From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Қадамҷой (қирғ. Кадамжай району) — яке аз се ноҳияи маъмурии вилояти Бодканди Қирғизистон аст. Маркази маъмурии ноҳия — шаҳри Қадамҷой (то соли 2012 маркази маъмурӣ деҳаи Пӯлғон буд).
русӣ: Кадамжайский район | |
Кишвар | Қирғизистон |
Тобеъи | Вилояти Бодканд |
Шомили | 2 шаҳр, 13 деҳистон |
Маркази маъмурӣ | Қадамҷой |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Вақти минтақавӣ | UTC+6:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 201 457 нафар (2021) |
Миллият |
қирғизҳо — 74,9% |
Мазҳаб | мусулмонон |
Дар ғарб бо ноҳияи Сӯх — эксклави Узбакистон ва ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд, дар шарқ ва ҷануб бо вилояти Ӯши Қирғизистон, дар шимол бо ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст.
2 марти соли 1938 хамчун ноҳияи Холмиён ташкил карда шудааст. 19 октябри соли 1940 он ба ноҳияи Фрунзе табдил дода шуд. 26 ноябри соли 1959 як қисми ҳудуди ноҳияи барҳам додашудаи Учқӯрғон ба ноҳияи Қадамҷой ҳамроҳ карда шуд [1]. Соли 1992 ноҳия номи замонавии худро – ноҳияи Қадамҷой гирифт.
Тибқи барӯйхатгирии Қирғизистон дар соли 2009 аз 157 597 нафар сокинони минтақа 116 312 нафарро қирғизҳо (ё 73,8%), тоҷикон — 19448 нафар ё 12,3%, узбакҳо — 19163 нафар ё 12,2%, русҳо — 1239 ё 0,8%, туркҳо — 318 нафар ё худ 0,2%, тоторҳо — 245 кас ё 0,2 фоиз, хемшилҳо — 232 кас ё 0,2%-ро ташкил медиҳанд.
Ноҳияи Қадамҷой 2 шаҳри дорои аҳамияти ноҳиявӣ (шаҳристон), 13 деҳистон (аймоқи овулӣ) ва 115 деҳаро (овулро) дар бар мегирад [2].
Тақсимоти маъмурии ноҳия | |||
---|---|---|---|
№ | Маҳалли аҳолинишин | Аҳолӣ, 2022 | Шумораи деҳаҳо |
1 | Шаҳри Ҳайдаркон | 12205 | - |
2 | Шаҳристони Қадамҷой | 14312 | 3 |
3 | Деҳистони Абсамат Масалиев | 15267 | 8 |
4 | Деҳистони Алға | 9711 | 8 |
5 | Деҳистони Бирлик | 14249 | 13 |
6 | Деҳистони Оқтурпоқ | 17259 | 14 |
7 | Деҳистони Қӯтӯрма | 11139 | 10 |
8 | Деҳистони Майдон | 14602 | 13 |
9 | Деҳистони Марказ | 16481 | 6 |
10 | Деҳистони Ӯрӯзбеков | 13971 | 7 |
11 | Деҳистони Учқӯрғон | 37011 | 12 |
12 | Деҳистони Холмиён | 21525 | 13 |
13 | Деҳистони Қирғизқишлоқ | 9763 | 5 |
14 | Деҳистони Совет | 1528 | 1 |
15 | Деҳистони Чаувай | 1640 | 1 |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.