Сохтори нерӯҳо

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Сохтори нерӯҳо (форсӣ: ساختار نیروها) сохторе барои созмондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ дар кулл ва ягонҳои размӣ аст, ки дастабандии беҳина аз таркибу шумор, теъдод ва намудҳои ҷангафзору размафзорҳо барои нигаҳдории омодагии размӣ ва тавонмандии онҳо барои ҷангиданро фароҳам месозад[1].

Сохтори нерӯҳо бахше аз созмондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ аст ва дар дастабандии онҳо дар ягонҳои сохтории роҳкунишӣ, амалиётӣ, амалиётӣ-роҳбурдӣ ва роҳбурдӣ бозтоб меёбад, ки зербахшҳо, бахшҳо, ягонҳои роҳкунишӣ ва ягонҳои бузурги шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ, нерӯҳои вижа ва хадамотро дар бар мегирад[2].

Remove ads

Ягонҳои артишӣ

Ягони артишӣ созмоне дар даруни нерӯҳои мусаллаҳ аст. Ҳар ягон метавонад чандини сарбоз, нов, сарбозбар ё ҳавогардро дар бар бигирад. Ҳар се нерӯи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ ба таври пойгонӣ ба ягонҳои гуногуни хурду бузурге бахш шудаанд. Ин ягонбандиҳо ба мудирияти беҳтари коркардӣ, тактикӣ ва идории нерӯҳои мусаллаҳ ёрӣ мерасонад. Ба шеваи тақсими ин ягонҳо дар набардгоҳ ё размоишгоҳ «ороиши низомӣ» мегӯянд.

Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон сохтори нерӯи заминӣ бар дастабандии ягонҳои зер бунёд ёфтааст[2]:

More information тоҷикӣ, русӣ ...


Созмони низомӣ бар силсиламаротиб бунёд аст. Истифода аз дараҷаҳои расмӣ дар як сохтори силсиламаротибӣ дар сипоҳи Ҳахоманишиён умумият пайдо кард. Дар замони кунунӣ кунтрули иҷроӣ, мудирият ва идораи созмонҳои низомӣ маъмулан дар давлат ва аз тариқи яке аз вазоратхонаҳо ба номи Вазорати дифоъ ё Вазорати ҷанг анҷом мешавад. Ин вазоратхона низ он даста аз нерӯҳоеро, ки масъули набард, пуштибонии размӣ ва пуштибонии хадамотии ягонҳо ҳастанд, мудирият мекунад.

Remove ads

Сохтори нерӯҳо

More information Намод, Ягонҳои артишӣ ...
Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads