Сарвон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Сарвон (форсӣ: سروان) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз таҳморо ва пойинтар аз саргурд дорад ва баробар бо новсарвон дар нерӯи дарёӣ аст[2].
Дараҷаи пойинтар: Таҳморо |
![]() Сарвон |
Дараҷаи болотар: Саргурд |
Мақоми созмонии сарвон дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан фармондеҳи вашт (гурӯҳон[3], рота[4]) аст, ки он ягони тактикиест, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё ягоне мустақил аст.
Remove ads
Вожашиносӣ
«Сарвон» ба маънои «саркарда, сардор»[5] аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: сар (форсӣ: سر < порсии миёна: sar- < порсии бостон: sarah-) + -вон (форсӣ: وان- < порсии миёна: -vān < паҳлавӣ: pāna- 『нигаҳбон, посбон』 < эронии бостон: *√pā- 『поидан, нигаҳбонӣ кардан』 + -van[6]), ки гунае дигар аз пасванди «-бон» аст, ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[7]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сар-) + пасванд (-вон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Remove ads
Пешина
Сарвон ҳамчун мақоми фармондеҳӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву садабад (порсии бостон: *θata-pati-) ном дошт, ки фармондеҳи сада (порсии бостон: *θata-) буд[8]. Ҳар сада аз 10 даҳа (порсии бостон: *daθa-) ташкил мешуд ва 100 сарбозро дар бар мегирифт.
Сада дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[9], васт (паҳлавӣ: wast) ном гирифта ва фармондеҳи он васт-солор (паҳлавӣ: wast-sālār) хонда мешуд[10].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) низ ҳамин радабандӣ ба кор мерафта, вале ин ягон вашт (порсии миёна: wašt) хонда мешудаву 500 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳаш вашт-солор (порсии миёна: wašt-sālār) номида мешудааст[11].
Дар сипоҳи аморати Бухоро фармондеҳи даста, ки 100 сарбозро дар бар мегирифт, юзбошӣ (форсӣ: یوزباشی < туркӣ: jüzbaši «сардори сад лашкарӣ») номида мешуд[12]. Ин мансаб дар сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии дудмонҳои Сафавӣ, Афшор, Занд ва Қоҷор низ вуҷуд дошт ва дар солҳои поёнии подшоҳии Қоҷориён дар паи ислоҳоти низомӣ ба рутба табдил ёфт ва султон (ар. سلطان) номида шуд. Ин рутба 25 майи соли 1935 бо таъйиду тасвиби Фарҳангистони забон бо дараҷаи низомии «сарвон» ҷойгузин шуд[13].
Ҳамакнун «сарвон» дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо «капитан» (аз фр. capitaine < лот. capitaneus «сардор, саркарда») дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст[14], ки 22 сентябри соли 1935 дар Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ҷорӣ шуда буд.
Remove ads
Ному нишони сарвон дар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҷаҳон
- British Army/Royal Marines
- Canadian Army
- Colombian Army
- Chinese army
- Egyptian Air Force
- Egyptian Navy
- Indian Army
- Шаблон:Lang-li
Lithuanian Land Force - 대위 (Daewi)
South Korean air force - 대위 (Daewi)
South Korean marine force - Sri Lanka Army
- Kapten
Swedish Air Force - Kapten
Swedish Army - Captain
Republic of Singapore Armed Forces - Hauptmann
Swiss Armed Forces - 上尉 (Shàngwèi)
Taiwanese army - 上尉 (Shàngwèi)
Taiwanese air force - 上尉 (Shàngwèi)
Taiwanese Marine - Roi Ek (ร้อยเอก)
Royal Thai Army - Bo Gyi
Myanmar Army - U.S. Air Force
- U.S. Army (dress)
- U.S. Marine Corps[15] (dress, garrison)
- Venezuelan Army
Пайвандҳо
Манобеъ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads