From Wikipedia, the free encyclopedia
Риши Сунак (англ. Rishi Sunak; зод. 12 майи соли 1980, Саутгемптон, Ҳэмпшир, Бритониё) — ходими давлатии Бритониё. Котиби асосии хазинаи Бритониё (2019—2020), канслери хазинаи Бритониё (2020—2022), аз 24 октябри соли 2022 роҳбари ҳизби консервативӣ ва аз 25 октябри соли 2022 сарвазири Британияи Кабир мебошад. Аз соли 2022 ҳизби Консервативии Британияи Кабирро роҳбари мекунад.
Риши Сунак 12 майи соли 1980 дар Саутгемптон, дар оилаи сардухтур Яшвира Сунак ва дорушинос Уши Сунак ба дунё омадааст. Волидонаш панҷобиҳо, ки аз Шарқи Африқо дар замони мустамлика будани Ҳиндустон, ба Бритониё муҳоҷират карда омадаанд. Бобо ва бибияш дар Панҷоб зиндагӣ мекарданд, баъд ба Африқо ва соли 1970 ба Бритониё кӯчида омадаанд. Риши Сунак Донишгоҳи Оксфордро бо омӯзиши фалсафа, сиёсат ва иқтисодиёт хатм кардааст. Солҳои 2001 — 2004 дар Goldman Sachs кор кардааст, дараҷаи магистри маъмурияти кории Донишгоҳи Стэнфордро соҳиб шуд. Ба Сити баргашт ва дар фонди молиявии TCI кор кард. Асосгузори ширкати умумиҷаҳони оид ба дастгирии бизнеси хурд дар Бритониё, бо гардиши 1 млрд доллар мебошад.
Соли 2015 дар интихоботи парламентии ҳавзаи Ричмонд (Йоркс) бо 51,4 % ғолиб шуд. Дар соли 2017 Риши Сунак аллакай 63,9 % овозҳоро соҳиб шуда буд. 9 январи соли 2018 сарвазир Тереза Мэй сабаби ба ҳукумат ба кор шурӯъ кардани Риши Сунак гардида ӯро ёрирасони вазири хоҷагии манзилю коммуналӣ таъин намуд. 24 июли соли 2019 котиби асосии ташкилотчии Хазинаи Ҳукумат Борис Ҷонсон гардид. 12 декабри соли 2019 бо соҳиб шудани 63,6 % овозҳо дар ҳавзаи худаш ғолиб баромад.
Риши Сунак ба ҳиндуия эътиқод дорад, вай бо духтари яке аз асосгузорони ширкати Infosys Нараян Мурти, тарҳсози ҳиндӣ Акшата Нараян Мурти хонадор аст ва онҳо соҳиби ду духтар: Кришна (таваллудаш 2011) ва Анушка (таваллудаш 2013) мебошанд.
Моҳи майи соли 2022, Риши Сунак аввалин шуда аз ҷумлаи сиёсатмадорон дар рӯзномаи «The Sunday Times» сарватмандтарин инсонҳои Бритониё (сарваташон бо ҳамсараш 730 миллион фунт стерлинг) дар ҷойи 222-юми рӯйхат қарор гирифтаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.