳангҳо чунин тафсир шудааст: касе, ки дар саффороӣ ва кори ҷанг варзида аст ва амалиёти размиро хуб тарҳрезӣ мекунад[7]; размороянда; баҳодуре, ки дар набард кардан моҳир бошад; паҳлавоне, ки дар разм ҳунарманд бошад; фармондеҳе, ки муқадаммоти ҷангро омода созад; ороишдиҳанда ва танзимкунандаи майдони ҷанг; диловаре, ки дар ҷангу набард ҳунарнамоӣ кунад[8]; ҷангҷӯе, ки дар ҷанг ҳунарнамоӣ мекунад; ҷангҷӯи забараст[9].

«Разморо» ба маънии «ҷанговар, разманда» дар осори адабии форсӣ фаровон ба кор рафтааст. Чунончи, Низомӣ гуфтааст:

Ки эй фарзона шоҳону далерон,
Ҷаҳоноройу разморой шерон[10].

«Разморо» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «сержанти калон» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[11].

Remove ads

Пешина

Quick facts Сипоҳи Ҳахоманишиён, Ягонҳо ...

Разморо ҳамчун мақоми размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён (порсии бостон: *spāda- [сипоҳ]), ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфта буд, аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуд, ки сардораш *daθapati- [даҳабад] буд[12]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *θatapati- [садабад] буд[12]. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуд, ки онро *hazārapati- [ҳазорабад] фармондеҳӣ мекард[13]. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуд, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварабад] буд[13]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] буд[14].

Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳабад бо сержант ё старшина, садабад бо лейтенант ё капитан, ҳазорабад бо майор ё полковник, беварабад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.

Сержант (фр. sergent, аз лот. serviens) худ ба маънои «чокар, хидматгор, хидматгузор» аст ва ҳамчун рутба нахустин бор дар асри XV дар артиши Фаронса ва сипас артишҳои Олмон ва Бритониё ба кор рафтааст. Дар садаҳои миёна дар нерӯҳои муздур ва артиши кишварҳои урупоӣ шаш намуд сержант хидмат мекард:

  1. дар радаҳокапрал ё сержанти хурд.
  2. дар таҳмҳосержант.
  3. дар ваштҳомастер-сержант ё сержанти калон.
  4. дар гурдонҳоштаб-сержант.
  5. дар ҳангҳосержант-майор, ки дертар майор номида шуд.
  6. дар ситоди сарфармондеҳи артиш (капитан-генерал) — генерал-сержант-майор, ки дертар генерал-майор номида шуд.

Дар Артиши Сурх дараҷаи «сержант» ҳамчун рутбаи шахсӣ 2 ноябри соли 1940 ҷорӣ шуда буд.

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудаву чаҳор рутба дорад:

  1. сержанти хурд,
  2. сержант,
  3. сержанти калон,
  4. старшина.

Дар нерӯҳои мусаллаҳ барои фармондеҳии ҳар ягони размӣ мақоми созмоние дар назар гирифта шудааст. Бино бар ойинномаҳои низомӣ, мақоми созмонии ин дараҷадорон фармондеҳии рада, тонк, зиреҳпӯш ва дигарҳо аст.

Remove ads

Пайвандҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads