Самарқанд

From Wikipedia, the free encyclopedia

Самарқанд
Remove ads

Самарқанд — шаҳри қадима ва маркази вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аст. Масоҳати шаҳр 120,1 км кв аст ва дар он 504,4 ҳазор нафар (соли 2015) шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Самарқанд — яке аз шаҳрҳои қадимтарини дунё мебошад, ки дар асри VIII пеш аз милод бунёд шудааст. Соли 2001 Самарқанд ба феҳристи мероси умумибашарии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Дар таърихи қадим Самарқанд пойтахти Давлати Суғди қадим буда, дар сарчашмаи хаттии «Авесто» номбар гардидааст.

Quick facts Самарқанд / سمرقند, Кишвар ...
Thumb
Манзараи Самарқанд
Remove ads

Номгузорӣ

Thumb
Мадрасаи Биби хонум ва хиёбони Самарқанд
Thumb
Масҷид ва мақбараи Ал-Бухори
Thumb
Масҷиди Ҳазрати Хизр
Thumb
Мадрасаи Улугбек
Thumb
Мадраса дар Самарқанд
Thumb
Мақбараи Шоҳи Зинда
Thumb
Мақбараи Гӯри Амир

Номгузории муосири — Самарқанд — аз калимаи суғдии Smʼrknδh бар меояд.[1] Забоншиносон маънои asmara — санг ва қанд — шаҳр, яъне Самарқанд — «шаҳри сангин» маънидод мекунанд.

Таърих

Таърихи қадим

Дар асрҳои аввали мавҷудияти Самарқанд дар Осиёи Миёна давлати бостонии Суғд ба вуҷуд омад, ки дар китоби муқаддаси зардуштӣ «Авесто» ҳамчун як қисми сарзамини Айирянам Ваеҷаҳ („Фарохнои Ориёно“), манзили аввали ҳинду-эрониён тасвир шудааст, аммо ин изҳорот эҳтимол дертар ба миён омадааст. Аҳмад Дар осори муаррихони румӣ ва юнонӣ он бори аввал бо номи Мараканда ( юн. Μαρακάνδα ), ки аз ҷониби Квинт Куртсий Руф, Орриён, Страбон ва дигар муаррихони Искандари Мақдунӣ, ки дар соли 329 пеш аз мелод Самарқандро забт карданд, ки то он замон як шаҳри обод ва мустаҳкам буд. Ҳодисаи барҷаста муҳориба дар Политимет (дарёи Зарафшон) дар наздикии Самарқанд мебошад. Дар он задухурд Спитаман бори нахуст дар таърихи лашкаркашии 7-солаи Искандари Мақдунӣ тавонист лашкари сарлашкарон ӯ, Менедем, Каранус ва Андромахро шикаст диҳад. Ба шарофати роҳбарии моҳиронаи Спитаман ва кумаки кӯчманчиён шӯриши Спитаман барои юнониҳо хатари ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Баъди заволи Суғд (асри VIII), Самарқанд дар асрҳои миёна пойтахти ҳукуматдории якчанд давлатҳои таърихӣ шуда буд.(Нигаред ба:Таърихи Тоҷикистон) Солҳои 567-658 Самарқанд, ки маркази Суғдиён буд, тобеи Ҳоқонии турк ва Ҳоқонии туркҳои ғарбӣ буд. Робитаҳои наздики туркию суғдӣ барои гирифтани баъзе аз вожаҳо аз забонҳои туркӣ ба забони суғдӣ ва баръакс мусоидат карданд. Дар матнҳои суғдии ҳуҷҷату асноди Абаргар калимаҳо аз забони туркӣ вомехӯранд: йуттуку – «фиристондан», «сафорат»; бедиз - «кандакорӣ, ороиш» ва ғайра

Самарқанд аз замонҳои қадим яке аз марказҳои асосӣ ва муҳимтарини тамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аксар воқеаҳои иҷтимоию сиёсӣ, таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии халқи форси бо ин шаҳри тоҷикнишин алоқаи ногусастанӣ дорад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз дар аҳди Кӯшониён (асрҳои I—IV мелод) Самарқанд шаҳри обод ва инкишофёфта будааст: осори биноҳои бошукӯҳ, устохонаҳои ҳунармандӣ, ҳайкалчаҳои гилин, зарфҳои сафол, порчаи зарф бо навиштаи суғдӣ инкишофи ҳунармандӣ ва мадании ин шаҳрро дар он замон тасдиқ мекунанд.

Remove ads

Истилои арабҳо

Дар охири асри VI Самарқандро арабҳо (соли 712) истило карданд. Мардуми шаҳрро лозим омад, ки ба муқобили аҷнабиён муқобилати сахт нишон диҳанд ва шӯриш намоянд. Дар охири солҳои 740 дар Хилофати Араб ҷунбиши мардуми норозӣ аз сулолаи Хилофати Умавиён ба вуҷуд омад, ки сарварии исён Абумуслими Хуросонӣ буд, ки пас аз пирӯзии исён ӯ волии Хуросону Мовароуннаҳр (750-755) гардид. Ӯ Самарқандро қароргоҳи худ интихоб кард. Сохтмони девори чандфарсахаи мудофиавии атрофи шаҳр ва қаср бо номи ӯ алоқаманд аст. Яке аз ин шӯришҳои озодихоҳии халқӣ дар таърих, бо номи Исёни Муқаннаъ (солҳои 776—783) машҳур аст. Солҳои 806-810 дар шаҳр шӯриши Рафи ибни Лайс сар зад, ки онро Сомониён пахш карданд ва барои ин халифа дар Мовароуннаҳр ба онҳо қудрат дод.

Замони эҳёи мусулмонон

Thumb
сулолаи Сомониёни (819–999)

Соли 875 Давлати Сомониён ташкил ёфт, ки дар он сулолаи Сомониёни форсизабон ҳукмронӣ мекард. Давлати Сомониён тобеи Хилофати Араб буд. Дарҳол пас аз ташкил шудани давлат Самарқанд пойтахт интихоб шуд, ки то соли 892 дар ин мартаба боқӣ монд. Дар ин муддат Нӯҳ ибни Асад, Аҳмад ибни Асад ва Наср ибни Асад (бародари Исмоили Сомонӣ), ки дар Бухоро ҳукм меронданд, дар Самарқанд ҳукмронӣ мекарданд.. Дар замони салтанати сулолаи Сомониён (солҳои 875—999) Самарқанд ба шаҳри тараққикарда, ободу зебо ва нашъунамоёфта табдил ёфт. Дар ин давра ҳунармандӣ, косибӣ, обчакорӣ, зироати полизӣ, тиҷорат, хусусан бофандагӣ тараққӣ кард. Дар Самарқанд ҳамчунин коғаз ва шиша истеҳсол мешуд, ки дар кишварҳои дуру наздик шуҳрат доштанд. Инчунин ҳунармандони Самарқанд рикоб, лаҷом, тасма, деги мис истеҳсол мекарданд. Аз ин лиҳоз дар бозорҳои кишварҳои Шарқу Ғарб савдогарон матоъи симгун, парча, газворҳои сурх (мумарҷол), газворҳои синизӣ, шоҳӣ, хайма, шиша, деги мис, чормағз, мавиз мебурданд. Инкишофи ҳунармандӣ ба ривоҷи илму фарҳанг, адабиёт, забони форсии дарӣ ва форсии тоҷикӣ мусоидат кард. Илмҳои ҳисоб, нуҷум, ҷуғрофия, кимиё, тиб, таъриху фалсафа ва нақди шеър инкишоф ёфтанд. Инчунин дар Самарқанду Бухоро ҳунари шаҳрсозӣ, меъморӣ ва санъати ороишӣ тараққӣ кард. Кӯшку қасрҳо, корвонсаройҳо, бозорҳои тимдор, масҷидҳои ҷомеъ, боғҳо бунёд гардиданд. Кандакории сутуни сақфи биноҳо, гаҷкорӣ, ороиши зарфҳои сафолӣ ва филиззӣ бо маҳорат ва ҳунармандона сохта шудаанд. Чунончӣ, мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро имрӯз ҳам бинандаро ба ҳайрат меоварад. Дар замони ҳукмронии Сомониён дар Самарқанд санъати мусиқӣ низ равнақ пайдо кард. Силсилаи оҳангу тарона ва сурудҳое эҷод шуданд, ки минбаъд бо номи «Дувоздаҳмақом»-у «Шашмақом» шуҳрат ёфтанд. Ҳамин тариқа, дар натиҷаи ҳуҷуми хоқони турк ва араб шаҳри Самарқанд ба харобазор табдил ёфта бошад ҳам, дар замони Сомониён яке аз шаҳрҳои ободу бузурги Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Дар ин шаҳр забону адабиёти форсии тоҷикӣ равнақ ёфт. Шоиру мутафаккирон ва табибони оламшумул тарбия ёфта ба воя расиданд ва аз худ осори ғании илмию адабии гаронмояе ба мерос гузоштанд. Аввалин шоироне, ки дар Самарқанд ба забони дарӣ шеър гуфтаанд, Абӯҳафси Суғдии Самарқандӣ, Абӯлянбағӣ, Аббос ибни Тархони Самарқандӣ (Абу Тақӣ) мебошанд. Зиёда аз он, ба таъкиди муаллифи тазкираи «Оташкада» Лутфалибеки Озар, нахустин гӯяндаи «Шоҳнома» Абӯмансур Муҳаммад ибни Аҳмади Дақиқӣ зода ва тарбиятдидаи Самарқанд аст. Сипаҳсолори шеъри Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷавонӣ аз Панҷрӯди Панҷакент омада, дар Самарқанд тарбия дида, ба камол расидааст. Аз ин ҷост, ки Самарқанд ҳамчун шаҳри тамаддунофари халқи тоҷик дар инкишофи илму фарҳанг, забону адабиёти форсии тоҷикӣ саҳми беназир дорад.

Remove ads

Асрҳои миёна

Аз асри XI қабилаҳои бодиянишини турк яке аз паси дигаре ба Самарқанд фурӯ рехтанд: қарахониён, туркони салҷуқӣ, дар миёнаи садаи XII қаракидониён. Истилогарон ба шаҳр зарари калон расониданд. Равнақи илму адаб ба дараҷае коста шуд. Бо вуҷуди он намояндагони аҳли илму адаб, аз қабили Рашидии Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Шатранҷии Самарқандӣ, Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Заҳирии Самарқандӣ ва дигарон анъанаҳои илму фарҳангу адаби замони Сомониёнро идома дода, аз худ дар соҳаҳои мухталиф мероси пурарзише боқӣ гузоштанд. Дар ин давра қабл аз ҳама истеҳсоли маснуоти кулолӣ, шишагӣ ва фулузӣ инкишоф ёфт. Ба ин бозёфтҳои бостоншиносӣ, аз қабили зарфҳои сирдор ва косаву табақҳои бесири пурнақшунигор гувоҳ аст ва аз ривоҷи ҳунармандӣ дар Самарқанд дарак медиҳанд. Соли 1220 истилогарони муғул бо сарварии Чингизхон Самарқандро забт намуданд. Аҷнабиён шаҳрро ба куллӣ хароб карда, аксари аҳолиро аз дами теғ гузарониданд. Шаҳри қадимаи Афросиёб ба харобазор мубаддал гашт ва аз байн рафт. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари машҳури «Тоҷикон» оид ба ҷангҳои шадиди мардуми шаҳр, қаҳрамонию ҷонфидоии онҳо сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: «Пас аз афтодани истеҳкомоти қалъаи Самарқанд ҳазорон диловарон ба масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда, душманро ба наздик шудан намонданд. Муғулҳо бо роҳе масҷидро оташ заданд. Вале мудофиакунандагон аз ин наҳаросида, дар ҷои худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд».[2] Минбаъд низ муқобилат ва муборизаи мардуми шаҳр алайҳи ғосибони муғул заррае паст нашудааст, ки ба ин шӯриши бузурги халқии солҳои 1365—1366 гувоҳӣ медиҳад. Ва он дар таърих бо номи ҷунбиши Сарбадорон (бо сарвари толиби мадраса Мавлонозода) машҳур аст. Табиист, ки дар натиҷаи забткориҳои аҷнабиён ва бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик овардаи муғулҳо оид ба равнақи илму адаби форсии тоҷикӣ дар садаи XIII сухан гуфтан ҷои гaп ҳам нест. Илму фарҳанг дар Самарқанд шикасти сахте дид. Аксар шоирону адибон, донишмандону мутафаккирон ба Туркия, Арабистону Ҳиндустон муҳоҷират намуданд.

Дар аҳди Темуриён (охири асри XIV ва асри XV) Самарқанд аз нав ба зеботарин ва ободтарин шаҳрҳои Шарқ ва бузургтарин маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Вароруд табдил ёфт. Дар шаҳр корхонаҳои ҳунармандӣ, дӯконҳои савдо, тимҳо, чойхонаву ошхонаҳо, корвонсаройҳо, устохонаҳои яроқсозӣ, зарробхона ва маҳбас бунёд гардиданд. Саноеи нафиса, минётура, меъморӣ, кошинкорӣ, наққошӣ, кандакорӣ, маснуоти филиззӣ, саҳҳофӣ, лаввоҳӣ, истеҳсоли коғаз дар зинаи нави сифатӣ тараққӣ кард. Махсусан коғази самарқандӣ дар кишварҳои дуру наздик шуҳрат дошт. Илмҳои риёзиёт, нуҷум, ҳайат, ҳандаса, тиб пеш рафтанд. Бояд гуфт, ки охирин зичи нуҷумии муътабар маҳз дар Самарқанд эҷод шудааст. Ғайр аз ин асари таърихии Муҳаммад Абдураззоқи Самарқандӣ «Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул — баҳрайн» дар ҳамин давра ба забони форсии тоҷикӣ иншо шуд, ки воқеаҳои таърихии солҳои 1304 — 1469-ро фаро мегирад. Давлатшоҳи Самарқандӣ тазкираи машҳури худ «Тазкират-уш-шуаро»-ро эҷод кард. Муҳаққиқони барҷастаи форсу тоҷик Қозизодаи Румӣ, Хоҷаи Хурд, Содиқ, Мавлонои Хофӣ, Алоудавлаи Самарқандӣ, Ғиёсуддини Ҷамшид, Муини Кошонӣ, Салоҳуддини Мӯсавӣ, Алоуддини Қӯшчӣ ва чанде дигар дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Классикони барҷастаи адабиёти форсии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиӣ низ дар Самарқанд таҳсил ва такмили илм намудаанд. Ба ин маънӣ Самарқанд дар охири садаи XIV ва садаи XV аз марказҳои асосии илму фарҳанг ва забону адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор рафтааст. Дар бораи расадхонаи Улуғбек, манзараву фарҳангу ҳунармандони Самарқанд ва таърихи забти шаҳр аз ҷониби лашкари Шайбонихон дар соли 1501 Заҳируддини Муҳаммад Бобур дар асараш Бобурнома маълумоти нодир овардааст.[3] Дар садаи XVI шайбониёни Ӯзбек ба Вароруд ҳуҷум намуданд. Дар натиҷаи ғоратгарию тохтутозҳои қабилаҳои кӯчии ӯзбек шаҳру вилоятҳо хароб гашта, ғаллаву чорвои мардум ба яғмо рафт. Гуруснагии гушношуниде рух дод ва аҳолии бисёре аз гуруснагӣ талаф ёфтанд. Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ, ки дар Самарқанд сукунат дошт ва шоҳиди бевоситаи бедодгарӣ ва гуруснагӣ буд, дар ин хусус пораеро иқтибос меоварад: «Дар ин сол (яъне соли 1512 мелодӣ) дар Самарқанд қаҳтӣ ва гаронӣ ба дараҷае расид, ки халоиқ, ба ҷуз қурси моҳу офтоб, ки дар дастархони фалак буд, дар дигар ҷой сурати нонро намедиданд ва гуруснагони фақир шабҳо ба ҷои хӯшаи гандум дар хаёли худ аз хирмани Парвин хӯша мечиданд». Восифӣ дар як шеъраш низ ин қаҳтӣ ва гуруснагиро тасвир карда, ба мардуми одӣ ҳамдардӣ баён намуда, нисбат ба сарватмандони ҳарису хабис бо нафрату кароҳат сухан рондааст:

«

Гандум зи ҳар кӣ кас талабад, орд мекунад,

Аз зарби мушт рустаи дандони вай тамом.
»

Садаи XVII низ асри тираву тор, асри инқирози илму адаб маҳсуб мешавад. Солҳои 1667—1687, яъне дар тӯли 20 сол зулму тааддии хон дар Самарқанд харобӣ ва қаҳтии даҳшатангезе рух дод ва ин қиматӣ, қаҳтӣ ба музофоту шаҳрҳои гирду атроф низ сироят намуд. Сайидои Насафӣ дар ин хусус мегӯяд:

«

Лаболаб шуд аз мурда бозору кӯй,

Ҷаҳон пок гардид аз мурдашӯй.
Бухоро тали Хоҷа Исҳоқ шуд,
Самарқанд як кӯчаи қоқ шуд.
Сайидои Насафӣ
»

Фоҷеаи мардуми Самарқанд дар тазкираи Малеҳои Самарқандӣ ин тавр тасвир шудааст: «Аз таърихи 1082 усрат (сахтӣ) ва тороҷ ва яғмое, ки дар Самарқанд воқеъ шуд, хусусан баъд аз мутасарриф шудани Анушахони Урганҷӣ Самарқандро ободияш ба вайронӣ, маъмурияш ба харобӣ мубаддал ва муқимонаш ҷилои ватан гардиданд, мусофират ихтиёр карданд ва асари бемурруватӣ ва беилтифотии Хоқони мансур (бо нусрат) Субҳонқулихон ба иттиҳоми он ки мурдуми Самарқанд Анушахонро бе ҷангу ҷидол ба Самарқанд дохил кардаанд, ҳукм ба қатли мардуми ӯ фармудаанд ва тоифае аз мардуми юзро гузошта аз паи ҷурме ҷурмонаҳо аз мардуми Самарқанд гирифтанд».[4] Бо ин ҳама тороҷгарӣ, ҷангу ҷидолҳо, ки боиси гуруснагиву қиматӣ ва қаҳтӣ мегардид, раванди иқтисодӣ ва маданию фарҳангии мардуми Самарқанд ба тамом қатъ нагашт. Маҳз маҳсули дасти эъҷозофарини ҳунармандони шаҳр буд, ки маҳсулоташон дар аксар музофотҳои Вароруд ва берун аз он дар мамолики Шарқ паҳн мешуданд. Самарқанд то нимаи садаи XIX дуюмин ва бузургтарин маркази ҳунармандию тиҷоратӣ дар аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дар қиёси садаи XV илму фарҳанг ва адабиёт дар садаҳои XVI—XVII нисбатан сусттар бошад ҳам, ба ҳар ҳол як дараҷа пешрафт эҳсос мешавад. Дар ин асрҳо мунаҷҷимон Маҳмуд ибни Муҳаммад, Наҷмуддини Бирҷандӣ, Мирим Ҷалабӣ, табиб ва шоир Боқии Ҷарроҳ, Малеҳои шоир ва тазкиранавис, Муҳаммад Дарвеш, Дӯстӣ, Кафшӣ, Мавлоно Саъдуллоҳ Шоҳӣ, шоирон Афгор, Имтиҳон, Мулло Бақои Тамошо, Мулло Самеӣ, Мулҳам, Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ, Мумтоз, Махмур, таърихнигор Саид Роқим ва дигарон дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар ин давра санъати хаттотӣ ва минётура низ инкишоф ёфтааст. Бо вуҷуди ин мухоҷирати адибону донишмандони Самарқанд аз садаи XVI ба мамолики мухталиф шурӯъ шуд. Ба таъкиди муаллифи «Хизонаи омира» Ғуломалии Озод, бештар дар садаи XVII адибон, аз қабили Завқӣ, Турдӣ, Обидхон Мавлоно Дӯстӣ ва даҳҳо дигарон ба Ҳиндустон ҳиҷрат кардаанд. Маҳсули ҳамин равобит буд, ки дар шеъри шоирони Варорӯд сабки ҳиндӣ таъсир кард ва нақши амиқ гузошт.[5]

Ф. Беневини дар бораи Самарқанд нигоштааст:

«Самарқанд низ шаҳри бузург аст, вале ҳоло ними он холӣ буда, бо тохтутози ӯзбекҳо вайрон шудааст». Бумиёни тоҷик, ки аз дасти ӯзбек ба дод омада буданд, фарёдрасе надоштанд. Беневини боз мегӯяд: «тоҷик ва ҳирӣ (ҳиротӣ) пайваста ба Худо илтиҷо дорад, ки ӯро аз юғи тоқатнопазири ӯзбек раҳоӣ бахшад». Бинобар ин тоҷикон ягона роҳи халосиро аз зулму ситам дар ҷилои ватан медиданд. Аҳволи шаҳри Бухоро низ аз ин беҳтар набуд. Дар тӯли се соле, ки Ф. Беневини дар Бухоро буд, «аз ин шаҳр бештар аз чаҳор ҳазор кас ба Ҳинд муҳоҷират кардааст»

. Чунин буд аҳволи Вароруд дар чоряки аввали садаи XVIII.[5] Устод М. Шакурӣ оид ба вазъи фоҷеабори он замон андеша ронда, аз ҷумла навиштааст:

'"Ба замми ҳамаи инҳо биёбонгардҳо дар садаи XVIII ҳар тирамоҳ дар айни ҷамъоварии ҳосил чун мӯру малах омада, ҳама ҳосилро ба ғорат мебурданд ва нобуд мекарданд. Ин турктозии тирамоҳӣ боре ҳафт сол пайваста давом ёфт ва ба як ривоят, боре идомаи он бист сол буд. Яъне бист сл ҳар тирамоҳ омада, ҳосилро мебурданд! Хунрезӣ, қаҳтиву гуруснагии тӯлонӣ рӯй дод. Мардуми. бумӣ, яъне тоҷикон ҳазор-ҳазор талаф шуданд ва рӯй ба гурез ниҳоданд. Дар охири қарни XVIII дар Бухоро ду гузар одам монд. Дар Самарқанд касе намонд. Мадрасаҳои Регистони Самарқанд шағолхона шуданд. Дар бораи соли 1148 қамарӣ, яъне 1735 мелодӣ гуфтаанд: «Ба соли ҳазору саду чиҳлу ҳашт Самарқанд гардид монанди дашт»

Устод Айнӣ низ дар «Таърихи амирони Манғитияи Бухоро» дар бораи воқеаҳои соли 1800 ишорае дорад: «Самарқанд дер боз хароб шуда, ба ҷуз се-чор хонавори шаҳрдарун ҷунбандае ва иморате дар он ҷо намонда буд».[6] Маълум мешавад, ки Самарқанд аз соли 1735 то 1880, яъне дар тӯли 65 сол ба худ наомада будааст. Минбаъд Самарқанд аз нав, ба таъбири М. Шакурӣ, ҷон тирифт, вале Марву Балх ба тамом аз байн рафтанд ва танҳо харобаҳои ин ду шаҳр боқӣ мондаасту бас. Табиист, ки дар ин давраи тираву тор касбу ҳунар, илму фарҳангу адаб дар Самарқанд аз инкишоф бозмонд. Ба гуфти Тӯрақул Зеҳнӣ, дар ин аҳд шоирони соҳибдевон кам низ гузаштаанд.

Remove ads

Дар тасарруфи Русия

2 майи соли 1868 Русияи шоҳӣ шаҳри Самарқандро ба тасарруфи худ даровард. Табиист, ки ба ҳайати Русия дохил шудани Вароруд баъзе паҳлуҳои мусбат ҳам дошт. Аввалан, низоъу ҷангҳои байниқабилавие, ки аз он мардуми бумию заҳматкаш осеб медиданд, барҳам хӯрд. Сониян, дар шаҳру музофотҳое, ки дар тасарруфи русҳо қарор доштанд, ғуломдорӣ ва хариду фурӯши ғуломон қатъиян манъ карда шуд. Ва ҳол он ки дар аморати Бухоро ин амали нангин идома дошт. Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Самарқанд косибӣ, ҳунармандӣ, бофандагӣ хеле ривоҷ ёфт. Дар охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар Самарқанд заводҳои пахта, пилла, чарм, шаробкашӣ ба кор шурӯъ карданд. Аз ҷониби Красноводск соли 1888 ба Самарқанд роҳи оҳан кашида шуд. Симои шаҳр низ тадриҷан тағйир меёфт. Дар ҷануби ғарбии он шаҳри нави ҳозиразамон, хиёбонҳои васеву рост, иморатҳои сохти аврупойӣ бунёд ёфтанд. Соли 1870 аввалин шифохона беморонро қабул кард. Дар шаҳр чандин литсейю, мактаб, китобхона (соли 1870), музеи таърих (соли 1874), барои занону кӯдакон беморхонаи махсус (соли 1885) кушода шуд. Дар муҳити адабӣ Сипандӣ, Ҳодӣ, Фикрӣ, Писандӣ, Туғрал, Ҷуръат, Саидаҳмади Васлӣ, Муҳаммад Абдураҳим ва дигарон фаъолият доштанд. Соли 1904 дар Самарқанд нахустин рӯзномаи сотсиал-демократҳо бо унвони «Самарқанд» таъсис ёфт. Бо ин ҳама тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ, маданию фарҳангӣ Самарқанд ба ҳар ҳол мустамликаи Русия буд. Сохтори шоҳии Русия заҳматкашонро пайваста дар шиканҷа нигоҳ медошт. Зеро Русия дар Варорӯд тартиботи мустамликавиро ҷорӣ менамуд. Бинобар ин мардуми бумӣ зулму тааддии дуҷонибаи истисморгарон — ҳам маҳаллӣ ва ҳам русро мекашиданд. Варорӯд ба манбаи моли хом табдил ёфт. Корбарӣ дар маҳкамаҳо мисли пешин аз рӯи шариат идома дошт. Хурдтарин эътирози мардум бераҳмона пахш карда мешуд. Дар Самарқанд аз рӯзҳои аввали истилои Русия алайҳи аҷнабиён шӯру ошӯбҳои халқӣ рух медод. Вале исёну ошӯбҳо махсусан дар солҳои инқилоби якуми рус (соли 1905) ва мардикоргирӣ барои корҳои ақибгоҳи Ҷанги якуми ҷаҳон авҷ гирифт: коргарон, косибон, ҳунармандони шаҳр ва ноҳияҳои гирду атрофи он корпартоӣ мекарданд, ба намоишҳои оммавӣ мебаромаданд. Дар айни авҷи шӯришу ошӯбҳо гумоштаи сиёсии Русияи шоҳӣ ба губернатори ҳарбии вилояти Сирдарё 27 июли соли 1906 навишта буд: «Мувофиқи баъзе овозаҳое, ки то ба мо расид, сартҳои Самарқанду Фарғонаву Тошкент аз Бухоро таппончаву милтиқ харида гирифта мерафтаанд. Дар Самарқанд ҳавлие набудааст, ки милтиқу таппонча надошта бошад».[7] Б.Ғафуров оид ба аҳволи вазнин ва тоқатфарсои мардикорон ва коргарони мавсимии заводу фабрикаҳои Самарқанду Фарғона ва сохтмони роҳи оҳан, ки корҳои вазнин бар дӯшашон буд, сухан ронда, як рубоии машҳури халқиро аз силсилаи шеърҳои ғарибӣ меоварад, ки ҳолати рӯҳонии тоҷиконро хеле муассир ва ба дарду алам баён месозад:

«

Дар ғарибӣ гашта-гашта, ранги зард овардаам,

Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам.
Ранги зардамро бубину аз хазонам ёд кун!
Дар сари қабрам нишину як даме фарёд кун! [8]
»

Ин буд аҳволи тоҷикони Самарқанд баъди тасарруфи Русия ва дар арафаи инқилоби болшевикӣ ва «инқилоби» Бухоро. Ҳамин тариқа, аз даврони қадим дар тӯли таърих мардуми Самарқанд чандин бор ҷилои ватан карда, дар аксои олам паҳну парешон шудаанд, ки имрӯз ҳам аҷдоди онҳоро дар тамоми мамолики дунё вохоҳем хӯрд. Бо вуҷуди ин Самарқанд дар ҳар давру замон муҳимтарин маркази илму фарҳанг ва забону адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор рафтааст. Олими машҳури Эрон Сайид Нафисӣ дар ин хусус дар мақолаи «Сарзамини поки ниёконам» навиштааст: «Шуарои Туркистон маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шаҳрҳои бузург ва ободи ин ноҳия, ки аз қадимтарин шаҳрҳои Эрон шумурда мешаванд, мисли Самарқанд ва Бухоро ва Балх ва ғайра то замоне, ки авлоди Тимур салтанат кардааст, ҳамеша дорулмуаллими Эрон буданд. Ҳанӯз бадеътарин ва зеботарин шоҳкориҳои меъморон ва кошисозони Эронро дар Бухоро ва Балху Самарқанд метавон ёфт. Бузургони Эрон ағлаб аз ин сарзамин бархостаанд. Ҳар китоби форсиро, ки мехонем, ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёгон меандозад, чӣ қадар падарони мо дар он ҷо мадфун шудаанд! То авосити қарни дувоздаҳум сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад. Орзуи ман он аст, ки ин сарзамини поки ниёгони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш ин забони ширини порсиро аз даҳони самарқандиёну бухороиён бишунавам».[9]

Remove ads

Замони муосир

Самарқанд — пойтахти Ӯзбекистон (1925-1930)

Пас аз Инқилоби Октябр шаҳр ба хайати ҶМШС Туркистон дохил шуд. Солҳои 1925-1930 Самарқанд пойтахти ҶШС Ӯзбекистон буд ва ҳукумати Ӯзбекистон таҳти сарварии Файзулло Хоҷаев дар он ҷо қарор дошт. Дар ин давра беморхона ва бинои асосии университет аз руи лоиҳаҳои меъморони олмонӣ сохта шуданд. Муаллимони донишкадаҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ба университети Самарқанд бо роҳи конкурси умумииттифоқӣ қабул карда мешуданд. Соли 1927 дар Самарқанд Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон - аввалин муассисаи олии дунявӣ таъсис дода шуд, ки соли 1930 ба Академияи давлатии омӯзгории Ӯзбекистон, соли 1933 ба Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон ва соли 1961 Донишгоҳи давлатии Самарқанд номида шуд, ки ба он номи шоири бузурги Осиёи Марказӣ Алишер Навоӣ дода шуд.

Соли 1930 Самарқанд мақоми пойтахташро аз даст дод ва танҳо маркази вилояти Самарқанд боқӣ монд ва шаҳри Тошканд пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид. Самарқанд аз 15 январи соли 1938 маркази вилояти Самарқанд аст.

Самарқанд солҳои 1946—1991

Дар солҳои баъди ҷангӣ дар шаҳр фабрикаю корхонаҳои нав сохта шуданд, ки ба туфайли онҳо Самарқанд ба яке аз марказҳои калони иктисодии Осиёи Миёна табдил ёфт. Осорхонаи ёдбуди Садриддин Айнӣ тибқи қарори ҳукумати аз 16 июни соли 1964 19 майи соли 1967 таъсис ёфта, дар маросими ифтитоҳи осорхонаи ёдбуди Садриддин Айнӣ роҳбарони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва аҳли ҷомеаи Самарқанд ширкат доштанд.

[[]]Бо ташаббуси академики Академиям илмҳои Узбекистон И..Муъминов ва бо дастгирии Шароф Рашидов, соли 1970 2500-солагии Самарқанд васеъ ҷашн гирифта шуд.Ба ин муносибат муҷассамаи Мирзо Улуғбек кушода шуда, Осорхонаи таърихи Самарқанд таъсис дода шуда, китоби «Таърихи Самарқанд» (2 ҷилд) омода ва нашр шуд.

Соли 1991 дар Узбекистон аввалин бор телевизиони ғайридавлатии Самарқанд таъсис ёфт. Ташаббускори лоиҳа ва пешвои ҳамфикрон сокини Самарқанд Фирдавс Абдухолиқов буд.

Remove ads

Аҳолӣ

More information Сол, (ҳазор нафар) ...

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ

Масоҳати умумии ҳудуди аз ҷиҳати маъмурӣ тобеи шаҳри Самарқанд 120 км² аст. Ҳудуди тобеи шаҳри Самарқанд ба 219 маҳалла тақсим шудааст [10] .

Ба он худи шахри Самарканд, инчунин се шаҳрак дохил мешаванд: Кимёгарлар (дар ғарби шаҳр дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Пастдарғом ), Фарҳод (дар шимолу шарқи шаҳр дар ҳамсоягии ҳудуди асосии он) ва Хишрав (дар ҷануби ғарби шаҳр дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Самарқанд ).

Ҳудуди шаҳр бо ҳудуди вилояти Самарқанд иҳота шудааст, ки худи шаҳр ба он дохил нест, балки мақоми шаҳри тобеи вилоят ва маркази маъмурии вилояти Самарқандро дорад.

Ҳоло шаҳри Самарканд ба ноҳияҳои маъмурӣ тақсим карда нашудааст.

Шаҳр бори аввал 10 феврали соли 1939, вақте ки ҳудуди Самарқанд ба се ноҳия: Эронӣ, Роҳи оҳан ва Сиёб ба воҳидҳои маъмурӣ тақсим карда шуд. Дере нагузашта ноҳияи Эронӣ номи Боғи-Шамолро гирифт. Ноҳияҳои шаҳр Боғи-Шамол — дар қисми марказии шаҳр, Роҳи оҳан — кисми ғарбӣ ва Сиёб — қисми шарқиро ишғол мекард, ки дар он ҷо — маркази таърихии Самарқанд вокеъ аст.

Дар солҳои 50-ум ҳамаи ноҳияҳои шаҳр барҳам дода шуданд. Соли 1976 Боғи-Шамол ( ӯзбекӣ: Боғишамол тумани/Bog'ishamol tumani ), Роҳи оҳан ( ӯзбекӣ: Железнодорожный тумани/Jeleznodorojniy tumani ) ва Сиёб ( ӯзбекӣ: Сиёб тумани/Siyob tumani) аз нав барқарор карда шудаанд .

Дар солҳои 90-ум ноҳияи Роҳи оҳан ( ӯзбекӣ: Железнодорожный тумани/Jeleznodorojniy tumani ) ба ноҳияи Темирйул ( ӯзбекӣ: Темирйўл тумани/Temiryo'l tumani ). 1 январи соли 2004 ҳамаи 3 ноҳияи шаҳр дубора барҳам дода шуданд [11] .

Соли 2021 президенти Ӯзбекистон изҳор дошт, ки дар Самарқанд панҷ ноҳияи маъмурӣ — Суғдиён Сиёб, Боғи Шамол, Мароқанд ва Қорасув марҳила ба марҳила таъсис дода мешаванд; дар марҳилаи аввал таъсиси ду-се ноҳия ба нақша гирифта шудаастт [12] .

Thumb
Бинои ҳукумати вилояти Самарқанд
Thumb
кучаҳои Самарқанд
Thumb
фавораҳои Самарқанд
Thumb
хиёбони назди мақбараи Биби Хонум
Thumb
фавораҳои Самарқанд

Иқтисод

Thumb
Бозори Сиёб
Thumb
Хунармандӣ дар Самарқанд

Дар шаҳр корхонаи автомобилсозии Самарқанд «СамАвто» ҷойгир аст, ки автобусҳо ва мошинҳои боркаши тамғаи Isuzu истеҳсол мекунад; заводи автомобильсозии «MAN Auto-Uzbekistan», ки мошинҳои боркаши тамғаи «MAN», таҷҳизоти махсус ва притсепҳо истеҳсол мекунад.

Ифтитоҳи корхонаи автомобилии «Land Rover Uzbekistan» барои истеҳсоли автомашинаҳои тамғаи Шаблон:Land Rover дар назар аст.

Саноати сабук, сохтмон, кимиё, нафту кимиё, кимиёю фарматсевтика ва озуқаворӣ низ тараққӣ кардааст.

Дар ин ҷо заводҳои таҷҳизоти электронӣ, истеҳсоли резисторҳо ва схемаҳои интегралӣ, инчунин асбобҳои электронии рӯзгор кор мекунанд.

Заводи лифтсозии Самарқанд кор мекунад; заводи корхонаи «Sino», ки яхдонҳои рӯзгор мебарорад; фабрикаи тамокуи «UzBat» оид ба коркард ва бастабандии тамоку; комбинати чойи Самарқанд оид ба коркард ва бастабандии махсулоти чой; заводи шароббарории Самарқанд, ки на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Осиёи Миёна яке аз кӯҳнатарин ва калонтарин заводҳои шароб мебошад; заводи спирти Самарқанд; корхонаи «AgroBravo», ки маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунад; комбинати бофандагии Самарқанд ва дигар корхонаю заводҳо маҳсулот истеҳсол мекунаннд.

Дар Самарқанд инчунин корхонаҳои зиёди хусусии соҳибкории хурд фаъолият мекунанд. Аз руи ҷамъбасти моҳҳои январ—декабри соли 2014 ба маблағи 1974,3 миллиард сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст [13] .

Remove ads

Нақлиёт

Thumb
Фурудгоҳи Самарқанд

Дар қисми шимолии шаҳр фурудгоҳи байналмилалии «Самарқанд» ҷойгир аст, ки яке аз калонтарин фурудгоҳҳои Ӯзбекистон мебошад.

Фурудгоҳи Самарқанд бо роҳи ҳавоӣ бо бузургтарин фурудгоҳи Ӯзбекистон - Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов ва инчунин бо дигар фурудгоҳҳои минтақавии кишвар пайваст аст.

Дар байни шаҳрҳои хориҷӣ фурудгоҳи Самарқанд бо фурудгоҳҳои Русия пайваст аст, аз ҷумла (ба ҳолати январи соли 2019) бо Маскав ( Внуково, Домодедово, Шереметево ), Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Қазон робитаҳои ҳавоӣ вуҷуд доштанд.

Дар давраи аз соли 2019 то 2022 бинои терминали фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд таҷдид карда шуд ва ба он шакли китоби кушода дода шуд, ки рамзи асари асосии олим Мирзо Улуғбек «Зижи жадиди Курагоний» (Ҷадвали нави астрономии Курагонӣ) мебошад, ки пас аз он фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд ба рейтинги даҳ терминали беҳтарини ҳавоӣ дар Осиеи Миёна дохил шуд. Олигархи Самарқанд Бахтиёр Фазилов дар таҷдиди фурудгоҳ нақши калон бозид. [14] .

Нақлиёти роҳи оҳан

мини|Вокзали роҳи оҳани Самарқанд

Thumb
Поезди барқии баландсуръати Афросиёб

Наклиёти рохи охан дар соли 1888 дар натиҷаи дар солҳои 1880—1891 аз тарафи ҷузъу томҳои роҳи оҳанзони Имперотурии Русия дар Туркманистони ҳозира ва маркази Ӯзбекистон сохта шудани рохи охани Закаспий ба Самарканд расид.

Роҳи оҳан аз шаҳри Красноводск (холо Туркманбоши) дар соҳили баҳри Каспий огоз ёфта, дар Самарканд ба охир мерасад. Махз истгоҳи Самарканд истгоҳи охирини роҳи оҳани Транскаспий буд. Аввалин истгоҳи Самарқанд моҳи майи соли 1888 кушода шуд [15] .

Минбаъд, баъди соли 1888 сохтмони рохи охани Самарканд — Андичон оғоз ёфт, ки соли 1899 ба истифода даромад: Урсатевская — Черняево — Андиҷон (346 верст) ва Серово — Горчаково — Федченко — Зеленск — Андиҷон (240 верст).

Баъдтар, ба далели бунёди роҳи оҳан дар дигар минтақаҳои Осиёи Миёна, роҳи оҳани Транскаспий ва роҳи оҳани Самарқанд-Андиҷон, пас аз якҷоя шудан, чунин ном гирифтанд: Роҳи оҳани Осиёи Миёна .

Дар солхои Хокимияти Шӯравӣ ба истгоҳи Самарқанд ягон хатти нав пайваст карда нашудааст, вале дар айни замон вай дар ҶШС Ӯзбекистон ва Осиёи Миёнаи шӯравӣ яке аз калонтарин ва мухимтарин истгоҳҳо буд.

Дар солҳои 2000-ум аз истгоҳи Самарқанд ба самти Тошканд қатораи тамғаи мусофирбар бо номи « Регистон » барои истифода супорида шуд, ки суръати максималиаш - 160 км/соат буд.

Соли 2011 аввалин роҳи оҳани баландсуръат дар Осиёи Марказӣ бо қаторҳои <a href="https://ru.wikipedia.org/wiki/Afrosiyob" rel="mw:ExtLink" title="Afrosiyob" class="cx-link" data-linkid="1261">Afrosiyob</a> (модификатсияи <a href="https://ru.wikipedia.org/wiki/Talgo_250" rel="mw:ExtLink" title="Talgo 250" class="cx-link" data-linkid="1262">Е<i>algo</i></a> ), ки суръати максималии он 250 км/соат мебошад, кушода шуд.

Моҳи сентябри соли 2015 ин роҳи оҳани баландсуръат то шаҳри Қарши ва як шохаи дигар ба Бухоро дароз карда шуд.

Аз вокзали Самарқанд на танҳо роҳи оҳани дохилӣ, балки роҳи оҳани байналмилалӣ низ мегузарад.

Хатсайрҳои муҳимтарини дохилӣ: Тошканд — Самарқанд, Хива —Андиҷон, Бухоро— Андиҷон, Термез —Андиҷон, Қарши— Самарқанд, Бухоро —Самарқанд, Тошканд — Ургенч, Тошканд — Сариосиё, Тошканд — Бухоро, Тошканд —Алат, Тошканд —Термез, Тошканд —Кунғурот.

Дар байни хатсайрҳои байналмилалӣ инҳоянд: Волгоград ( Русия ) – Тошканд, Саратов ( Русия ) – Тошкент, Алмаато ( Қазоқистон ) – Нукус . Вокзали роҳи охан дар қисми шимолу 0арбии Самарканд вокеъ аст.

Thumb
Яке аз кучаҳои Самарқанд.

Нақлиёти ҷамъиятии шаҳр

Аз ноябри соли 1924 то соли 1930 дар Самарканд трамвайи буғӣ кор мекард. Моҳи майи соли 1947 дар шаҳр трамвайи Самарқанд ба кор даромад, ки то моҳи августи соли 1973 кор мекард.

Дар соли 2016 тасмим гирифта шуд, ки истифодаи трамвайро барқарор кунанд. Хати 1-ум 15 апрели соли 2017, хати 2-ум 21 марти соли 2018 кушода шуд.

Аз соли 1957 дар Самарқанд низ нақлиёти троллейбус мавҷуд буд, ки то соли 2005 кор мекард.

Дар ҳоли ҳозир дар Самарқанд аз нақлиети ҷамъиятӣ автобусҳои дар Заводи автомобилсозии Самарқанд истеҳсолшуда, таксиҳои хатсайри Газел -322132 ва диг. ҳаракат мекунанд.

Инчунин хадамоти таксиҳои давлатӣ ва хусусӣ (асосан тамғаҳо ва моделҳои Daewoo Nexia, Daewoo Gentra, Daewoo Matiz, Chevrolet Lacetti, Chevrolet Cobalt, Chevrolet Epica) фаъолият мекунанд. Ранги таксиҳои Самарқанд зард аст.

Remove ads

Маориф

Самарқанд яке аз калонтарин марказҳои таълимии Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Соли 1994 дар шаҳр яке аз калонтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ – Донишкадаи давлатии забонҳои Самарқанд ба фаъолият даромад.

То соли 2015 дар шаҳр 59 мактаби миёна, зиёда аз 20 коллеҷу литсейҳо фаъолият доштанд [16] . Дар шаҳр инчунин бисёр муассисаҳои таҳсилоти олӣ мавҷуданд.

Муассисаҳои таҳсилоти олӣ

Самарқанд макони бузургтарин Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар вилояти Самарқанд ва 2-умин донишгоҳи калонтарин (пас аз Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дар Тошканд ) дар ҷумҳурӣ аст, ки соли 1927 бо номи Донишкадаи омӯзгории Ӯзбакистон таъсис ёфтааст. Соли 1930 ба Академияи давлатии омӯзгории Ӯзбекистон, соли 1933 ба Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон ва соли 1961 ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд табдил дода шуд, ки ба номи бузургтарин шоир, файласуф ва арбоби давлатии Осиёи МиёнаАлишер Навоӣ дода шуд. Баъдтар ба донишгоҳ номи арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Шароф Рашидов дода шуд [17] .

Донишгоҳ дорои 10 факултет: табиатшиносӣ (шуъбаҳои биологӣ, кимёвӣ ва ҷуғрофӣ), таърих, механика ва математика, педагогика, таҳсилоти касбӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, физика, тарбияи ҷисмонӣ, филология ва филологияи ӯзбек (шуъбаҳои филологияи тоҷикӣ ва русӣ) мебошад.

Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар шаҳр дигар муассисаҳои таҳсилоти олии дорои миқёси Осиёи Миёнаи Шӯравӣ низ таъсис ёфтанд: Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд – яке аз калонтарин донишгоҳҳои тиббии Ӯзбекистон, Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд, филиали Донишгоҳи иттилоотии Тошканд, Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии меъморӣ-сохтмонии Самарқанд, Донишкадаи кишоварзии Самарқанд, Омӯзишгоҳи олии ҳарбии автомобилӣ-муҳандисӣ ва ғайра.

Ёдгориҳои таърихии Самарқанд

Самарқанд ёдгориҳои бои таърихии 3 ҳазорсола дорад ва аксарияташон дар давраи сулолаи Темуриён сохта шудаанд. Самарқанди бостонӣ аз қади­мулайём бо меъмориҳои таърихиаш дар ҷаҳон маълуму машҳур аст. Имрӯз дар вилоят 31 осорхона ва 64 зиёратгоҳ мавҷуд буда, дар соли 2014 қариб 5 миллион нафар аҳолии мампакат ва бештар аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ин ҷойҳоро тамошо карданд.[18]

Дар Самарқанд ёдгориҳои бостонии қадимие, мавҷуданд, ки монанди ёдгориҳои бостонии Мисри қадим, Хитой, Ҳиндустон,Юнони қадим ва Рим машҳур ҳастанд.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ

Thumb
Майдони Регистон
Thumb
Мадрасаи Шердор

Соҳаи муҳими иқтисодиёти Самарқанд сайёҳӣ мебошад. Шаҳр яке аз марказҳои сайёҳии Ӯзбекистон аст. Даромаде молие, ки аз туризм ба даст меояд, дар иқтисодиёти шаҳр мавқеи назаррас дорад.

Аз сайеҳони хориҷӣ ба шаҳри Самарқанд, ҳамчунин Ӯзбекистон дар маҷмӯъ, асосан меҳмонон аз Испания, Италия, Фаронса, Бритониё, Олмон, Белгия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз Русия ва дигар кишварҳои ИДМ ; Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Туркия ташриф меоранд.

Роҳи абрешими Самарқанд («Шаҳри абадӣ»)

Роҳи абрешими Самарқанд як Маҷмааи муосири ҷозибаҳои гардишгарӣ аст, ки дар аввали соли 2022 дар қисми шарқии Самарқанд кушода шуд. Маҷмаа 260 гектарро ишғол мекунад ва дорои меҳмонхонаҳои тиҷорӣ ва тиббӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, тарабхонаҳо, иншооти ҷозибаҳои фароғатӣ, майдончаҳои боғ, гӯшаи мардумшисӣ ва толори бузурги конгресс барои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ мебошад. [19]

«Шаҳри абадӣ» дар маҷмааи Роҳи абрешими Самарқанд ҷойгир аст. Ин мавзеъ, ки 17 гектарро ишғол мекунад, рӯҳияи шаҳри бостонии бо таърих ва анъанаҳои сарзамини узбек ва мардуми ӯзбек ҳифзшударо барои меҳмонони Роҳи абрешими Самарқанд ба таври дақиқ эҳё мекунад. Дар кӯчаҳои танги ин ҷо мағозаҳои сершумори рассомон, дӯконҳои косибон ва ҳунармандон ҷойгиранд. Толори намоишгоҳи «Шаҳри абадӣ» аз кулбаҳои ҳақиқӣ ва майдончаҳои хушманзара, ки дар китобҳои кадим тасвир шудаанд, илҳом гирифтаанд. Дар ин ҷо шумо метавонед ба афсонаи зебои шарқӣ шинос шавед: гумбазҳои фирӯзҷило, мозаика дар қасрҳо ва манораҳои баланде, ки осмонро сӯрох мекунанд бубинед .

Меҳмонони «Шаҳри абадӣ» метавонанд таомҳои миллии давру замонҳои мухталифи кишварро чашида бинанд ва инчунин намоишҳои аслии гузару тангкӯчаҳои қадимаро бубинанд. «Шаҳри абадӣ» омезиши беназири фарҳангҳои портӣ, эллинӣ ва исломиро намоиш медиҳад, то меҳмонон мероси гуногунҷанбаи асрҳои гузаштаро бо шукӯҳи комил тасаввур кунанд. Лоиҳа аз ҷониби Бобур Исмоилов, рассоми маъруфи муосир таҳия шудааст. [20]


Фарҳанги тоҷикӣ

Нахустин шеърҳои поягузори адабиёти форс-тоҷик, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Самарқанд офарида шудаанд. Олимон то имрӯз рӯйи ҳунари шеъргӯии ӯ дар гӯшаҳои мухталифи дунё кор мебаранд. Ёдгориҳои меъмории ин шаҳри бостониву бӯстонӣ, махсусан қисмати Регистони он, беҳтарин намунаҳои ҳунари шаҳрсозии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин ҷо се мадраса — Улуғбек (солҳои 1417—1420), Шердор (1619—1636), Тилокорӣ (1647—1660) ва манораҳои пурнақшу нигор қомат афрохтаанд. Дасти Регистон пеши назари оламиён таърихи чандҳазорсоларо сафҳагардонӣ мекунад. Таассуф, ки на ҳама саҳифаҳои ин китоби бузург то ба мо хоно расидаанд.

Ҳамаи роҳҳои Самарқанд рӯзгоре ба Регистон пайванди ногусастание доштанд. Аз ҷумла, шаш кӯчаи шаҳр ба «Тоқи телпакфурӯшон», ки дар асри XV бунёд гардидааст, мепайваст. Дар аҳди Амир Темур ва Мирзо Улуғбек Регистон ба майдони асосии тиҷоратӣ табдил ёфт. Имрӯз низ Регистон, ба сифати маркази тиҷорату ҳунармандӣ, аҳамияташро гум накардааст. Бо ташаббуси роҳбари мамлакат, баъди таҷдиду тармим ба ҷойи баргузории Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ва дигар чорабиниҳо табдил дода шудани Регистон, обрӯю эътибори майдон, шаҳри Самарқанд, мусиқии миллӣ ва Ӯзбекистонро дар сартосари олам густариш дод. Ба туфайли Ҷашнвора оламиён дар бораи мамлакати мо, мероси ғании фарҳангӣ, урфу одат ва арзишҳои миллии халқҳои он беш аз пеш ошноӣ пайдо карданд.

Мадрасаи Улуғбек, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани олими бузург бунёд гардидааст, дар қарни XV муассисаи бузурги илмӣ ва таълимии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. Дар ин ҷо, дар баробари илмҳои динӣ, фанҳои дунявӣ, аз қабили математика, астрономия ва фалсафа таълим дода мешуданд. «Афлотуни сонӣ» — Қозизодаи Румӣ дар ин мадраса ба толибилмон аз илми фалакиёт сабақ додааст. Дар ин даргоҳ шоирон ва мутафаккирони бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ таҳсил доштаанд. Дар таърих гоҳо ҳодисаҳои ҳайратангези мантиқӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Дар нимаи дуюми қарни IX милодӣ поягузори адабиёти форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Самарқанд ба Бухоро рафт ва ба шарофати ӯ дар Бухоро доираи адабии муқтадире ташаккул ёфт. Баъди ҳазор сол таърих чунин бори масъулиятро ба дӯши фарзанди Бухоро — поягузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ гузошт. Вақте ин марди фозил аз Бухоро ба Самарқанд омад, ба шарофати ӯ дар нимаи аввали садаи ХХ доираи адабӣ эҳё гардид. Аҳли адабу фарҳанги Самарқанд, дар баробари устод Садриддин Айнӣ, дар ташаккули адабиёт ва мактабу маорифи навини тоҷик саҳми арзанда гузоштанд.

Ҳам акнун аҳли адабу фарҳанги Самарқанд ба рушду таҳкими ҳавзаи ба худ хоси адабиёт ва мактабу маорифи тоҷикони ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд. Адабиёти ҳавза имрӯз, бе эҷодиёти пурбори шоиру нависандагони самарқандӣ: Болта Ортиқзода, Салим Кенҷа, Адаш Истад, Нор Остонзода, Ҳаёт Неъмат, Акбар Пирӯзӣ, Бахтиёр Ҷумъаев, Солеҳ Саидмурод, Нормурод Каримзода, Ӯктами Иброҳим, Зоҳир Ҳасанзода, Ҳазрат Сабоҳӣ, Тошқул Азимов, Маҳбуба Турсунова, Маҳбуба Неъматзода, Асадулло Шукуров, Хоҷа, Шаҳзода Назарзода, Парисо, Дилшоди Фарҳодзод ва дигарон тасаввурнопазир аст. Олимони Самарқанд Холиқ Мирзозода, Раззоқ Ғаффоров, Воҳид Абдулло, Ботур Валихоҷаев, Шавкат Шукуров, Садрӣ Саъдиев, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ, Абдусалом Самадов ва дигарон тӯли даҳсолаҳои зиёд ба равшан намудани паҳлӯҳои ноаёни адабиёт, ташкили кори матбуот ва мактабу маорифи тоҷик бори заҳмат кашидаанд. Хоссатан, мақолаҳои доир ба адабиёти давраи истиқлол ва намояндагони он таълифнамудаи олимони адабиётшинос Садрӣ Саъдиев, Аслиддин Қамарзода, Ҷумъа Ҳамроҳ ва Абдусалом Самадов ба рушди адабиёти тоҷики ҳавза такони нав бахшиданд.

Маҷмӯаҳои дастҷамъии тӯли солҳои гуногун, ба сифати мураттиб, ба хонандагон пешниҳоднамудаи Турақул Зеҳнӣ, Садрӣ Саъдиев — «Суханварони сайқали рӯйи замин» (Душанбе, 1973), Аслиддин Қамарзода- «Гулдастаи Самарқанд» (Душанбе — Тошканд, соли 1989), «Гулшани адаб» (Ширкати саҳҳомии табъу нашри «Шарқ», Тошканд, 2007) ва «Мадҳи Самарқанд» («Муҳаррир», шаҳри Тошканд, с.2013) далели онанд, ки дар ин ҳавза адабиёти тоҷик бо қадамҳои ба худ хос пеш меравад. Бояд ёдрас намуд, ки имрӯз баъзе намояндагони ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон панҷа ба панҷаи суханварони ҳамзабони хориҷии худ зада метавонанд.[18]

Рӯзномаи тоҷикӣ

Дар вилояти Самарқанд нашрияи Овози Самарқанд (рӯзнома) мунтазам нашр мешавад. Дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои пурмӯҳтавои олимони шинохта, чакидаҳои хомаи шоиру нависандагону лавҳаю очеркҳои омӯзгорону шоирони пешқадам ва хабарнигорони ҷамоатии касбу корашон гуногун пайваста чоп мешаванд. Арбобони шоистаи илм Ботурхон Валихоҷаев, Холиқ Мирзозода, Абдураҳим Муқимов, Акбар Адхамов, Абдусалом Саидов эҷодкорони забардаст Болта Ортиқзода ва Ҳамроқули Даврон ҳамкори доимии рӯзнома буданд. Имрӯз ҳам ин анъана давом дорад. Олимони намоён Садрӣ Саъдиев, Аслиддин Қамарзода, Санъат Муҳаммадиев, Хуршед Абдусамиев, Ҷумъа Ҳамроҳ, Ота Аҳроров, Абдусалом Самадов бо мақолаҳои пурдолузарби худ дар байни муштариён маҳбубияти хоса доранд. Нависандаю шоирони шинохта Салим Кенҷа, Адаш Истад, Акбар Пирӯзӣ, Нормурод Каримзода, Худоназари Оқсоӣ, Худойбердӣ Саидзода, Ҳусейн Рашидӣ, Маҳбуба Неъматзода, Маҳбуба Турсунова, Хоҷа (Норхоҷа Чоризода), Парисо бо шеъру ҳикояҳои худ саҳифаҳои адабии рӯзномаро хонданбоб менамоянд.


Шеърҳо дар васфи Самарқанд

«

«Самарқанд сайқали рӯи замин аст,

Ҳавояш фораму хокаш маҳин аст.
Агар хоҳӣ бубинӣ ту биҳиште,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
Ғазал гарчӣ арӯси шеър, аммо,
Самарқанд аз ғазал ҳам нозанин аст.
Ба олам чун Самарқанд офариданд,
Нидои офаридгор: «Офарин!» аст».
«Кам Афросиёб аз қасри Рум нест,
Хуросон бо Самарқанд оҳанин аст.
Хуросон, Балху Марву Рашту Хуҷанд,
Сувайдо бар замин аз худ ҳамин аст.
Ба сӯи Каҳкашон роҳ аз Самарқанд,
Ба арш ӯро чӣ Хуршеди зарин аст.
Ба мисли Оби раҳмат нест обе,
Бубин оби Зарафшон ангубин аст....
»

Нигоришоти таърихӣ

Нигаред низ

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads