From Wikipedia, the free encyclopedia
Рада (форсӣ: «رده») – ягоне тактикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду гурӯҳ (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; гурӯҳ[1]; отделение[2].
Радаҳо бахше аз таҳмҳои пиёдагон (пиёдагони мутурӣ), тирандоз (тирандози савора), ҳавобурди чатрбоз, туфангдорони дарёӣ, парведорӣ, муҳандисии размӣ, иртиботу мухобирот ва дигар таҳмҳо ҳастанд ва 6 — 12 сарбозро дар бар мегиранд[2].
«Рада» (порсии миёна: radag > порсии бостон: ratak ‘рада, роста’ > эронии бостон: *rata-ka- > ҳиндуэронӣ: *4ar- : r̥- «рост кардан; дар як рада рост кардан, оростан, созгор кардан»[3]) ба маънии «сафф, қатор, раста» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст[4]. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
Рада баркашида сипоҳаш ду мил,
Ба дасти чапаш ҳафтсад жанда пил[6].
Рада ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) ташкил шудааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён, ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон дода шуд буд, аз даҳ сарбоз як даҳа ташкил мешуд, ки ба порсии бостон: «*daθa-» [даҳа] номида ва сардораш «*daθapati-» [даҳабад] хонда мешудааст[7].
Ин даҳа дар сипоҳи Ашкониён (соли 250 п.м. — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ҳахоманишиён ба ирс бурда буд[8], ба паҳлавӣ: «radag» номида шудааст[9].
Ҳамин истилоҳи низомӣ дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) низ ба кор мерафтааст. Дар сипоҳи Сосониён бузургтарин ягони размӣ «gund» (гунд)[10] ном доштаву фармондеҳашро «gund-sālār» (гундсолор) мехондаанд[11]. Ҳар гунде аз чанд «drafš» (дирафш) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме ҳазор сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду «wašt» (вашт) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд «tahm» (таҳм)[12] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд «radag» (рада)[13] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш «drafš-sālār» (дирафшсолор)[11], фармондеҳи вашт «wašt-sālār» (ваштсолор)[11], сардори таҳм «tahmdār» (таҳмдор)[14] ва сардори рада эҳтимолан «*radagbān» (радабон) номида мешуд. Фармондеҳи сипоҳ «spāhbed» (сипаҳбад) хонда мешуд[15]. Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи шоҳаншоҳии Сосонӣ «artēštārān-sālār» (артишдоронсолор) номида мешуд[16][17].
Дар деворнавиштаҳое ба забони порсии миёна аз солҳои 253 – 255 милодӣ, ки дар канисаи яҳудии шаҳри бостонии Дура-Европос бозёфт шудаанд, ибораҳои «дабири рада» (порсии миёна: dibīr-ī radag) ва «дабири таҳм» (порсии миёна: dibīr-ī tahm) бозхонӣ шудаанд[18]. Чун сипоҳи Сосониён бар бахшбандии даҳдаҳӣ созмон ёфта буд[19] ва ягонҳои бузурге чун гунд ва сипоҳ «дабири гунд» (порсии миёна: *gund-dibīr) ва «дабири сипоҳ» (порсии миёна: *dibīr-ī spāh) доштаанд[20], гумон меравад, ки «рада» хурдтарин ягони размӣ будааст[21].
Бино бар ҳамин далоил, «рада» баробари истилоҳоти русии «отделение» ва инглисии «squad» ниҳода шуда, ки хурдтарин ягонҳои размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳастанд.
Радаҳои пиёдагони мутурӣ, тирандози савора ва пиёдагон барои анҷоми амалиёти офандӣ ва падофандӣ дар таркиби таҳм пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми анҷоми амалиёти парведорӣ, роҳпаймоӣ ва посбонӣ радаҳо метавонанд мустақилона амал кунанд.
Раба вобаста ба вазъият пиёда ё бо худравҳои зиреҳпӯш (худравҳои размии пиёдагон, сарбозбарҳои зиреҳпӯш) амалиёт анҷом медиҳад. Ҳангоми анҷоми амалиёти пешравии пиёда, рада занҷирвор паҳн мешавад ва ороиши размии занҷираӣ мегирад. Ҳангоми амалиёти падофандӣ рада аз ҷабҳае ба паҳнои то 100 метр дифоъ мекунад[2]. Ҳангоми амалиёти офандӣ радаҳо масъули анҷоми амалиёт дар ҷабҳае ба паҳнои 50 метр ҳастанд[22].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.