Размсоз

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Размсоз (форсӣ: رزم‌ساز) — дараҷае афсарёрӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз размпардоз ва пойинтар аз таҳмовар дорад ва баробар бо новдор якум дар нерӯи дарёӣ аст; прапоршики калон[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Размпардоз

Размсоз
Дараҷаи болотар:
Таҳмовар
Quick facts Размсоз, Кӯтаҳнивишт ...

Размсозон дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҷойгоҳе болотар аз размоварон ва пойинтар аз таҳмдорон доранд ва ёварони афсарон ҳастанд, ба ин далел «афсарёр»[2] номида мешаванд.

Размсозон маъмулан мақоми меҳтари вашт ва масъулияти омодасозии сарбозону размафзору ҷангафзорҳоро бар уҳда доранд. Меҳтар мақомест расмӣ дар ҳар вашт (оташбор) аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки созмондиҳандаи мустақими назму тартибот дар маҳалли истиқрори вашт ва сардори мустақими размоварону сарбозони ягони худ аст. Ҳамчунин размсозон кормандони «омодгоҳ» ҳастанд, ки он созмоне дар артиш аст, ки масъули фароҳамсозӣ, нигаҳдорӣ ва таҳвили хӯроку пӯшоку ҷангафзорҳои мавриди ниёзи ягонҳо ва маҳалли анҷоми хадамоти пуштибони фаннии нерӯҳо аст[3].

Remove ads

Вожашиносӣ

«Размсоз» аз ду бахш сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «сохтан» (соз)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст:

разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma-рада” < эронии бостон: *raźman-ороиши ҷангӣ” аз √*raź-оростан; тартиб додан, идора кардан[4]) + соз (порсии миёна: sāč : sāxtanсохтан, омода кардан, тартиб додан’ < порсии бостон: *sāča- < √*sak-омода будан, тавонистан[5]).

«Размсоз» ба маънои «он ки нақшаву тарҳи ҷанг ё амалиёти размиро ба хубӣ бидонад ва нерӯро омодаи разм ё корзор кунад»[2] таркибе аз «разм сохтан» ба маънии «омодаи ҷанг шудан; асбоби разм сохтан; фароҳам овардани абзори ҷанг; ба ҷанг пардохтан; ҷанг кардан, разм кардан, ҷангидан» аст. Ин вожа ба маънии «ҷанговар, сипоҳӣ, созандаи ҷанг, омодакунандаи набард» дар осори куҳани адабии форсӣ бисёр ба кор рафтааст[6]. Чунончи, Фирдавсӣ ин вожаро борҳо ба кор бурдааст:

Биёмад ба наздики ман размсоз,
Чу пили дамон бо каманди дароз[7].

Биёбон гирифтанду роҳи дароз,
Ҳама шуд чунон лашкари размсоз[8].

«Размсоз» барои ҷойгузин кардани дараҷаи «прапоршики калон» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда аст[9].

Remove ads

Пешина

Номи ин дараҷа дар бисёре аз артишҳо бо «дирафш» пайванд дорад. Чунончи, ин дараҷа дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия «прапорщик» (аз русӣ: пра́поръ), Лаҳистон «хорунжий» (лаҳӣ: chorąży аз chorągiew), кишварҳои Югословии пешин «заставник» (аз сербӣ: застава), Бритониё «ensign», Фаронса «enseigne» (англ. ensign, фр. enseigneлот. insignia) ва Олмон «Fähnrich» (аз олмонӣ: Fähn) номида мешавад, ки маънояшон «парчамдор» (форсӣ: پرچمدار) аст[10]. Дар артишҳои қадим парчамдор сарбозе буд, ки пешопеши ягони низомӣ парчами онро мебурд. «Прапорщик» дақиқан ҳамин «парчамдор» аст, ки онро «дирафшдор» ҳам мегӯянд[11].

Дар сипоҳи Ҳахоманишиён ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ парчаме дошт[12], ки ба порсии бостон: «drafša-» (аз эронии бостон: «*drafša-» > порсии миёна: «drafš»[5]) номида мешуд[13]. Дар сипоҳи Ашкониён ва Сосониён ҳангро дирафш ва фармондеҳонашонро дирафшсолор меномиданд[14], ки дараҷае сардорӣ ва баробар бо сарҳанг буд.

Remove ads

Артиши Шуравӣ

Дар солҳои 1917 — 1946 дар Артиши Сурх ва сипас то соли 1972 дар Артиши Шуравӣ дараҷаи прапорщик ё баробар бо он вуҷуд надошт. Ин дараҷа дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ аз 1 январи соли 1972 бо Фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 18 ноябри соли 1971, ҳамзамон бо сардӯшии нави дараҷаи мичман, ҷорӣ карда шуд[15].

Бо Фармони Президиуми Шурои Олии ИҶШС аз 24 декабри соли 1980 N 3606-X дар Артиши Шуравӣ, ягонҳои соҳилӣ ва ҳавопаймоии Нерӯи дарёӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва дохилии Нерӯҳои мусаллаҳи ИҶШС дараҷаи низомии прапоршики калон ва ҳамзамон дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ дараҷаи мичмани калон ҷорӣ карда шуданд.

Ин дараҷаҳоро барои низомиёне дар назар гирифта буданд, ки хидмати вазифаи низомиро анҷом додаву дараҷаи размоварӣ ё сержантиро дарёфт карда буданд ва довталабона хидматашонро дар нерӯҳои мусаллаҳ идома медоданд. Онҳо таҳсилоти тахассусии низомӣ надоштанд то дараҷаи афсарӣ дарёфт кунанд, аммо рутбаашон болотар аз сержантҳо буду бар старшинаву сержанту сарбозҳо бартарӣ доштанд. Бино бар ин, онҳоро афсарёр, яъне ёвари афсарҳо, меномиданд. Прапоршикҳо дар Артиши Шуравӣ бештар вазифаҳои фанниву омод (снабжение) ва анбордориро анҷом медоданд ва симат ё мақоми фармондеҳӣ надоштанд. Дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳануз ҳамин мақомро доранд.

Пайвандҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads