Серҷиу Матарелла
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Серҷиу Матарелла ( итол. Sergio Mattarella ; 23 июл 1941, Палермо, Сицилия ) - ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори итолиёвӣ . 3 феврали соли 2015 вай президенти Италия интихоб шуд.
Remove ads
Зиндагинома
Матарелла факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Ла Сапиенза дар Румро хатм карда, баъдтар дар Донишгоҳи Палермо аз фанни ҳуқуқ дарс додааст. Вай фаъолияти сиёсии худро дар Ҳизби Христианҳои демократ оғоз кардааст. Соли 1983 бори нахуст ба вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.
Аз соли 1987 то соли 1989 дар ҳукуматҳои Ҷованни Гориа ва Чириако Де Мита вазири робита бо парлумон буд. Дар давоми як сол дар ҳукумати Ҷулиу Андреоттӣ Вазорати маорифро сарварӣ кард. Аз соли 1990 то соли 1992 муовини котиби Шӯрои миллии Ҳизби Христианҳои демократ ва баъдан дар соли 1994 роҳбарии маҷаллаи ҳизбии « Ил Пополо »-ро ба ӯҳда дошт.
Баъди пароканда шудани Ҳизби Христианҳои демократ ба сафи Ҳизби халқӣ дохил шуд. Дар моҳи октябри соли 1998 ӯ ба Шӯрои вазирон (бо роҳбарии Массиму Д'Алема ) ба ҳайси муовини сарвазир баргашт. Моҳи декабри соли 1999 дар ҳамин ҳукумат вазири дифоъ шуд. Матарелла низ дар ҳукумати Ҷулиану Амату (то июни соли 2001) ин вазифаро ишғол мекард.
Вай ба ҳизби "Маргаритка: Демократия — озодӣ аст" ва соли 2007 ба Ҳизби демократӣ пайваст. 5 октябри соли 2011 парлумон ӯро судяи Суди конститутсионӣ таъин кард.
Remove ads
Мукофотҳо
- Дорандаи занҷири тиллоии ордени Пийи IX ( Шаҳри Ватикан, 11 апрели 2015)
Пайвандҳо
- Матарелла дар вебсайти парлумон бойгонӣ шудааст
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads