Рустами Эмомалӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Рустами Эмомалӣ (зод. 19 декабри соли 1987, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик, генерал-майори хадамоти гумрук (2014). Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2020 даъвати VI)[3], (аз 2025 даъвати VII) [4]. раиси шаҳри Душанбе (аз 2017)[1], президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон[5][6].
Remove ads
Зиндагинома
Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара дар хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон ва Азизмоҳ Асадуллоева[7] ба дунё омадааст.
Дар соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст[8]. Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад[9].
Хонавода
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд[10].
Фаъолияти корӣ
Рустами Эмомалӣ фаъолияти кориашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009—2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2011—2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумрук, солҳои 2012—2013 муовини сардори Хадамоти гумрук ва солҳои 2013—2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд[10].
Солҳои 2015—2017 дар вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст[11].
Аз 12 январи соли 2017 бо Фармони Президенти Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе [1]. ва аз 4 апрели соли 2017 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.[12].
Аз 17 апрели соли 2020 то соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI адои вазифа намудааст. 11 апрели соли 2025 дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.[13].
Фаъолияти ҷамъиятӣ

Аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 узви Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва аз апрели соли 2019 Рустами Эмомалӣ Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст[14].
Remove ads
Ҷоизаву орденҳо
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads