Венесуэла
From Wikipedia, the free encyclopedia
Венесуэла (исп. Venezuela, [βeneˈswela]), номи расмӣ — Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла (исп. República Bolivariana de Venezuela, МФА(исп.): [reˈpuβlika βoliβaˈɾjana ðe βeneˈswela]) — давлат дар шимоли Амрикои Ҷанубӣ. Аз ғарб бо Колумбия, аз шарқ бо Бразилия ва Гайана ҳамсарҳад аст. Дар шимол соҳилҳояш аз баҳри Кариб ва аз шимолу шарқ аз уқёнуси Атлантик мегузарад.
исп. República Bolivariana de Venezuela | |||||
|
|||||
Шиор: «исп. Dios y Federación («Худо в Федеросиюн»)» |
|||||
Суруди миллӣ: «Gloria al bravo pueblo («Ифтихор ба мардуми шуҷоъ»)» |
|||||
Забонҳои расмӣ | испониёӣ ва Venezuelan Sign Language[d][1] | ||||
Пойтахт | Каракас | ||||
Воҳиди пул | sovereign bolivar[d] | ||||
Интернет-домен | .ve | ||||
Рамзи ISO | VE | ||||
Рамзи КБО | VEN | ||||
Пешшумораи телефон | +58 | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC−04:00[d] ва America/Caracas[d][2] |
Дарозии сарҳаддаш дар хушкӣ 4993 км. Масоҳаташ 916,5 ҳазор км². Аҳолиаш 29,4 млн нафар (2013). Пойтахташ шаҳри Каракас. Иди миллӣ — Рӯзи истиқлол — 5 июл (1811). Воҳиди пулӣ — боливар. Венесуэла узви СММ, Созмони давлатҳои Амрико (ТДА), Гурӯҳи Рио, Ҷомеаи миллатҳои Анд, Ташкилоти давлатҳои нафтсодиркунанда (англ. The Organization of the Petroleum Exporting Countries; ОПЕК) мебошад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венесуэла аз 5 октябри 2005 барқарор аст. Қароргоҳи сафири Венесуэла дар Тоҷикистон дар шаҳре Теҳрони ҶИЭ мебошад.