Сайдулло Хайруллоев

From Wikipedia, the free encyclopedia

Сайдулло Хайруллоев
Remove ads

Хайруллоев Сайдулло (Хайруллоев Сайдулло Хайруллоевич; тав. 10 августи 1945, деҳаи Муллобадал, ноҳияи Ғарм, вилояти Ғарм, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(2000—2010)[1][2]. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).

Quick facts Сайдулло Хайруллоев, 1-умин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
Remove ads

Зиндагинома

Сайдулло Хайруллоев 10 августи соли 1945 дар деҳаи Муллобадали ноҳияи Ғарм таваллуд шудааст. Факултети гидромелиоратсияи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро соли 1969 хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ

  • Аз соли 1969 то соли 1971 — сармуҳандиси Раёсати системаи обёрии ноҳияи Ғарм, сардори Раёсати силсилаи обёрии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон.
  • Аз соли 1971 то соли 1972 — сардори Колоннаи механиконидаи № 21 трести «Душанбесоз»-и ноҳияи Ҷиргатол.
  • Аз соли 1972 то соли 1975 — сардори Колоннаи механиконидаи № 23 трести «Душанбеобсоз»-и ноҳияи Ғарм.
  • Аз соли 1975 то соли 1977 — муовини раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқ, раиси комиссияи плании Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Ғарм.
  • Аз соли 1977 то соли 1979 — шунавандаи Мактаби олии ҳизбии Тошканд.
  • Аз соли 1979 то соли 1985 — раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Ғарм.
  • Аз соли 1985 то соли 1988 — котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии ноҳияи Совет.
  • Аз соли 1988 то соли 1990 — котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии вилояти Хатлон.
  • Аз соли 1990 то соли 1991 — раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Қӯрғонтеппа.

Дар ҳайати ҳукумат

Remove ads

Ҷоизаву медалҳо

Орденҳо

  1. Ордени «Нишони Фахрӣ» (1981)
  2. Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1989)
  3. Ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I (2006)
  4. Ордени «Шараф»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (1989)
  5. Ордени «Содружество»-и Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ (2002)

Медалҳо

  1. Медали «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011)
  2. Медали тилои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият (2011)
  3. Медали тилои «Сулҳ»-и байнипарлумонии ИДМ (2012)
  4. Медали ҷашнии «10-солагии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон» (2006)
  5. Медали ҷашнии «10-солагии Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009)
  6. Медали ҷашнии «85-солагии миллитсияи Тоҷикистон» (2010)
  7. Медали ҷашнии «15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008)
  8. Медали «15-летия Совета Федерации» (2008)
  9. Медали «В память 300-летия Санкт-Петербурга» (2003)

Унвонҳо

  • Унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998)

Китобҳо

  • «Интихоби замон» (Душанбе — 2002).
  • «Башорати қонун» (Душанбе — 2003).
  • «Асри қонун» (Маҷмӯаи гузоришҳо, мусоҳибаҳо ва мақолаҳо), (Душанбе — 2005).
  • «Нахсутраиси Маҷлиси намояндагон» (Душанбе — 2008).
  • «Дипломатияи парлумонӣ» (Душанбе — 2010).
  • «Мақоми олии қонун» (Душанбе — 2010).
  • «Сайдулло Хайруллоев» (Зиндагинома, Душанбе −2012).
  • «Абармарди миллат» (Зиндагиномаи Сайдулло Хайруллоев, Душанбе — 2015)
Remove ads

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads